Якум Қӯринтиён боби 7

Никоҳ  ва  муҷараддӣ.

  1. Дар бораи он чи ба ман навишта будед, барои одам хуб аст, ки ба зан даст нарасонад.
  2. Аммо, барои пешгирӣ кардани зино, бигзор ҳар мард завҷаи худро дошта бошад, ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад.
  3. Бигзор шавҳар вазифаи заношўиро нисбат ба зани худ ба ҷо оварад; ҳамчунин завҷа ба шавҳари худ.
  4. Завҷа бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они шавҳар аст; ҳамчунин шавҳар бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они завҷа аст.
  5. Аз якдигар канорагирӣ накунед, магар ба муддате, бо ризогии ҳар ду, то ки ба рўзаву дуо машғул кунед ва аз нав якҷоя шавед, то ки шайтон шуморо, ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон, ба васваса наандозад.
  6. Лекин инро ман ба тариқи маслиҳат мегўям, на ба тариқи фармоиш.
  7. Зеро мехоҳам, ки ҳамаи одамон мисли ман бошанд; аммо ҳар кас лаёқати ба худ хосе аз Худо дорад, яке ин тавр, дигаре ба таври дигар.
  8. Лекин ба муҷаррадон ва бевазанон мегўям: барои онҳо хуб аст, ки мисли ман бимонанд;
  9. Аммо агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор никоҳ кунанд; зеро ки никоҳ кардан аз сўхтани оташи шаҳват беҳтар аст.

Талоқ.

  1. Ба онҳое ки никоҳ карданд, на ман фармоиш медиҳам, балки Худованд: завҷа аз шавҳараш набарояд,
  2. Ва агар барояд, бояд муҷаррад бимонад, ё ки бо шавҳараш оштӣ шавад, ва шавҳар завҷаашро талоқ надиҳад.
  3. Ба дигарон ман мегўям, на Худованд: агар бародаре завҷаи беимон дошта бошад, ва он завҷа розӣ бошад бо ў зиндагӣ кунад, ў набояд аз вай ҷудо шавад.
  4. Ва завҷае ки шавҳари беимон дошта бошад, ва он шавҳар розӣ бошад, бо вай зиндагӣ кунад, вай набояд аз ў ҷудо шавад;
  5. Зеро ки шавҳари беимон ба воситаи завҷаи имондораш қудсият пайдо мекунад, ва завҷаи беимон ба воситаи шавҳари имондораш қудсият пайдо мекунад; вагарна фарзандони шумо нопок мебуданд, ва ҳол он ки дар асл онҳо муқаддас ҳастанд.
  6. Аммо агар беимон ҷудо шудан хоҳад, бигзор ҷудо шавад; дар чунин вазъият бародар ё хоҳар дигар вобаста нест; Худованд моро ба осоиштагӣ даъват намудааст.
  7. Зеро аз куҷо ту донӣ, эй завҷа, ки шавҳаратро наҷот хоҳӣ дод? Ё аз куҷо ту донӣ, эй шавҳар, ки забҷаатро наҷот хоҳӣ дод?

Имондорон  бояд  бар  ҳасби  иродаи  Худо  рафтор  кунанд  ва  дар  ҳамон  ҳолате  ки  даъват  шудаанд,  бимонанд.

  1. Бигзор ҳар кас дар он ҳолате ки Худо ўро насиб кардааст, ва ҳар кас дар он вазъе ки Худованд ўро даъват намудааст, бимонад. Дар ҳамаи калисоҳо ман ҳамин тавр дастур медиҳам.
  2. Агар шахси махтуне даъват шуда бошад, орзуи номахтунӣ накунад; ва агар номахтуне даъват шуда бошад, хатна накунад.
  3. Хатна ҳеҷ аст, номахтунӣ ҳам ҳеҷ аст, балки аз ҳама муҳимтар риояи аҳкоми Худост.
  4. Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, дар ҳамон бимонад.
  5. Агар дар ҳолати ғуломӣ даъват шуда бошӣ, нороҳат нашав; балки агар озод шуда тавонӣ ҳам, аз фурсат истифода бар.
  6. Зеро ғуломе ки дар Худованд даъват шудааст, озоди Худованд аст; инчунин шахси озоде ки даъват шудааст, ғуломи Масеҳ аст.
  7. Шумо ба нархи гарон харида шудаед: ғуломи одамон нагардед.
  8. Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, эй бародарон, дар ҳамон назди Худо бимонад.

Машваратҳо  ба  имондорон  дар  бораи  бакорат  ва  заношўӣ.

  1. Дар хусуси бокираҳо аз Худованд фармоише надорам, лекин, ҳамчун шахсе ки аз Худованд марҳамат ёфтааст, ки амин бошад, маслиҳати худро баён мекунам.
  2. Пас, ба сабаби тангии вазъияти ҳозира, ман онро беҳтар медонам, ки барои одам хуб аст, агар ҳамон тавр, ки ҳаст, бимонад.
  3. Оё зандор ҳастӣ? толиби талоқ набош. Оё безан ҳастӣ? толиби зан набош.
  4. Аммо агар зандор ҳам шавӣ, гуноҳе намекунӣ; ва агар бокирае ба шавҳар расад, гуноҳе намекунад. Лекин чунин касон дар ҷисм азобҳо хоҳанд дошт; ва ман ба шумо раҳмхўрӣ мекунам.
  5. Ба шумо, эй бародарон, инро мегўям: вақт танг аст, ба тавре ки зандорон бояд мисли безанон бошанд;
  6. Ва гирьёнон мисли он ки гирьён набошанд; ва шоддилон мисли он ки шоддил набошанд; ва харидорон мисли он ки хариде накарда бошанд;
  7. Ва онҳое ки аз ин ҷаҳон фоида мебаранд, мисли он ки фоидабар набошанд; зеро ки сурати ин ҷаҳон гузарон аст.
  8. Ман хоҳиш дорам, ки шумо беғам бошед. Марди безан дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад;
  9. Аммо Марди зандор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба завҷааш писанд афтад. Дар миёни зани шавҳардор ва бокира ҳам фарқе ҳаст.
  10. Зани бешавҳар дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад, то ки ҳам дар ҷисм ва ҳам дар рўҳ муқаддас бошад; аммо зани шавҳардор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба шавҳари худ писанд афтад.
  11. Инро ман ба фоида шумо мегўям, на аз барои он ки банду боре бар шумо андозам, балки барои он ки шумо боодобона ва пай дарҳам дар ибодати Худованд бошед, бе он ки чизе ба ин монеъ шавад.
  12. Лекин агар касе рафторашро ба бокираи худ номуносиб донад, ки вай ба синни балоғат расида, бе шавҳар мемонад, бигзор ў он чи мехоҳад, бикунад, гуноҳе намекунад; бигзор онҳо ба шавҳар бирасанд.
  13. Аммо касе ки дар дили худ бағоят матин аст ва эҳтиёҷе надорад, балки иродаи қавӣ дошта, дар дили худ азм кардааст, ки бокираи худро нигоҳ дорад, ў кори хуб мекунад.
  14. Бинобар ин, касе ки бокираи худро ба шавҳар медиҳад, кори хуб мекунад, ва касе ки ба шавҳар намедиҳад, кори хубтар мекунад.
  15. Зан, мувофиқи шариат, то даме ки шавҳараш зинда аст, ба ў тааллуқ дорад; пас аз вафоти шавҳараш вай озод шуда, ба ҳар касе ки хоҳад, никоҳ кунад, фақат дар Худованд бошад.
  16. Лекин, ба фикри ман, вай хушбахттар аст, агар бева бимонад; ва ба гумонам, ман низ Рўҳи Худоро дорам.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s