Якум Қӯринтиён боби 2

3. Мавъизаи оддии ҳавворӣ  дар  бораи  Салиби  Масеҳ.

  1. Ва ҳангоме ки ман, эй бародарон, назди шумо омадам, на бо фазилати калом ё ҳикмати одам, то шаҳодати Худоро ба шумо эълон намоям,
  2. Зеро ман қарор додам, ки дар миёни шумо, ба ҷуз Исои Масеҳ, он ҳам Исои Масеҳи маслубшуда, чизе надонам;
  3. Ва ман дар заъф ва дар тарсу ларзи бузурге назди шумо будам,
  4. Ва калому мавъизаи ман на дар суханони исботкоронаи ҳикмати инсон, балки дар зуҳури рўҳ ва қувват буд,
  5. То ки имони шумо на бар ҳикммати инсон, балки бар қуввати Худо қарор ёбад.

4. Ҳикмати Худо фақат  ба  воситаи  Рўҳ  дониста  мешавад.

  1. Аммо дар бораи ҳикмат мо дар миёни комилон сухан меронем, вале на дар бораи ҳикмати ин ҷаҳон ва мирони ҷаҳон, ки фано хоҳанд шуд,
  2. Балки дар бораи ҳикмати Худо маҳрамона сухан меронем, дар бораи ҳикмати ниҳоние ки Худо аз азал барои ҷалоли мо муқарар кардааст,
  3. Ки онро ҳеҷ яке аз мирони ин ҷаҳон надонист; зеро, агар медонистанд, Худованди ҷалолро маслуб намекарданд.
  4. Аммо, чунон ки навишта шудааст:“Он чиро, ки чашме надидааст, гўше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дўстдорони Худ муҳайё кардааст“.
  5. Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рўҳи Худ ошкор сохтааст; зеро ки Рўҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро пай мебарад.
  6. Зеро кист аз одамон, ки ботини инсонро бидонад, ба ҷуз рўҳи инсон, ки дар ўст? Ҳамчунин он чиро, ки дар Худо ҳаст, ҳеҷ кас намедонад, ба ҷуз Рўҳи Худо.
  7. Лекин мо на рўҳи ин ҷаҳонро, балки Рўҳеро қабул кардаем, ки аз Худост, то он чиро, ки Худо ба мо ато кардааст, бидонем,
  8. Ва инро на бо суханоне ки ҳикмати инсон таълим додааст бидонем, балки бо суханоне ки Рўҳулқудс таълим додааст, мегўем ва рўҳиётро бар тибқи рўҳ таъбир мекунем.
  9. Аммо одами нафсонӣ он чиро, ки аз Рўҳи Худост, қабул намекунад, чунки он дар назари ў ҷаҳолат аст; ва онро дарк карда наметавонад, чунки он ҳукми рўҳониро металабад.
  10. Лекин одами рўҳонӣ дар бораи ҳама чиз ҳукм мекунад, вале касе наметавонад дар бораи ў дуруст ҳукм кунад.
  11. Зеро кист, ки фикри Худовандро дониста бошад, то ки Ўро таълим диҳад? Лекин мо фикри Масеҳро дорем.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s