Якум Қӯринтиён боби 3

5. Ҷудоиҳо дар бораи  ҳолати  ҷисмонӣ  шаҳодат  медиҳанд.

  1. Ва ман, эй бародарон, натавонистам бо шумо, ҳамчун касони рўҳонӣ, сухан ронам, балки ҳачун касони ҷисмонӣ, ё кўдакон дар Масеҳ.
  2. Ва шуморо шир хўрондам, на ғизои сахт, зеро ки шумо ҳанўз омодагӣ барои он надоштед ва ҳоло низ надоред,
  3. Чунки шумо ҳанўз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, баҳсу мунозира ва ихтилоф ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед?
  4. Зеро, вақте ки яке:“Ман аз они Павлус ҳастам“ ва дигаре:“Ман аз они Апўллўс“ мегўяд, оё шумо ҷисмонӣ нестед?

6. Муаллимони масеҳӣ хизматгорони  Худо  ҳастанд,   на  хизматгорони  инсонӣ.

  1. Пас, Павлус кист? Ва Апўллўс кист? Онҳо фақат ходимоне ҳастанд, ки ба воситаи онҳо шумо имон овардаед, ва ҳар яке ба андозае ки Худованд ба вай ато кардааст.
  2. Ман кишт кардам, Апўллўс об дод, лекин Худо сабзонид;
  3. Бинобар ин на кишткунанда аҳамият дорад, на обдиҳанда, балки Худои сабзонанда.
  4. Кишткунанда ва обдиҳанда баробаранд, лекин ҳар яке музди худро мувофиқи меҳнати худ хоҳад гирифт.
  5. Зеро ки мо хизматгорони Худо ҳастем; шумо киштзори Худо, иморати Худо ҳастед.
  6. Аз рўи файзи Худо, ки ба ман ато шудааст, ман, чун меъмори доно, таҳкурсӣ ниҳодам, ва дигаре бар он иморат месозад; лекин ҳар кас бохабар бошад чӣ гуна месозад.
  7. Зеро ҳеҷ кас таҳкурсии дигаре ниҳода наметавонад, ҷуз он ки ниҳода шудааст, ки он Исои Масеҳ аст.
  8. Ва агар касе бар ин таҳкурсӣ иморате аз тилло, нуқра, ҷавоҳирот, ё чўб, хасбеда, пахол бино кунад,
  9. Амали ҳар кас зоҳир хоҳад шуд; зеро ки он рўз нишон хоҳад дод, чунки дар оташ ошкор хоҳад шуд, ва оташ амали ҳар касро озмоиш хоҳад кард, ки он чӣ гуна аст.
  10. Агар амали касе ки бар он сохтааст, пойдор бимонад, вай музд хоҳад гирифт.
  11. Ва агар амали касе бисўзад, вай зиён хоҳад дид; валекин худаш наҷот хоҳад ёфт, аммо тавре ки гўё аз даруни оташ гузашта бошад.

7. Онҳое ки ба  Исо  имон  доранд,  маъбади  Худоро  ташкил  мекунад.

  1. Оё шумо намедонед, ки маъбади Худо ҳастед, ва Рўҳи Худо дар шумо сокин аст?.
  2. Агар касе маъбади Худоро вайрон кунад, Худо ўро хонавайрон хоҳад кард, зеро ки хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳатед.
  3. Зинҳор касе худро фирефта накунад: агар касе аз шумо худро дар ин ҷаҳон ҳаким медониста бошад, бигзор ҷоҳил шавад, то ки ҳаким гардад.
  4. Зеро ки ҳикмати ин ҷаҳон пеши Худо ҷаҳолат аст, чунон ки навишта шудааст:“Ҳакимонро ба макри худашон гирифтор мекунам“.
  5. Ва боз:“Худованд афкори ҳакимонро медонад, ки ботил аст“.
  6. Хуллас, ҳеҷ кас ба одамон фахр накунад, зеро ки ҳамааш аз они шумост:
  7. Хоҳ Павлус, хоҳ Апўллўс, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ мамот, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда ҳамааш аз они шумост;
  8. Ва шумо аз они Масеҳ ҳастед, ва Масеҳ аз они Худо.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s