Қӯлассиён боби 4

Дар  бораи  дуо,  илтимос  ва  ҳикмати  масеҳӣ.

  1. Эй оғоён, ба ғуломони худ он чи лозим аст ва он чи ҳақ доранд, бидиҳед, ва бидонед, ки шумо низ Оғое дар осмон доред.
  2. Доимо бо дуо машғул буда, дар он бо шукргузорӣ бедор бошед;
  3. Дар ҳаққи мо низ дуо гўед, то Худо дари каломро ба мо воз кунад, ки сирри Масеҳро, ки ман барояш бандӣ ҳастам, баён намоем,
  4. То ки ман онро ончунон зоҳир созам, чунон ки баён карданам лозим аст.
  5. Фурсатро ғанимат дониста, бо онҳое ки дар берунанд, оқилона рафтор кунед
  6. Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед.
  7. Аз тамоми саргузашти ман шуморо Тўхиқўс хабардор хоҳад кард. Ў бародари маҳбуб ва хизматгузори амин ва ҳамкори ман дар Худованд аст.
  8. Ва ўро маҳз барои он назди шумо фиристодам, ки аз аҳволи шумо хабар гирад ва дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад,
  9. Бо якҷоягии бародари амин ва маҳбуб Онисимус, ки аз байни шумост: онҳо шуморо аз ҳамаи корҳои ин ҷо хабардор хоҳанд кард.

Саломҳо.

  1. Ористархус, ки ҳамроҳи ман дар ҳабс аст, ба шумо салом мерасонад, ва Марқўс, ҷияни Барнаббо, ки шумо дар бораи ў фармон гирифтаед: агар наздатон биёяд ўро пазироӣ кунед,
  2. Ҳамчунин Ешуа, ки лақабаш Юстус аст; ҳар ду аз махтунонанд, ва танҳо онҳо ҳамкоронанад барои Малакути Худо, ки сабаби тасаллои ман шудаанд.
  3. Эпафрос ба шумо салом мерасонад, ки ў аз байни шумо ва бандаи Исои Масеҳ аст, ва ҳамеша барои шумо дар дуоҳои худ ҷидду ҷаҳд менамояд, то ки шумо комил буда ва аз ҳар чизи писандидаи Худо вуқуф дошта, истодагӣ кунед.
  4. Ва ман дар бораи ў шаҳодат медиҳам, ки ў барои шумо ва барои онҳое ки дар Лудкия ва дар Ҳирапўлис мебошанд, бисьёр меҳнат мекунад.
  5. Луқос, табиби маҳбуб, ва Димос ба шумо салом мерасонанд.
  6. Ба бародароне ки дар Лудкия мебошанд, ба Нумфос ва ба аҳли калисое ки дар хонаи ўст, салом бирасонед.
  7. Баъд аз он ки ин нома дар миёни шумо хонда шуд, коре кунед, ки он дар калисои Лудкия низ хонда шавад; ва номаеро, ки аз Лудкия аст, шумо низ бихонед.
  8. Ба Архипус бигўед:’’Бохабар бош, то он хизматеро, ки дар Худованд ба зиммаи худ гирифтаӣ, ба ҷо оварӣ’’,
  9. Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам. Занҷирҳои маро дар хотир дошта бошед. Файз бо шумо бод, омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s