Ғалотиён боби 3

Бахшоиши  Рўҳулқусро  бо  имон  ёфтан  аст,  на  бо  аъмоли  шариат.

  1. Эй ғалотиёни бефаҳм! Кӣ шуморо ба васваса андохт, ки аз ростӣ сар тобед, дар сурате ки пеши назари шумо Исои Масеҳи маслуб тасвир ёфтааст?
  2. Фақат инро аз шумо фаҳмидан мехоҳам: оё шумо Рўҳро аз аъмоли шариат қабул кардаед, ё ки аз мавъизаи имон?
  3. Оё он қадар шумо нофаҳм ҳастед, ки бо Рўҳ сар карда, алҳол бо ҷисм анҷом медиҳед?
  4. Оё бар абас ин қадар заҳмат кашидаед? Тасаввур намекунам.
  5. Пас, Он ки Рўҳро ба шумо мебахшад ва дар миёни шумо мўъҷизот ба амал меоварад, оё инро ба воситаи аъмоли шариат мекунад ё ки ба воситаи мавъизаи имон?
  6. Чунончи, Иброҳим ба Худо имон овар, ва ин барои ў адолат ҳисоб карда шуд.
  7. Пас бидонед, ки аҳли имон фарзандони Иброҳим ҳастанд.
  8. Ва Навиштаҳо чун пешбинӣ намуд, ки Худо халқҳоро ба воситаи имон сафед мекунад, пешакӣ ба Иброҳим башорат дода гуфт:’’ Дар ту ҳамаи халқҳо баракат хоҳанд хост’’.
  9. Бинобар ин аҳли имон бо Иброҳими имондор баракат мехоҳанд,
  10. Лекин тамоми аҳли аъмоли шариат зери дасти лаънат мебошанд; зеро ки навишта шудааст:“Маълун аст ҳар касе ки ҳар чизи дар китоби шариат навишташударо доимо ба ҷо намеоварад“.
  11. Ва ин ки ҳеҷ кас ба воситаи шариат ба ҳузури Худо сафед намешавад, ин равшан аст, чунки одил ба воситаи имон зиндагӣ хоҳад кард.
  12. Аммо шариат аз имон нест, вале касе ки онро ба ҷо меоварад, бо он зиндагӣ хоҳад кард.
  13. Масеҳ моро аз лаънати шариат фидия дода гирифта, барои мо лаънат гардид, зеро ки навишта шудааст:“Малъун аст ҳар касе ки ба дор овехта шудааст“.
  14. То ки баракати Иброҳим ба василаи Исои Масеҳ ба ғайрияҳудиён татбиқ шавад, барои он ки ваъдаи Рўҳро мо ба воситаи имон пайдо кунем.

Ваъдаҳои  ба  Иброҳим  додашударо  шариат  ботил  накардааст;  шариат  асокаши  мо  сўи  Масеҳ  гардид.

  1. Эй бародарон! Ба тариқи одамизод сухан меронам: ҳатто васиятеро, ки одамизод тартиб дода бошад, ҳеҷ кас ботил намекунад ва чизе ба он илова наменамояд.
  2. Лекин ваъдаҳо ба Иброҳим ва ба насли ў дода шудааст. Нагуфтааст:’’Ва ба наслҳои ту’’, гўё ки дар бораи бисьёре, балки дар бораи яке:’’Ва ба насли ту’’, ки он Масеҳ аст.
  3. Ва ман чунин мегўям: аҳдеро, ки Худо пештар дар бораи Масеҳ муқарар намудааст, шариат, ки баъд аз чорсаду сӣ соли он пайдо шуд, ботил намекунад, ба тавре ки ваъда аз байн равад.
  4. Зеро, агар мерос аз рўи шариат бошад, он дигар аз рўи ваъда нахоҳад буд; аммо Худо онро аз рўи ваъда ба Иброҳим ато намудааст.
  5. Пас, шариат барои чист? Он баъдтар аз боиси ҷиноятҳо дода шудааст, то вақти омадани насле ки ваъда ба Ў дахл дорад, ва он ба воситаи фариштаҳо бо дасти миёнарав фармоиш карда шудаааст.
  6. Аммо миёнарав назди як намешавад, вале Худо як аст.
  7. Пас, оё шариат ба ваъдаҳои Худо мухолиф аст? Ба ҳеҷ сурат! Зеро, агар шариате дода мешуд, ки қобили ҳаётбахшӣ бошад, адолат ҳақиқатан аз шариат мебуд;
  8. Аммо Навиштаҳо ҳама чизро зери дасти гуноҳ банд кардааст, то ки ба воситаи Исои Масеҳ ваъда ба имондорон ато шавад.
  9. Аммо пеш аз омадани имон зери дасти посбонии шариат банд будем, то даме ки имон мебоист зоҳир мешуд.
  10. Пас, шариат асокаши мо сўи Масеҳ гардид, то ки ба воситаи имон сафед шавем;
  11. Аммо вақте ки имон омад, мо дигар зери дасти асокаш нестем.
  12. Зеро ки ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ писарони Худо ҳастед;
  13. Зеро ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаред, Масеҳро дар бар кардаед.
  14. Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ки ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як ҳастед.
  15. Ва агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас насли Иброҳим ҳастед, ворисони мувофиқи ваъда.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s