Якум Қӯринтиён боби 16

Пандҳои  хотимавии  ҳавворӣ. 1. Ҷамъ кардани пул  барои  калисои  Ерусалим.

  1. Дар бобати ҷамъ кардани ионот барои муқаддасон шумо ончунон рафтор кунед, чунон ки ман ба калисоҳои Ғалотия дастур додаам:
  2. Дар рўзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки дар вақти омаданам ба ҷамъ кардан ҳоҷат наафтад.
  3. Ва ҳангоме ки биёям, онҳоеро, ки шумо муносиб донед, бо мактубҳо хоҳам фиристод, то ки хайроти шумморо ба Ерусалим бибаранд.
  4. Ва агар рафтани ман ҳам салоҳ дониста шавад, онҳо ҳамроҳи ман хоҳанд рафт.

2. Нақшаҳои сафар. Насиҳатҳо.

  1. Пас аз он ки аз Мақдуния бигзарам, назди шумо хоҳам омад, зеро аз Мақдуния хоҳам гузашт.
  2. Лекин эҳтимол дорад, ки муддате назди шумо бошам ё ҳатто зимистонро гузаронам, то ба ҳар ҷое ки равам, шумо маро гусел намоед.
  3. Зеро намехоҳам, ки бо шумо ҳоло фақат дар сари роҳ дидорбинӣ кунам, балки умедворам, ки агар Худованд изн диҳад, якчанд вақт назди шумо бимонам.
  4. Аммо то иди пантикост ман дар Эфсўс хоҳам монд.
  5. Зеро ки дарвозаи бузургу фарохе барои ман кушода аст, ва мухолифон бисьёранд.
  6. Агар Тимотиюс ояд, бохабар бошед, ки ў назди шумо аз хатар эмин бошад, зеро ки ў кори Худовандро ба ҷо меоварад, чунон ки ман низ;
  7. Бинобар ин ҳеҷ кас ба ў беэътиноӣ накунад, балки ўро ба саломатӣ гусел кунед, то ки назди ман биёяд, зеро ки ўро бо бародарон мунтазирам.
  8. Дар хусуси бародари мо Апўллўс бошад, ман аз ў бисьёр хоҳиш кардам, ки бо бародарон назди шумо биёяд, вале ў ҳеҷ розигӣ надод, ки алҳол биёяд, балки ҳар гоҳ фурсат ёбад хоҳад омад.
  9. Ҳушьёр бошед, дар имон устувор бошед, мардвор ва матин бошед;
  10. Бигзор ҳамаи корҳои шумо бо муҳаббат ба ҷо оварда шавад.
  11. Аз шумо, эй бародарон, илтимос дорам: шумо хонаводаи Истефанусро мешиносед, ки навбари Охоия ҳастанд ва худро ба хизмати муқаддасон супурдаанд;
  12. Шумо низ нисбат ба ин гуна шахсон ва нисбат ба ҳар касе ки ба онҳо кўмак мерасонад ва меҳнат мекунад, эҳтиромкор бошед.
  13. Аз омадани Истефанус, Фортунатус ва Охойқўс хурсандам: онҳо камии шуморо барои ман пур кардаанд,
  14. Зеро ки рўҳи ману шуморо ором карданд. Чунин одамонро иззату ҳурмат кунед.

3. Саломҳо.

  1. Калисоҳои вилояти Осиё ба шумо салом мерасонанд; Акило ва Прискила бо калисое ки дар хонаи онҳост, ба шумо саломи бисьёре дар Худованд мерасонанд.
  2. Ҳамаи бародарон ба шумо салом мерасонанд. Ба якдигар бо бўсаи муқаддас салом расонед.
  3. Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам.
  4. Ҳар кӣ Исои Масеҳи Худовандро дўст надорад, малъун бод; мороното.
  5. Файзи Исои Масеҳи Худованд бо шумо бод,
  6. Ва муҳаббати ман бо ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ бод. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s