Ғалотиён боби 4

Масеҳ  моро  аз  таҳти  васояти  шариат  раҳо  кард;  ба воситаи  Ў  мо  фарзандони  озоди  Худо  шудаем.

  1. Аммо мегўям: ворис то даме ки кўдак аст, аз ғулом ҳеҷ фарқ надорад, гарчанде ки оғои ҳама аст:
  2. Балки зери дасти васиён ва амалдорон аст, то мўҳлате ки падараш муайн намудааст.
  3. Ҳамчунин мо, то даме ки кўдак будем, ғуломи аносири ҷаҳон будем;
  4. Вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо Писари Худро фиристод, ки Ў аз зан таваллуд ёфта, зери дасти шариат буд,
  5. То барои онҳое ки зери дасти шариат буданд, фидия диҳад, то ки мо ба писарӣ қабул шавем.
  6. Ва азбаски шумо писар ҳастед, Худо ба дилҳои шумо Рўҳи Писари Худро фиристодааст, ки нидо мекунад:“Або, эй Падар!’’.
  7. Бинобар ин ту дигар ғулом нестӣ, балки писарӣ; ва агар писар бошӣ, вориси Худо низ ба василаи Масеҳ ҳастӣ.

Маҳзунии  Павлус  дар  бораи  он  ки  ғалотиён  ҷудо  шуда, сўи  шариати  халқҳо  ва  яҳудиён  рафтаанд.

  1. Лекин дар он замон, ки Худоро намешинохтед, шумо онҳоеро ибодат мекардед, ки аслан худо набуданд;
  2. Аммо алҳол, ки Худоро мешиносед, ва илова бар он, Худо шуморо мешиносад, чӣ гуна сўи он аносири заифу фақир баргашта, худро боз ба онҳо ғулом кардан мехоҳед?
  3. Рўзҳо, моҳҳо, фаслҳо ва солҳоро риоя мекунед.
  4. Аз шумо хавотир дорам, ки мабодо дар миёни шумо беҳуда меҳнат карда бошам.
  5. Эй бародарон, аз шумо хоҳишмандам, ки мисли ман бошед, чунки ман ҳам мисли шумо ҳастам; шумо маро ҳеҷ озор надодаед:
  6. Шумо медонед, ки ман дар заъфи ҷисм ба шумо дафъаи аввал башорат додам;
  7. Ва шумо аз озмоиши ман, ки дар ҷисми ман аст, нафрат накардед ва каҳорат надоштед, балки маро мисли фариштаи Худо, мисли Исои Масеҳ пазироӣ намудед.
  8. Пас куҷост он саодати шумо? Зеро ба шумо гувоҳӣ медиҳам, ки агар имконпазир мебуд, чашмони худро канда гирифта, ба ман медодед.
  9. Пас, наход ки ба шумо рости гапро гуфта, душмани шумо шуда бошам?
  10. Онҳо барои шумо ба некӣ ғайрат намекунанд, балки шуморо ҷудо кардан мехоҳанд, ки шумо барои онҳо ғайрат кунед.
  11. Дар кори хайр ҳамеша ғайрат кардан хуб аст, на танҳо вақте ки ман назди шумо бошам.
  12. Эй фарзандони ман, ки барои таваллудатон ман аз нав азоб мекашам, тод аме ки дар шумо Масеҳ сурат бандад!
  13. Хоҳиш доштаам, ки ҳоло назди шумо бошам ва овози худро тағьир диҳам, зеро ки дар хусуси шумо дар ҳайрат мондаам.

Ғуломи  зери  дасти  шариат  ва  озодии  имон  дар  писарони  Иброҳим тасвир  ёфтааст.

  1. Шумо, ки мехоҳед зери дасти шариат бошед, ба ман бигўед, ки магар шумо ба шариат гўш наменамоед?
  2. Зеро ки навишта шудааст:’’Иброҳим ду писар дошт, яке аз каниз ва дигаре аз зани озод’’.
  3. Лекин он ки аз каниз буд, ба ҳасби ҷисм таваллуд ёфтааст, ва он ки аз зани озод буд, ба ҳасби ваъда.
  4. Ин кинояомез аст, зеро ки ин ду аҳд аст: яке аз кўҳи Сино, ки барои ғуломӣ мезояд, ва ин Ҳоҷар аст,
  5. Зеро ки Ҳоҷар кўҳи Сино дар Арабистон аст ва ба Ерусалими ҳозира мувофиқ меояд, зеро ки он бо фарзандони худ дар ғуломӣ мебошад;
  6. Аммо Ерусалими арши аъло озод аст, ки он модари ҳамаи мост;
  7. Зеро ки навишта шудааст:’’Шод бош, эй нозой, ки назоидаӣ; хурсандӣ ва нидо бикун, ки дарди зоиш накашидаӣ; зеро фарзандони зане ки партофта шудааст, назар ба шавҳардор зиёдтаранд’’.
  8. Вале мо, эй бародарон, мисли Исҳоқ, фарзандони ваъда ҳастем.
  9. Аммо чӣ тавре ки он вақт ба ҳасби ҷисм таваллуд ёфта ба ҳасби Рўҳ таваллуд ёфтаро пеш мекард, алҳол низ ҳамин тавр аст.
  10. Аммо Навиштаҳо чӣ мегўяд? ‘‘Каниз ва писари ўро пеш кун, зеро писари каниз бо писари зани озод мерос нахоҳад гирифт’’.
  11. Хуллас, эй бародарон, мо фарзандони каниз нестем, балки фарзандони зани озодем.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s