Ғалотиён боби 2

Ба  халқҳо  башорат  додани  Павлусро  ҳаввориёни  дигар эътироф  кардаанд.

  1. Сонӣ ман, пас аз чордаҳ сол, бо Барнаббо боз ба Ерусалим рафтам, Титусро низ бо худ бурдам.
  2. Ба он ҷо аз рўи ваҳй равона шудам ва ба онҳо ва алоҳида ба шахсоне ки соҳибэътибор буданд, он башоратро, ки дар миёни халқҳо мавъиза менамудам, баён кардам: мабодо бар абас бидавам ё давида бошам.
  3. Аммо Титус низ, ки ҳамроҳи ман буд, бо вуҷуди юнонӣ будабнаш, маҷбур нашуд, ки махтун гардад:
  4. Аз боиси бародарони козиби ба миёни мо сар даровардае ки барои дидани озодие ки мо дар Масеҳ дорем, ба таври пинҳонӣ омада буданд, то ки моро ғулом гардонанд:
  5. Мо ба онҳо як соат ҳам гузашт накардем ва итоат нанамудем, то ки ростии башорат дар шумо маҳфуз дошта шавад.
  6. Ва онҳое ки ба назари касе соҳибэътибор буданд, онҳо ягон вақт ҳар чӣ хел бошанд ҳам, барои ман аҳамияте надорад; Худо ба рўи кас нигоҳ намекунад, ин соҳибэътиборон ба зиммаи ман ҳеҷ чизе нагузоштанд;
  7. Балки, баръкс, чун диданд, ки башорат барои номахтунон ба ман супурда шудааст, чунон ки барои махтунон ба Петрус,
  8. Зеро Он ки ба Петрус дар ҳавворияташ назди махтунон мадад карда буд, ба ман низ назди халқҳо мадад кардааст,
  9. Ва чун Яъқуб ва Кифо ва Юҳанно, ки эътибори арконро доштанд, аз файзе ки ба ман ато шудааст, вуқуф ёфтанд, дасти ширкат ба ман ва Барнаббо доданд, то ки мо назди халқҳо биравем, ва онҳо назди махтунон;
  10. Фақат ин ки мо бенавоёнро дар хотир нигоҳ дорем, ва ман иштиёқманд будам, ки маҳз ҳаминро ба ҷо оварам.

Павлус“бо  имон  сафед  шудан“-ро  дар  Антиёхия  аз  Петрус  ҳимоят  мекунад.

  1. Аммо вақе ки Петрус ба Антиёхия омад, ман шахсан ба ў мухолифат кардам, чунки ў айбдор буд.
  2. Зеро, пеш аз он ки баъзе касон аз ҷониби Яъқуб биёянд, ў бо ғайрияҳудиён хўрок мехўрд; лекин вақте ки онҳо омаданд, аз тарси махтунон худро дур кашид ва канорагирӣ кард.
  3. Бо якҷоягии ў яҳудиёни дигар ҳам риёкорӣ карданд, ба тавре ки Барнаббо низ саргарми риёкории онҳо шуд.
  4. Аммо, чун дидам, ки онҳо мувофиқи ростии Инҷил рафтори рост намекунанд, дар ҳузури ҳама ба Кифо гуфтам:’’Агар ту яҳудӣ ҳастӣ, на ба тариқи яҳудиён балки ба тариқи ғайрияҳудиён зиндагӣ мекунӣ, чаро ғайрияҳудиёнро маҷбур менамоӣ, ки ба тариқи яҳудиён рафтор кунанд?
  5. Мо табиатан яҳудӣ ҳастем, на ин ки гуноҳкороне аз байни ғайрияҳудиён;
  6. Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд.
  7. Аммо агар, дар Масеҳ сафед шудан хоста, худамон ҳам гуноҳкор бароем, наход ки Масеҳ хизматгори гуноҳ бошад? Ба ҳеҷ сурат!
  8. Зеро, агар ман он чиро, ки хароб кардаам, аз нав ба вуҷуд оварам, ман худро ҷинояткор мегардонам’’.

Масеҳӣ  бо  имон  ба  Писари  Худо  зиндгӣ  мекунад.

  1. ‘‘Зеро ки ман ба воситаи шариат ба шариат мурдаам, то ки барои Худо зиндагӣ кунам.
  2. Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ў маро дўст дошт ва Худро барои ман таслим кард.
  3. Файзи Худоро ботил намекунам; зеро, агар сафед шудан ба воситаи шариат бошад, Масеҳ бар абас мурдааст’’.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s