Якум Қӯринтиён боби 5

Павлусси  ҳавворӣ  дастур  медиҳад, ки  касони  аз  ҷиҳати  маънавӣ  фосидшударо  аз  калисо  хориҷ  кунанд.

  1. Овозае ба гўшам расид, ки дар байни шумо зино пайдо шудааст, он ҳам чунон зино, ки ҳатто дар байни бутпарастон шунида нашудааст, яъне шахсе зани падари худро гирифтааст.
  2. Ва шумо мағрур шудаед, ба ҷои он ки мотам гиред, то он касе ки чунин коре кардааст, аз миёни шумо бадар шавад.
  3. Зеро ки ман, агарчи ҷисман ғоибам, лекин рўҳан ҳозирам, аллакай, гўё ки назди шумо бошам, дар ҳаққи шахсе ки чунин коре кардааст, ҳукм намудам:
  4. Ба исми Худованди мо Исои Масеҳ, вақте ки шумо бо якҷоягии рўҳи ман ва бо қуввати Худованди мо Исои Масеҳ ҷамъ шавед,
  5. Он шахс барои ҳалокати ҷисмаш ба шайтон супурда шавад, то ки рўҳаш дар рўзи Худованди мо Исои Масеҳ наҷот ёбад.
  6. Фахри шумо хуб нест. Оё намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад?
  7. Пас, хамиртурши кўҳнаро тоза кунед, то ки шумо хамири нав бошед, чунки шумо бе хамиртуруш ҳастед, зеро ки Фисҳи мо, Масеҳ, барои мо забҳ шудааст.
  8. Бинобар ин идро на бо хамиртуруши кўҳна, на бо хамиртуруши шарорат ва макр, балки бо фатири покӣ ва ростӣ ба ҷо хоҳем овард.
  9. Ба шумо дар нома навиштаам, ки бо зинокорон алоқа накунед;
  10. Лекин на умуман бо зинокорони ин ҷаҳон, ё бо ҳаромрисқон, ё бо ғораткорон, ё бо бутпарастон, зеро дар ин сурат шуморо лозим меомад, ки аз ҷаҳон берун шавед;
  11. Балки ба шумо навиштаам, ки бо касе алоқа накунед, ки худро бародар номида, зинокор, ё ҳаромрисқ, ё бутпараст, ё бадзабон, ё бадмаст, ё ғоратгар шуда мондан мегирад; бо чунин одам якҷоя хўрок ҳам нахўред.
  12. Зеро ки чаро ман ба онҳое ки дар берунанд, доварӣ кунам? Оё шумо ба онҳо ки дар дохиланд, доварӣ намекунед?
  13. Ба онҳое ки дар берунанд, Худо доварӣ мекунад. Пас шумо фосиқро аз миёни худ бадар кунед.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s