Якум Қӯринтиён боби 6

Мурофиаи  худро  назди  гуноҳкорон  бурдан  ба  имондорон  манъ  карда  шудааст.

  1. Касе аз шумо, вақте ки ба дигаре даъво дорад, оё ҷуръат мекунад, ки мурофиаи худро назди гуноҳкорон барад, на назди муқаддасон?
  2. Магар намедонед, ки муқаддасон ҷаҳонро доварӣ хоҳанд кард? Ва агар шумо ҷаҳонро доварӣ мекарда бошед, наход ки сазовори он нестед, ки корҳои хурдтарро доварӣ кунед?
  3. Магар намедонед, ки мо фариштагонро доварӣ хоҳем кард? Пас чӣ қадар зиёдтар корҳои маишатро!
  4. Лекин шумо, вақте ки мурофиаи маишӣ доред, онҳоеро, ки дар калисо ҳеҷ эътиборе надоранд, ба доварӣ мешинонед.
  5. Барои хиҷил шуданатон мегўям: наход ки дар байни шумо як нафар ҳам бохираде нест, ки дар миёни бародарони худ доварӣ карда тавонад?
  6. Аммо бародар бо бародар мурофиа мекунад, он ҳам дар пеши беимонон.
  7. Худи ҳамин ҳам барои шумо зиллатовар аст, ки байни худ мурофиа доред. Чаро барои худ мазлумиятро афзал намедонед? Чаро ба маҳрумият тоб оварданро афзал намедонед?
  8. Лекин худатон мазлум ва маҳрум мекунед, он ҳам бародарони худро.

Имондорон  бояд  худро  аз  гуноҳ  нигоҳ  дорад.

  1. Оё намедонед, ки золимон вориси Малакути Худо намешаванд? Фирефта нашавед: на зинокорон, на бутпарастон, на фосиқон, на бачабозон, на ливотагарон,
  2. На дуздон, на ҳаромризқон, на бадмастон, на бадзабонон, на ғоратгарон вориси Малакути Худо намешаванд.
  3. Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рўҳи Худои мо.
  4. Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин набояд ки чизе маро бандаи худ гардонад.
  5. Хўрок барои шикам аст, ва шикам барои хўрок; аммо Худо инро ва онро нест мекунад; лекин ҷисм на барои зино, балки барои Худованд аст, ва Худованд барои ҷисм аст.
  6. Чунон ки Худо Худовандро бо қуввати Худ эҳьё кард, моро низ эҳьё хоҳад кард.
  7. Магар намедонед, ки ҷисмҳои шумо узвҳои Масеҳанд? Пас оё узвҳои Масеҳро мегирам, то ки онҳоро узвҳои фоҳиша гардонам? Ҳошо калло!
  8. Оё намедонед, ки ҳар кӣ бо фоҳиша ҷимоъ кунад, бо вай як тан мешавад? Зеро ки гуфта шудааст:“Ҳар ду як ҷисм хоҳанд буд“.
  9. Аммо ҳар кӣ бо Худованд пайванд шавад, бо Ў як рўҳ аст.
  10. Аз зино бигрезед. Ҳар гуноҳе ки одамизод мекунад, аз ҷисм берун аст, лекин зинокор бар зидди ҷисми худаш гуноҳ мекунад.
  11. Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рўҳулқудс аст, ки Он дар шумо сокин аст, ва Онро шумо аз Худо ёфтаед, ва шумо аз они худатон нестед?
  12. Зеро ки шумо ба нархи гарон харида шудаед. Пас, дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳои худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s