Якум Қӯринтиён боби 8

Дар  бораи  истеъмоли  қурбониҳои  бутҳо.

  1. Дар бораи қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки ҳамаамон соҳиби дониш ҳастем. Дониш мағрур мегардонад, аммо муҳабат обод мекунад.
  2. Агар касе гумон кунад, ки ягон чизро медонад, ў ҳанўз ҳеҷ чизро ончунон ки донистанаш лозим аст, намедонад;
  3. Аммо касе ки ба Худо муҳаббат дорад, вай ба воситаи Худо шинохта шудааст.
  4. Пас, дар бораи хўрдани қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки бут дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ва ҷуз Худои Ягона худои дигаре нест.
  5. Зеро, ҳар чанд ба ном худоён чи дар осмон, чи дар замин ҳастанд, чунки худоёни бисьёр ва худовандони бисьёр ҳастанд,
  6. Лекин мо як Худо дорем, яъне Худои Падар, ки ҳама чиз аз Ўст, ва мо барои Ў ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳама чиз ба воситаи Ўст, ва мо ба воситаи Ў ҳастем.
  7. Аммо ҳама дорои ин дониш нестанд: баъзе касон то алҳол, аз рўи одати деринаи будпарастӣ, ин хўрокро чун қурбонии бут мехўранд, ва виҷдони онҳо, ки нотавон аст, наҷис мешавад.
  8. Хўрок моро ба Худо наздик намекунад: зеро ки на аз хўрдан манфиате мебинем, на аз нахўрдан зиёне.
  9. Аммо бохабар бошед, ки ин озодии шумо сабаби васвасаи нотавонон нашавад.
  10. Зеро, агар касе туро, ки соҳиби дониш ҳастӣ, бубинад, ки дар сари суфраи бутхона нишастаӣ, оё виҷдони ў, ки нотавон аст, ўро низ ба хўрдани қурбониҳои бутҳо моил намекунад?
  11. Ва аз дониши ту он бародари нотавон, ки Масеҳ барои ў мурд, нобуд мешавад.
  12. Ва ба ин тариқа бар зидди бародарон гуноҳ карда ва ба виҷдони нотавони онҳо осеб расонда, шумо бар зидди Масеҳ гуноҳ мекунед.
  13. Бинобар ин, агар хўрок бародари маро ба васваса меандохта бошад, ҳаргиз гўшт намехўрам, то ки бародари худро ба васваса наандозам.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s