Якум Қӯринтиён боби 9

Намунаи  Павлус  дар  тарккунӣ.

  1. Оё ман ҳавворӣ нестам? Оё ман озод нестам? Оё ман Худованди мо Исои Масеҳро надидаам? Оё шумо амали ман дар Худованд нестед?
  2. Агар барои дигарон ман ҳавворӣ набошам, барои шумо ҳастам, зеро ки мўҳри ҳавворияти ман дар Худованд шумо ҳастед.
  3. Ҳизфи ман ба муқобили онҳое ки маро маззамат мекунанд, ҳамин аст.
  4. Оё мо ҳаққи хўрдан ва нўшидан надорем?
  5. Оё ҳақ надорем, ки мисли ҳаввориёни дигар ва бародарони Худованд ва Кифо завҷаи имондорро ҳамроҳи худ бибарем?
  6. Оё танҳо ман ва Барнаббо ҳақ надорем, ки кор накунем?

Онҳое  ки  Инҷилро  мавъиза  менамоянд,  бояд  аз  башорат  додани  Инҷил  зиндагӣ  кунанд.

  1. Кист, ки ягон вақт хизмати сарбозиро бо нафақаи худаш ба ҷо оварда бошад? Кист, ки ток шинонда, аз ангураш намехўрда бошад? Кист, ки рамаро чаронда, аз шири рама намехўрда бошад?
  2. Оё инро ман фақат ба таври инсонӣ мегўям? Оё шариат низ инро намегўяд?
  3. Зеро ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст:“Вақте ки барзагов хирман мекўбад, даҳонашро набанд“. Оё Худо дар бораи барзагов ғамхорӣ мекунад?
  4. Ё ки, албатта, барои мо гуфта шудааст? Оре, ин барои мо навишта шудааст; зеро ки шудгоркунанда бояд бо умед шудгор кунад, ва хирманкўб бо умеди гирифтани саҳми худ хирман кўбад.
  5. Модоме ки мо дар миёни шумо чизҳои рўҳониро коштаем, оё ин як кори бузург аст, ки агар назди шумо чизҳои ҷисмониро дарав кунем?
  6. Агар дигарон назди шумо ҳақ дошта бошанд, оё ҳаққи мо зиёдтар нест? Лекин мо аз ин ҳақ истофида набурдем, балки ҳар чизро тоқат мекунем, то ки ба башорати Масеҳ ҳеҷ мамониате нарасонем.
  7. Магар намедонед, ки онҳое ки дар маъбад хизмат мекунанд, аз маъбад мехўранд? Ва ходимони қурбонгоҳ аз қурбонгоҳ ҳиссае мегирад?
  8. Ҳамчунин Худованд фармудааст, ки воизони Инҷил аз башорат додани Инҷил зиндагӣ кунанд.
  9. Лекин ман аз инҳо ҳеҷ якеро истифода накардаам. Ва инро на аз барои он навиштаам, ки барои ман ҳамин тавр бошад; зеро барои ман мурдан беҳтар аст аз он ки касе ин фахри маро нест кунад.
  10. Зеро, агар башорат диҳам, ин барои ман сабаби фахр нест, чунки ин барои ман як кори воҷибист: вой бар ҳоли ман, агар башорат надиҳам!
  11. Зеро, агар инро ба таври ихтиёри ба ҷо оварам, мукофот мегирам; лекин агар ба таври ғайриихтиёрӣ бошад, ин як вазифаи маъмуриест, ки ба зиммаи ман гузошта шудааст.
  12. Пас мукофоти ман чист? Он аст, ки Инҷилро мавъиза намуда, дар бораи Масеҳ бемузд башорат медиҳам ва аз ҳаққи башоратдиҳандагии худ истифода намебарам.

Намунаи  хизматгузории  ҳақиқӣ.

  1. Зеро, бо вуҷуди он ки аз ҳама озод будам, худро ғуломи ҳама гардондам, то ки шумораи бештари одамонро ба Масеҳ ҷалб намоям;
  2. Барои яҳудиён чун яҳудӣ шудам, то ки яҳудиёнро ҷалб намоям; барои аҳли шариат чун аҳли шариат шудам, то ки аҳли шариатро ҷалб намоям;
  3. Барои бешариатон чун бешариат шудам, гарчанде ки ман пеши Худо бешариат нестам, балки аз аҳли шариати Масеҳам, то ки бешариатонро ҷалб намоям:
  4. Барои нотавонон чун нотавонон шудам, то ки нотавононро ҷалб намоям. Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам, то ки бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот диҳам.
  5. Инро ман барои Инҷил мекунам, то ки шарики баракоти он бошам.
  6. Оё намедонед, ки давандагони майдони мусобиқа ҳама медаванд, аммо фақат як нафар мукофт мегирад? Ҳамин тавр бидавед, то ки соҳиби он гардед.
  7. Ҳамаи риёзаткашон аз ҳар чиз худдорӣ мекунанд: онҳо барои гирифтани тоҷи фонӣ, лекин мо барои гирифтани тоҷи ғайрифонӣ.
  8. Бинобар ин ман медавам на он тавре ки бар абас бошад, ва мушт мезанам на он тавре ки фақат барои задани ҳаво бошад;
  9. Балки ҷисми худро азоб медиҳам ва ғулом мегардонам, то ки ба дигарон мавъиза намуда, худам маҳрум набошам.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s