Ғалотиён боби 5

Насиҳат  дар  бораи  он  ки  аз  юғи  ғуломии  шариат  озод  бимонем.

  1. Пас, дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед.
  2. Инак, ман, Павлус, ба шумо мегўям: агар махтун мешуда бошед, Масеҳ ба шумо ҳеҷ нафъ намебахшад.
  3. Ва ман боз ба ҳар каси махтуншабанда шаҳодат медиҳам, ки ў бояд тамоми шариатро ба ҷо оварад.
  4. Шумо ки худро ба шариат сафед мекунед, аз Масеҳ ҷудо шудаед, аз файз маҳрум гардидаед.
  5. Зеро ки мо ба воситаи Рўҳ аз имон мунтазири ҳамон адолатем, ки онро умедворем.
  6. Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамият дорад ва на номахтунӣ, балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад.
  7. Нағз медавидед: кӣ шуморо аз итоати ростӣ боздошт?
  8. Ин таъсир аз ҷониби Даъваткунандаи шумо нест.
  9. Андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад.
  10. Ман ба шумо да Худованд эътимод дорам, ки ҳеҷ фикри дигаре нахоҳед дошт, ва касе ки шуморо ба изтироб меандозад, ҳар кӣ бошад ҳам, маҳкум хоҳад шуд.
  11. Валекин, эй бародарон, агар ман ҳозир ҳам хатнаро мавъиза мекарда бошам, чаро ҳанўз гирифтори таъқибот мешавам? дар он сурат васвасаи салиб ботил мешуд-ку!
  12. Кошки онҳое ки шуморо ба изтироб меандозанд, аз байн бурда мешуданд!

Озодии  ҳақиқӣ  ба  воситаи  муҳаббат  ва  дар  рўҳ  зистан  исбот  карда  мешавад.

  1. Зеро ки шумо, эй бародарон, ба озодӣ даъват шудаед, фақат ин ки озодӣ баҳонае барои ҳавасҳои ҷисм нашавад, балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед.
  2. Зеро ки тамоми шариат аз як калима иборат аст, чунончи:’’Ёратро мисли худат дўст бидор’’.
  3. Аммо агар шумо якдигарро газида, мехўрда бошед, эҳтиёт шавед, ки мабодо аз дасти якдигар несту нобуд гардед.
  4. Вале ман мегўям: бар тибқи Рўҳ рафтор кунед, ва шумо ҳавасҳои ҷисмро ба амал нахоҳед овард:
  5. Зеро ки ҷисм хилофи Рўҳро хоҳон аст, ва Рўҳ хилофи ҷисмро: онҳо зидди якдигаранд, ба тавре ки шумо он чи мехостед, намекунед.
  6. Лекин агар роҳнамоятон Рўҳ бошад, зери дасти шариат нестед.
  7. Корҳои ҷисм маълум аст, ки инҳост: фисқ, зино, нопокӣ, фуҷур,
  8. Бутпарастӣ, ҷодугарӣ, адоват, хархаша, ҳасад, хашм, ҷидол, ихтилоф, бидъатҳо,
  9. Нафрат, қатлҳо, бадмастӣ, бетартибӣ ва монанди ин; шуморо пешкӣ огоҳ менамоям, чунон ки пештар ҳам огоҳ намудаам, ки кунандагони чунин корҳо Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт.
  10. Аммо самари Рўҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон,
  11. Фурўтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест.
  12. Лекин онҳое ки ба Масеҳ тааллуқ доранд, ҷисмро бо ҳирсҳо ва ҳавасҳояш маслуб кардаанд.
  13. Агар мо бар тибқи Рўҳ зиндагӣ мекарда бошем, бояд бар тибқиРўҳ рафтор ҳам кунем:
  14. Ҳавобаланд нашавем, якдигарро асабонӣ накунем, аз якдигар ҳасад набарем.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s