Қӯлассиён боби 3

Ҳаёти  масеҳӣ  хизматгузорист  ба  Исои  Худованд.

  1. Пас, модоме ки шумо бо Масеҳ эҳьё шудаед, он чиро, ки дар афроз аст, биҷўед, ки он ҷо Масеҳ ба ямини Худо нишастааст;
  2. Дар бораи он чи дар афроз аст, фикр кунед, на дар бораи он чи бар замин аст.
  3. Зеро ки шумо мурдаед, ва ҳаёти шумо бо Масеҳ дар Худо ниҳон аст:
  4. Вақте ки Масеҳ, ки ҳаёти шумост, зоҳир шавад, шумо низ бо Ў дар ҷалол зоҳир хоҳед шуд.
  5. Пас, андоми заминии худро: зино, нопокӣ, ҳирс, ҳаваси бад ва тамаъкориро, ки он бутпарастист, бикушед,
  6. Ки барои онҳо ғазаби Худо бар писарони исьён меояд,
  7. Ки шумо низ як вақте дар онҳо рафтор мекардед, ҳангоме ки дар миёни онҳо мезистед.
  8. Аммо акнун шумо ҳамаи инҳоро: хашм, ғазаб, кина, бадгўӣ, ва алфози қабеҳи забонатонро тарк намоед;
  9. Ба якдигар дурўғ нагўед, дар ҳолате ки одами кўҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур кардаед
  10. Ва одами навро дар бар кардаед, ки вай дар дониш ба шабоҳати Офарандаи худ нав мешавад,
  11. Ки дар он ҷо на юнонӣ ҳаст, на яҳудӣ, на хатна, на хомахтунӣ, на варварӣ, на скиф, на ғулом ва на озод, балки ҳама чиз ва дар ҳама чиз Масеҳ аст.
  12. Пас, ҳамчун баргузидагони муқаддас ва маҳбуби Худо, марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурўтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед,
  13. Ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро авф кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед;
  14. Ба замми ҳамаи ин шумо муҳабатро дар бар кунед, ки он маҷмўи камолот аст;
  15. Бигзор дар дилҳои шумо осоиштагии Худо ҳукмфармо бошад, ки шумо ба он дар як Бадан даъват шудаед; ва шукргузор бошед.
  16. Бигзор каломи Масеҳ андаруни шумо ба фаровонӣ сокин шавад, ва якдигарро бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рўҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед, ва бо файз дар дилҳои худ барои Худованд бисароед.
  17. Ва ҳар он чи бо сухан ё амал мекунед, ҳамаашро ба Исои Масеҳи Худованд ба ҷо оварда, ба василаи Ў Худои Падарро шукр гўед.

Мушоракат  дар  хонаи  имондорон.

  1. Эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, чунон ки дар Худованд муносиб аст.
  2. Эй шавҳарон, занони худро дўст доред ва ба онҳо сахтгир набошед.
  3. Эй фарзандон, ба падару модарони худ дар ҳар бобат итоат намоед, зеро ки ин писандидаи Худованд аст.
  4. Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо онҳо маъюс шаванд.
  5. Эй ғуломом, ба оғоёне ки ба ҳасби ҷисм доред, дар ҳар бобат итоат намоед, на бо хизматгузории зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки бо соддадилӣ ва бо тарси Худо.
  6. Ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад, на барои одамон,
  7. Чун медонед, ки аз Худованд меросро мукофот хоҳед гирит, зеро ки ба Масеҳи Худованд хизмат макунед,
  8. Ҳар кӣ ноинсофона рафтор мекунад, мувофиқи ноинсофии худ подош хоҳад гирифт: Ў рўйбинӣ надорад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s