Ваҳй боби 22

Дарьёи  покизаи  Худо  ва  дарахти  ҳаёт.

  1. Ва дарьёи покизаи оби ҳаётро ба ман нишон дид, ки мисли булўр дурахшон буда, аз ҷониби тахти Худо ва Барра ҷорӣ мешуд.
  2. Дар миёни кўчаи шаҳр, дар ҳар ду канори дарьё, дарахти ҳаёт аст, ки дувоздаҳ мева меоварад, яъне ҳар моҳ меваи худро медиҳад; ва баргҳои дарахт барои муолиҷаи халқҳост.
  3. Ва ҳеҷ лаънатшудае дигар нахоҳад буд; ва тахти Худо ва Барра дар вай хоҳад буд, ва бандагони Ў ва Ў хизмат хоҳанд кард,
  4. Ва рўи Ўро хоҳанд дид, ва исми Ў бар пешониҳошон хоҳад буд.
  5. Ва шаб дигар нахоҳад буд, ва онҳо ба чароғ ва рўшноии офтоб эҳтиёҷ нахоҳанд дошт, зеро ки Худованд Худо ба онҳо рўшноӣ мебахшад; ва то абад салтанат хоҳад ронд.

Хотимаи  китоб. Инак,  ба  зудӣ  меоям.

  1. Ва ба ман гуфт:“Ин суханон ҳақ асту рост“; ва Худованд Худои анбиёи муқаддас ва фариштаи Худро фиристод, то он чиро, ки бояд ва қарибӣ ба вуқўъ ояд, ба бандагони Худ нишон диҳад.
  2. „Инак, ба зудӣ меоям. Хушо касе ки суханони нубуввати ин китобро риоят мекунанд“.
  3. Ва ман, Юҳанно, инро дидам ва шунидам. Ва ҳангоме ки шунидам ва дидам, бар пойҳои фариштае ки инро ба ман нишонд дод, афтодам, то ки ба ў таъзим кунам.
  4. Лекин ў ба ман гуфт:“Зинҳор, чунин накун; зеро ки ман бо ту, ва бо бародаронат—анбиё, ва бо онҳое ки суханони ин китобро риоят мекунанд, ҳамкор ҳастам; ба Худо таъзим намо“.
  5. Ва ба ман гуфт:“Суханони нубуввати ин китобро мўҳр накун; зеро ки вақт наздик аст.
  6. Бигзор золим зулм кунад, ва палид боз худро палид созад, ва одил боз адолат варзад, ва муқаддас боз худро тақдис намояд.
  7. Инак, ба зудӣ меоям, ва мукофоти Ман бо Ман аст, то ки ҳар касро мувофиқи аъмолаш сазо диҳам.
  8. „Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо, Аввалин ва Охирин ҳастам“.
  9. Хушо онҳое ки аҳкоми Ўро риоят мекунанд, то ки ба дарахти ҳаёт ҳуқуқдор шаванд ва ба дарвозаи шаҳр дароянд.
  10. Вале сагон, ва ҷодугарон, ва зинокорон, ва қотилон, ва бутпарастон, ва ҳар касе ки дурўғро дўст медорад ва ба амал меоварад, берун аз он хоҳанд буд.
  11. „Ман, Исо, фариштаи Худро фиристодаам, то ки дар калисоҳо ба шумо шаҳодат диҳад. Ман реша ва насли Довуд, ситораи дурахшони субҳ ҳастам“.
  12. Ва Рўҳ ва арўс мегўянд:“Биё!“. Ва ҳар кӣ мешунавад, бигўяд:“Биё!“. Бигзор ташна биёяд, ва ҳар кӣ бихоҳад, оби ҳаётро муфт бигирад.
  13. Ман низ ба ҳар касе ки суханони нубуввати ин китобро мешунавад, шаҳодат медиҳам: агар касе ба онҳо чизе илова намояд, Худо ба ў балоҳое илова хоҳад кард, ки дар бораи онҳо дар ин китоб навишта шудааст.
  14. Ва агар касе аз суханони ин китоби нубувват чизе кам кунад, Худо насиби ўро аз дарахти ҳаёт ва аз шаҳри муқаддас ва аз ҳар чизе ки дар ин китоб навишта шудаст, кам хоҳад кард.
  15. Шаҳодатдиҳандаи ин мегўяд:“Оре, ба зудӣ меоям!“. Омин. Оре, биё, эй Исои Худованд!
  16. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Ваҳй боби 21

Ерусалими нав: арўи Барра.

  1. Ва осмони нав ва замини навро дидам; зеро ки осмони пештара ва замини пештара гузашт, ва баҳр дигар набуд.
  2. Ва ман, Юҳанно, шаҳри муқаддас Ерусалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон нузул мекард, ва муҳайё шуда буд мисли арўсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст.
  3. Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегўяд:“Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ў бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ў хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳанд буд;
  4. Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гирья ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт.
  5. Ва Нишинандаи тахт гуфт:“Инак, ҳама чизро нав месозам“. Ва ба ман гуфт:“Бинавис, зеро ки ин суханон ҳақ асту рост“.
  6. Ва ба ман гуфт:“Ба амал омад! Ман Алфа ва Омега ибтидо ва интиҳо ҳастам; ба ташна аз чашмаи оби ҳаёт муфт хоҳам дод;
  7. Касе ки ғолиб ояд, вориси ҳама чиз хоҳад шуд, ва Ман барои ў Худо хоҳам буд, ва ў барои Ман писар хоҳад буд;
  8. Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурўғгўёнро—насибашон дар кўлест, ки бо оташ ва кибрит месўзад; ин мамоти дуюм аст“.
  9. Ва яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирин доштанд, назди ман омада, гуфт:“Биё, то ба ту арўсро, завҷаи Барраро нишон диҳам“.
  10. Ва маро дар Рўҳ ба кўҳи бузург ва баланде бурд ва шаҳри бузург Ерусалими муқаддасро ба ман нишон дод, ки аз осмон аз ҷониби Худо нузул мекард,
  11. Ки вай ҷалоли Худоро дорад; найири вай ба санги бағоят гаронбаҳо монанд аст, мисли санги яшме ки чун булўр шаффоф бошад;
  12. Вай девори бузург ва баланде дорад, ва дувоздаҳ дарвоза дорад, ва бар онҳо дувоздаҳ фаришта; бар дарвозаҳо номҳои дувоздаҳ сибти банӣ—Исроил навишта шудааст:
  13. Аз шарқ се дарвоза, аз шимол се дарвоза, аз ҷануб се дарвоза, аз ғарб се дарвоза.
  14. Девори шаҳр дувоздаҳ таҳкурсӣ дорад, ва бар онҳо номҳои дувоздаҳ ҳаввориёни Барра.
  15. Ва он ки бо ман сухан меронд, ба сифати аздоза наи тиллое дошт, то ки шаҳр ва дарвозаҳояш ва деворашро андоза кунад.
  16. Шаҳр ба шакли мураббаъ воқеъ аст, ва дарозии он баробари фарохии он аст. Ва ў шаҳрро бо най андоза карда, дувоздаҳ ҳазор стадия ёфт; дарозаӣ ва фарохӣ ва баландии он баробар аст.
  17. Ва девори онро андоза карда, саду чилу чор зироъ ба андозаи одамизод ёфт, ки андозаи фаришта низ чунин аст.
  18. Девори он аз яшм сохта шудааст, ва шаҳр зари холис буда, ба шишаи покиза монандӣ дорад.
  19. Таҳкурсиҳои девори шаҳр бо ҳар гуна ҷавоҳирот мурассаъ аст: таҳкурсии якум—яшм, дуюм—ёқути кабуд, сеюм—ақиқи сўхта, чорум—зумурад,
  20. Панҷум—ақиқи гулобӣ, шашум—ақиқ, ҳафтум—забарҷад, ҳаштум—берил, нўҳум—ёқути зард, даҳум—ақиқи сабз, ёздаҳум—гиацинт, дувоздаҳум—нилум.
  21. Ва дувоздаҳ дарвоза—дувоздаҳ марворид; ҳар дарвоза аз як марворид буд. Ва кўчаи шаҳр зари холис, монанди шишаи шаффоф.
  22. Ва дар шаҳр маъбаде надидам; зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ маъбади вай аст, ҳамчунин Барра.
  23. Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ки ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва чароғи он Барра аст.
  24. Ва халқҳои ҷаҳон дар рўшноӣ вай роҳ хоҳанд рафт, ва подшоҳони замин ҷалол ва шавкати худро ба вай хоҳанд овард.
  25. Ва дарвозаҳои шаҳр рўзона баста нахоҳад шуд, зеро ки дар он ҷо шаб нахоҳад буд;
  26. Ва ҷалол ва шавкати халқҳоро ба вай хоҳанд овард;
  27. Ва ҳеҷ палиде, ва ҳеҷ каси зишткоре ва дурўғгўй вориди он нахоҳад шуд, балки фақат онҳое ки дар дафтари ҳаёти Барра навишта шудаанд.

© IBT 1992

Ваҳй боби 20

Шайтон  ба  муддати  ҳазор  сол  занҷирбанд  шуд.

  1. Ва фариштае дидам, ки аз осмон нузул мекард, ва калиди варта ва занҷири бузурге дар дасташ буд.
  2. Ва ў аждаҳо, яъне мори қадимиро, ки иблис ва шайтон аст, дастгир карда, ба муддати ҳазор сол занҷирбанд намуд,
  3. Ва онро дар варта андохт, ва онро бандубаст кард, ва бар он мўҳр зад, то ки халқҳоро дигар фиреб надиҳад, то даме ки ҳазор сол анҷом ёбад; баъд аз ин вай бояд ба муддати каме озод шавад.

Эҳьёи  якум  ва  малакути  ҳазорсолаи  Масеҳ.

  1. Ва тахтҳо ва бар онҳо нишастагонро дидам, ки ихтиёри доварӣ кардан ба онҳо дода шуда буд, ва ҷонҳои касонеро дидам, ки барои шаҳодати Исо ва барои каломи Худо сар бурида шуда буданд, ва онҳо ба ҳайвони ваҳшӣ ва ба пайкари он саҷда накарда буданд ва тамғаи онро бар пешонӣ ва дасти худ назада буданд. Онҳо зинда шуданд ва бо Масеҳ ҳазор сол салтанат ронданд;
  2. Вале боқии мурдагон зинда нашуданд, то даме ки ҳазор сол анҷом ёбад. Ин эҳьёи якум аст.
  3. Хушбахт ва қуддус аст касе ки дар эҳьёи якум иштирок дорад: бар онҳо мамоти дуюм қудрат надорад, балки онҳо коҳинони Худо ва Масеҳ хоҳанд шуд ва бо Ў ҳазор сол салтанат хоҳанд ронд.

Ҳуҷуми  охирини  шайтон  ва  ғалабаи  қатъӣ  бар  он.

  1. Ва ҳангоме ки ҳазор сол анҷом ёбад, шайтон аз зиндони худ озод хоҳад шуд,
  2. Ва берун хоҳад омад, то халқҳоеро, ки дар чор гўшаи замин ҳастанд, яъне Ҷуҷ ва Моҷуҷро фиреб кунад, ва онҳоро барои ҷанг ҷамъ оварад; шумораи онҳо мисли реги баҳр аст.
  3. Ва ба арзи замин баромаданд ва қароргоҳи муқаддасон ва шаҳри маҳбубро иҳота карданд. Ва аз осмон аз ҷониби Худо оташ фуромада, онҳоро хўрд;
  4. Ва иблис, ки онҳоро фиреб мекард, дар кўли оташ ва кибрит андохта шуд, ки он ҷо ҳайвони ваҳшӣ ва набии козиб ҳастанд, ва онҳо шабу рўз то абад азоб хоҳанд кашид.

Эҳьёи  куллӣ  ва  доварии  охирин.

  1. Ва тахти бузурги сафед ва Нишинандаи онро дидам, ки аз ҳузури Ў осмон ва замин мегурехтанд, ва ҷое барои онҳо ёфт нашуд.
  2. Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва дафтарҳо кушода буд; ва дафтари дигаре кушода буд, ки дафтари ҳаёт аст; ва мурдагон вар тибқИ он чи дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне мувофиқИ аъмолашон доварӣ карда шуданд.
  3. Ва баҳр мурдагонеро, ки дар вай буданд, дод, ва мамот ва дўзах мурдагонеро, ки дар онҳо буданд, доданд; ва ҳар яке мувофиқИ аъмолаш доварӣ карда шуд.
  4. Ва мамот ва дўзах дар кўли оташ андохта шуданд. Ин мамоти дуюм аст.
  5. Ва ҳар ки дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, дар кўли оташ андохта шуд.

© IBT 1992

Ваҳй боби 19

Шодмонӣ  бар  осмон  дар  бобати  фурў  ғалтидани  Бобил.

  1. Пас аз ин ман овози баланде мисли овози издиҳоми бузург дар осмон шунидам, ки мегуфт:“Ҳалелуёҳ! Наҷот ва ҷалол ва қувват аз они Худованди мо мебошад,
  2. Зеро ки аҳкоми Ў ҳақ асту рост! Чунки Ў фоҳишаи бузургеро, ки заминро бо зинои худ фосид карда буд, маҳкум намуд, ва хуни бандагони Худро аз дасти вай ситонид“
  3. Ва дубора гуфтанд:“Ҳалелуёҳ! Дуди Бобил то абад баланд мешавад“
  4. Ва он бисту чор пир ва чор ҳайвон афтода, ба Худое ки бар тахт нишастааст, саҷда карданд ва гуфтанд:“ Омин! Ҳалелуёҳ!“
  5. Ва овозе аз ҷониби тахт баромад, ки мегуфт:“Эй ҳамаи бандагони Ў ва тарсгорони Ў, хурдон ва бузургон, мадҳ кунед Худои моро!“
  6. Ва овозе шунидам мисли овози издиҳоми бузург, мисли шувваси обҳои бисьёр, мисли садои раъдҳои пурзўр, ки мегуфтанд:“Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ бар тахти салтанат нишастааст.

Никоҳи  Барра.

  1. Ба ваҷд меоем ва шодӣ мекунем ва Ўро ҷалол медиҳем, зеро ки никоҳи Барра фаро расидааст, ва завҷаи Ў худро тайёр кардааст“.
  2. Ва ба вай ато шуд, ки катони тоза ва дурахшон дар бар кунад; зеро ки он катон адолати муқаддасон аст.
  3. Ва ба ман гуфт:“Бинавис:’’Хушо онҳое ки ба базми никоҳи Барра даъват шудаанд’’„. Ва ба ман гуфт:’’Инҳо суханони ҳақиқии Худост’’.
  4. Ман бар пойҳояш афтодам, то ки ба ў таъзим кунам; лекин ў ба ман гуфт:“Зинҳор, чунин накун; ман бо ту ва бо бародарони ту, ки шаҳодати Исоро доранд, ҳамкор ҳастам; ба Худо таъзим намо, зеро ки шаҳодати Исо рўҳи нубувват аст“.

Зоҳир  шудани  Масеҳ.

  1. Ва осмони кушодаро дидам, ва инак, аспи сафед, ва Савори он Амин ва Ҳақ ном дорад, ва Ў аз рўи адолат доварӣ мекунад ва меҷангад.
  2. Чашмони Ў мисли шўълаи оташ аст, ва бар сари Ў афсарҳои бисьёр; Ў исми навиштае дорад, ки онро, ғайр аз Худи Ў, ҳеҷ кас намедонад;
  3. Ва Ў либоси хунолуде дорад, ва исми Ў хонда шудааст: Каломи Худо.
  4. Ва лашкарҳои осмон бар аспҳои сафед, катони сафеди тоза дар тан, аз паи Ў мерафтанд.
  5. Ва аз даҳони Ў шамшери тез берун меояд, то ки халқҳоро бо он бизанад. Ў онҳоро бо асои оҳанин чўпонӣ мекунад; Ў чархушти шароби хашм ва ғазаби Худои Қодири Мутлақро пойкўб мекунад.
  6. Бар либос ва бар рони Ў навишта шудааст:“Подшоҳи шоҳон ва Худованди худовандон“.

Шикасти  ҳайвони  ваҳшӣ  ва  набии  козиб.

  1. Ва як фариштаро дидам, ки бар офтоб меистод; ва ў бо овози баланд нидо карда, ба ҳамаи мурғоне ки дар миёнаи осмон парвоз мекарданд, гуфт:“Биёед, ба зиёфати бузурги Худо ҷамъ шавед,
  2. То ки ҷасадҳои подшоҳонро, зўроваронро, мириҳазоронро, аспон ва саворонашон, ҷасадҳои ҳамаи озодон ва ғуломон, ва хурдон ва бузургонро бихўред“.
  3. Ва ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони замин ва лашкарҳошонро дидам, ки ҷамъ шуда буданд, то ки бо Савори асп ва бо лашкари Ў ҷанг кунанд.
  4. Ва ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай он набии козиб дастгир шуд, ки дар пеши вай мўъҷизот ба амал оварда буд, ки ба воситаи онҳо касонеро, ки тамғаи ҳайвони ваҳширо қабул карда, ба пайкари он саҷда менамоянд, фиреб мекард: ҳар ду зинда дар кўли оташ андохта шуданд, ки дар он кибрит месўхт;
  5. Ва касони боқӣ бо шамшери Савори асп, ки аз даҳони Ў берун омада буд кушта шуданд; ва ҳамаи мурғон аз ҷасадҳои онҳо сер шуданд.

© IBT 1992

Ваҳй боби 18

Доварии Худо бар фоҳишаи бузург—Бобил.

  1. Баъд аз ин ман фариштаи дигаре дидам, ки аз осмон нузул мекунад ва қудрати бузурге дорад; ва замин аз ҷалоли ў мунаввар шуд.
  2. Ва ў бо овози қавӣ нидо карда, гуфт:“Фурў ғалтид! Фурў ғалтид Бобили бузург! Вай маскани девҳо ва паноҳгоҳи ҳар рўҳи палид ва паноҳгоҳи ҳар мурғи палид ва кароҳатангез гардид; зеро ҳамаи халқҳо аз шароби пурғазаби зинокории вай нўшидаанд,
  3. Ва подшоҳони замин бо вай зино карданд, ва тоҷирони замин аз айшу нўши бузурги вай сарватдор шуданд“.
  4. Ва овози дигаре аз осмон шунидам, ки мегўяд:“Аз вай берун оед, эй қавми Ман, то ки дар гуноҳҳояш шарик нашавед ва ба балоҳояш дучор нагардед;
  5. Зеро ки гуноҳҳои вай то ба осмон расидааст, ва Худо зулмҳои вайро ба хотир овардааст.
  6. Сазояшро диҳед, чунон ки вай низ шуморо сазо додааст, ва бар тибқи аъмоли вай сазояшро дучанд диҳед; дар косае ки вай барои шумо шароб тайёр карда буд, барои вай дучанд тайёр кунед.
  7. Ҳар қадар вай ҷалол ёфта, айшу нўш мекард, ҳамон қадар бо азият ва бадбахтӣ сазояшро диҳед. Зеро ки вай дар дили худ мегўяд:’’Малика шуда нишастаам, ва бева нестам, ва бадбахт нахоҳам буд’’.
  8. Бинобар ин дар як рўз балоҳо, мамот ва мотам ва қаҳтӣ ба сари вай хоҳад омад. Вай дар оташ хоҳад сўхт, зеро пурқувват аст Худованд Худо, ки вайро доварӣ мекунад“.

Навҳа ва гирья дар бораи ҳалокати Бобил.

  1. „Ва подшоҳони замин, ки бо вай зино ва айшу нўш кардаанд, вақте ки дуди сўхтори вайро бинанд, дар ҳаққи вай гирья ва навҳа хоҳанд кард,
  2. Ва аз тарси азобҳои вай, дуртар истода, хоҳанд гуфт:“Вой бар ҳоли ту, эй шаҳри бузурги Бобил, эй шаҳри мустаҳакам! Зеро ки дар як соат қазои ту омадааст’’.
  3. Ва тоҷирони замин дар ҳаққи вай гирья ва навҳа хоҳанд кард, чунки молҳои онҳоро дигар ҳеҷ кас намехарад:
  4. ‘‘Молҳои тилло нуқра, ва ҷавоҳирот, ва марворид, ва катон, ва арғувон, ва абрешим, ва қирмиз ва ҳар дарахти муаттар, ва ҳар маснуот аз оҷ, ва ҳар маснуот аз дарахтони гаронбаҳо аз мис ва оҳан ва мармар,
  5. Ва дорчин, ва бухур, ва равғани атрафшон, ва лодан, ва шароб, ва равғани зайтун, ва орд, ва гандум, ва чорво, ва гўсфандон, ва аспҳо ва аробаҳо ва ҷисмҳо ва ҷонҳои одамӣ.
  6. Аз меваҳое ки ҷони ту тамаъ дорад, маҳрум гаштаӣ, ва ҳар чизи фарбеҳ ва боҳашамат аз ту дур шудааст, онро дигар нахоҳӣ ёфт.
  7. Тоҷирони ин чизҳо, ки аз ин сарватдор шудаанд, аз тарси азобҳои вай, дуртар истода, гирья ва навҳа хоҳанд кард.
  8. Ва хоҳанд гуфт:“Вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки катон ва арғувон ва қирмиз дар бар дошт ва бо тилло ва ҷавоҳирот зинат ёфта буд!
  9. Зеро ки дар як соат чунин сарват нобуд шуд“. Ва ҳамаи суккондорон, ва ҳамаи киштинишинон, ва ҳамаи маллоҳон, ва ҳамаи онҳое кии дар баҳр тиҷорат мекунанд, дуртар истода
  10. Ва дуди сўхтори вайро дида, фиғон кашиданд ва гуфтанд:’’Кадом шаҳр монанди ин шаҳри бузург будааст!’’
  11. Ва ва сарҳошон хок пошиданд ва фарьёд зада, бо гирья ва навҳа гуфтанд:’’Вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки аз чизҳои гаронбаҳои вай ҳамаи онҳое ки дар баҳр киштӣ доштанд, сарватдор шудаанд! Зеро ки дар як соат вай хароб гардидааст’’.

Шодии  муқаддасон  бар  осмон.

  1. Шодӣ кунед дар ҳаққи вай , эй осмон, ва ҳаввориёни муқаддас, ва анбиё, зеро ки Худо доварӣ намуда, интиқоми шуморо аз вай гирифтааст.
  2. Ва як фариштаи қавӣ санги бузургеро монанди санги осиё бардошта, дар баҳр андохт ва гуфт:“Бо чунин шиддат шаҳри бузурги Бобил сарнагун хоҳад шуд, ва дигар ёфт нахоҳад шуд;
  3. Ва овози барбатнавозон, ва сарояндагон, ва найнавозон ва карнайнавозон дар ту дигар шунида нахоҳад шуд, ва ҳеҷ як санъаткори ҳеҷ як санъате дар ту дигар нахоҳад шуд;
  4. Ва рўшноии чароғ дар ту дигар нахоҳад шуд, ва овози домод ва арўс дар ту дигар шунида нахоҳад шуд, зеро ки тоҷирони ту акобири рўи замин буданд, ва аз ҷодуи ту ҳамаи халқҳо дар иштибоҳ афтодаанд.
  5. Ва дар вай хуни анбиё ва муқаддсаон ва ҳамаи мақтулони рўи замин ёфт шудааст“.

© IBT 1992

Ваҳй боби 17

Доварӣ  бар  фоҳишаи  бузрг.

  1. Ва яке аз он ҳафт фариштае ки ҳафт коса доштанд, омад ва бо ман сухан ронда, гуфт:“Ин ҷо биё, то довариро дар ҳаққи фоҳишаи бузурге ки бар обҳои бисьёре нишастааст, ба ту нишон диҳам,
  2. Ки подшоҳони замин бо вай зино кардаанд, ва сокинони замин аз шароби зинокории вай маст шудаанд“.
  3. Ва маро дар Рўҳ ба биёбон бурд; ва занеро дидам, ки бар ҳайвони ваҳшии арғувонӣ, ки аз номҳои куфр пур буд, ва ҳафт калла ва даҳ шох дошт, нишаста буд.
  4. Ва он зан либоси қирмизӣ ва арғувонӣ дошт, ва бо тилло ҷавоҳирот ва марворид зинат ёфта буд, ва дар дасташ косаи тиллое нигоҳ медошт, ки аз қабоҳат ва наҷосати зинокории вай пур буд;
  5. Ва бар пешонии вай номи сирре навишта шуда буд:“Бобили бузург, модари фоҳишагон ва қабоеҳи замин“.
  6. Ва дидам, ки он зан аз хуни муқаддасон ва аз хуни шоҳидони Исои маст аст, ва аз дидани вай ниҳоятдараҷа ҳайрон шудам.

Сирри  зани  фоҳиша  ва  ҳайвони  ваҳшӣ.

  1. Ва фаришта ба ман гуфт:“Чаро ҳайрон шудӣ? Ман сирри ин зан ва он ҳайвони ваҳширо, ки зан бар он савор аст, ва ҳафт калла ва даҳ шох дорад, ба ту мегўям.
  2. Он ҳайвони ваҳшӣ, ки ту дидӣ, буд ва нест; ва аз варта хоҳад баромад ва ба сўи ҳалокат хоҳад рафт; ва он сокинони замин, ки номҳошон аз ибтидои ҷаҳон дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, аз дидани ҳайвони ваҳшие ки буд ва нест ва зоҳир хоҳад шуд, дар ҳайрат хоҳанд афтод.
  3. Дар ин ҷост ақле ки ҳикмат дорад. Ҳафт калла ҳафт кўҳест, ки он зан бар онҳо нишастааст,
  4. Ва инҳо ҳафт подшоҳ ҳастанд, ки панҷ нафарашон фурў ғалтидаанд, яке ҳаст, ва дигаре ҳанўз наомадааст, ва ҳангоме ки ояд, муддати каме бояд бимонад.

Ғалабаи  Барра,  ҳалокати  ҳайвони  ваҳшӣ  ва  ҳамаи  пайравони  вай.

  1. Ва он ҳайвони ваҳшӣ, ки буд ва нест, ҳаштум аст, ва аз ҷумлаи ҳафт аст, ва ба сўи ҳалокат хоҳад рафт.
  2. Ва он даҳ шох, ки ту дидӣ, даҳ подшоҳ ҳастанд, ки ҳанўз малакут ба даст наовардаанд, лекин барои як соат бо ҳайвони ваҳшӣ, ҳамчун подшоҳон, салтанат пайдо хоҳанд кард;
  3. Онҳо як ният доранд, ва қуввау салтанати худро ба ҳайвони ваҳшӣ хоҳанд дод;
  4. Онҳо ба Барра ҷанг хоҳанд кард, ва Барра бар онҳо ғолиб хоҳад омад; зеро ки Ў Худованди худовандон ва Подшоҳи подшоҳон аст ва онҳое ки бо Ў ҳастданд, даъватшудагон ва баргузидагон ва аминон мебошанд“.
  5. Ва он фаришта ба ман гуфт:“Обҳое ки ту дидӣ, ки он ҷо фоҳиша нишастааст, одамон ва қавмон, ва қабилаҳо ва забонҳо мебошанд.
  6. Ва даҳ шох, ки ту дидӣ, ва ҳайвони ваҳшӣ аз фоҳиша нафрат хоҳад дошт, ва ўро хонавайрон ва урьёр хоҳанд кард, ва ҷисми ўро хоҳанд хўрд, ва ўро дар оташ хоҳанд сўзонд;
  7. Чунки Худо дар дили онҳо андохтааст, ки иродаи Ўро ба ҷо оворанд, ба тавре ки ҳама якдилона салтанати худро ба ҳайвони ваҳшӣ диҳанд, то ки суханони Худо иҷро шавад.
  8. Ва он зане ки дидӣ, шаҳри бузург аст, ки бар подшоҳони замин салтанат меронад“.

© IBT 1992

Ваҳй боби 16

Косаҳои  ғазаби  Худо  бар  замин  рехта  мешавад.

  1. Ва овози баланде аз маъбад шунидам, ки ба ҳафт фаришта мегўяд:“Биравед ва ҳафт косаи ғазаби Худоро бар замин бирезед“.

Косаи якум—яраҳои бади  фасоднок  бар  одамон.

  1. Фариштаи якум рафта, косаи худро бар замин рехт, ва бар одамоне ки тамғаи ҳайвони ваҳширо доранд ва ба пайкари он саҷда мекунанд, яраҳои бад ва зишти фасоднок пайдо шуд.

Косаи  дуюм—ба  хун  мубаддал  шудани  обҳои  баҳр.

  1. Фариштаи дуюм косаи худро дар баҳр рехт; ва он ба хуне мисли хуни мурда мубаддал шуд, ва тамоми махлуқоти ҷондори баҳр мурд.

Косаи  сеюм—ба  хун  мубаддал  шудани  чашмаҳо  ва  дарьёҳо.

  1. Фариштаи сеюм косаи худро дар дарьёҳо ва чашмаҳои об рехт, ва онҳо ба хун мубаддал шуданд.
  2. Ва фариштаи обҳоро шунидам, ки мегуфт:“Ту одилӣ, эй Худованд, ки ҳастӣ ва будӣ, ва қуддус мебошӣ, зеро ки чунин ҳукм кардаӣ;
  3. Азбаски онҳо хуни муқаддасон ва анбиёро рехтаанд, Ту ба онҳо хун додӣ, ки бинўшанд: ин сазои онҳост“.
  4. Ва қурбонгоҳро шунидам, ки мегўяд:“Оре, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ, довариҳои Ти ҳақ асту рост“.

Косаи  чорум—гармои  сўзон.

  1. Фариштаи чорум косаи худро бар офтоб рехт, ва ба вай қудрате ато шуд, ки одамонро ба оташ бисўзонад.
  2. Ва одамонро гармои зўре сўзонд, ва онҳо ба исми Худо, ки ин балоҳо ихтиёр дорад, куфр мегуфтанд ва тавба накарданд, то ки Ўро ҷалол диҳанд.

Косаи  панҷум—ғазаби  Худо  бар  малакути  ҳайвони  ваҳшӣ.

  1. Фариштаи панҷум косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ рехт, ва малакути он торик шуд, ва онҳо забонҳои худро аз дард мегазиданд,
  2. Ва Худои Осмон аз боиси азобҳои худ ва яраҳои худ куфр мегуфтанд, ва аз аъмоли худ тавба накарданд.

Косаи  шашум—рўҳҳои  дев,  ки  аломот  ба  амал  меоварад.

  1. Фариштаи шашум косаи худро дар дарьёи бузурги Фурот рехт, ва оби он хушк шуд, то барои подшоҳоне ки аз ҷониби тулўи офтоб ҳастанд, роҳ муҳайё шавад.
  2. Ва дидам, ки аз даҳони аждаҳо, ва аз даҳони ҳайвони ваҳшӣ, ва аз даҳони набии козиб се рўҳи палиде монанди қурбоқаҳо мебарояд.
  3. Онҳо рўҳҳои деванд, ки аломот ба амал меоваранд; онҳо ба пеши подшоҳони тамоми ҷаҳон мебароянд, то ки онҳоро барои ҷанги рўзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ оваранд.
  4. Инак, мисли дузд меоям: хушо касе ки ҳушьёр аст ва либоси худро нигоҳ медорад, то ки бараҳна роҳ наравад, ва расвоии ўро набинанд.
  5. Ва онҳоро ба мавзее ҷамъ оварданд, ки ба забони ибронӣ Ҳармиҷидўн ном дорад.

Косаи  ҳафтум—заминҷунбии  азим  ва  жола.

  1. Фариштаи ҳафтум косаи худро бар ҳаво рехт, ва аз маъбади осмон аз ҷониби тахт овозе баланде баромад, ки мегуфт:“Ба амал омад!“.
  2. Ва барқҳо, раъдҳо ва садоҳо ба вуқўъ омад, ва заминҷунбии азиме рўй дод, ки мислаш, аз замоне ки одамон бар замин ҳастанд, рўй надода буд, он қадар заминҷунбии пурзўр ва азим буд!
  3. Ва шаҳри бузург ба се қисм аз ҳам ҷудо шуд, ва шаҳрҳои халқҳо фурў ғалтиданд, ва Бобили бузург дар пеши Худо зикр ёфт, то ки косаи шароби пурхашми ғазаби Худро ба он диҳад.
  4. Ва ҳар ҷазира гурехт, ва кўҳҳо нопайдо гашт;
  5. Ва жолаи бузурге ки гўё ба вазни як талант буд, аз осмон бар одамон борид; ва одамон барои балои жола ба Худо куфр гуфтанд, чунки он бало бағоят сахт буд.

© IBT 1992