Яъқуб боби 2

Сарватдорони имон  ворисони  Малакути  Худо.

  1. Эй бародарони ман! Ба Исои Масеҳи Худованди мо, ки Худованди ҷалол аст, бе рўйбинӣ имон дошта бошед.
  2. Зеро, агар ба ҷамъомади шумо касе ангуштарини тилло дар даст ва либоси зебо дар тан биёяд, ва камбағале низ либоси чиркин дар тан биёяд,
  3. Ва шумо ба соҳиби либоси зебо нигоҳ карда, гўед:“Шумо марҳамат фармуда ин ҷо биншинед“, ва ба камбағал гўед:“Ту ин ҷо биист“ ё ки:“Ин ҷо, поини пои ман биншин“,
  4. Оё шумо миёни худатон фарқ нагузоштаед ва оё доварони соҳиби афкори бад нестед?
  5. Гўш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интихоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ў барои дўстдорони Худ ваъда кардааст?
  6. Валекин шумо аз камбағал нафрат кардаед. Оё сарватдорон шуморо ба танг намеоваранд, ва оё онҳо шуморо ба маҳкамаҳо намекашанд?.
  7. Оё онҳо номи некро, ки бар шумост, беобрў намекунанд?
  8. Агар шумо шариати шоҳонаро, бар тибқи Навиштаи:’’Ёри худро мисли худ дўст бидор’’ ба ҷо меоварда бошед, хуб мекунед;
  9. Аммо агар рўйбинӣ мекарда бошед, гуноҳ мекунед, ва шариат шуморо вайронкунанда ҳисоб мекунад.
  10. Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валекин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад.
  11. Зеро Он ки ‘‘зино накун’’ гуфтааст, ‘‘қатл накун’’ ҳам гуфтааст; бинобар ин, агар ту зино накунӣ, вале қатл кунӣ, ба шариат хато кардаӣ.
  12. Ҳамчун касе ки бар тибқи шариати озодӣ доварӣ карда хоҳанд шуд, чунин сухан гўед ва чунин амал кунед,
  13. Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.

Имони  ҳақиқӣ  наметавонад  бе  аъмол  бошад.

  1. Эй бародарони ман, чӣ фоидае ҳаст, агар касе гўяд, ки имон дорад, дар сурате ки амал надорад? Оё чунин имон метавонад ўро наҷот диҳад?
  2. Агар бародаре ё хоҳаре бараҳна буда, ризқу рўзӣ надошта бошад,
  3. Ва касе аз шумо ба онҳо гўяд:“Ба саломатӣ рафта гарм ва сер шавед“, валкин он чи барои ҷасм лозим аст, ба онҳо надиҳад, чӣ фоидае ҳаст?
  4. Ҳамчунин имон низ, агар аъмол надошта бошад, ба худии худ мурда аст.
  5. Балки касе хоҳад гуфт:“Ту имон дорӣ, вале ман аъмол дорам, имони худро бе аъмол ба ман нишон бидеҳ, вале ман ба ту имони худро аз аъмоли худ нишон медиҳам“.
  6. Ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст? Хуб мекунӣ; девҳо низ имон доранд ва меларзанд.
  7. Аммо, эй одами бемағз, оё мехоҳӣ бидонӣ, ки имон бе аъмол мурда аст?

Имон  ба  воситаи  аъмол  ба  камол  мерасад.

  1. Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ бароварда буд, бо аъмоли худ сафед нашуд?
  2. Оё ту мебинӣ, ки имон ба аъмоли ў мадад кард, ва имони ў ба василаи аъмол ба камол расид?
  3. Ва он Навишта иҷро шуд, ки мегўяд:“Иброҳим ба Худо имон овард, в ин барои ў адолат ҳисоб карда шуд, ва ў дўсти Худо номида шуд“.
  4. Оё мебинед, ки одамизот ба василаи аъмол сафед мешавад, на фақат ба василаи имон?
  5. Ба ҳамин тарз Роҳоби фоҳиша низ, ки ҷосусонро қабул карда, бо роҳи дигар фиристода буд, оё ба василаи аъмол сафед нашуд?
  6. Зеро, чунон ки ҷисм бе рўҳ мурда аст, ончунон имон низ бе аъмол мурда аст.

© IBT 1992

Оставьте комментарий