Якум Қӯринтиён боби 15

Эҳьёи  мурдагон. 1. Ҳақиқӣ будани эҳьёи  Масеҳ.

  1. Ва ман, эй бародарон, ба шумо Инҷилро хотиррасон мекунам, ки онро ба шумо башорат додаам, ва шумо онро қабул кардаед, ва дар он устувор ҳастед,
  2. Ва дар он наҷот меёбем, ба шарте ки он чиро, ки ба шумо башорат додаам, риоя кунед, ба шарте ки имонатон бар абас набошад.
  3. Зеро ки дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супурдаам, ки яъне Масеҳ, мувофиқи Навиштаҳо, барои гуноҳҳои мо мурд,
  4. Ва Ў дафн карда шуд ва, мувофиқи Навиштаҳо, дар рўзи сеюм эҳьё шуд,
  5. Ва ба Кифо ва баъд ба он дувоздаҳ нафар зоҳир шуд;
  6. Пас аз он ба зиёда аз панҷсад нафар бародарон дар як вақт зоҳир шуд, ки қисми зиёди онҳо то ҳол зиндаанд, вале баъзе вафот кардаанд,
  7. Пас аз он ба Яъқуб, инчунин ба ҳамаи ҳаввориён зоҳир шуд;
  8. Ва пас аз ҳама ба ман низ, ки гўё тифли хоме будам, зоҳир шуд.
  9. Зеро ки ман хурдтарини ҳаввориёнам, ва сазовори он нестам, ки ҳавворӣ номида шавам, чунки калисои Худовандро таъқиб мекардам.
  10. Аммо ба файзи Худо он чи ҳастам, ҳастам; ва файзи Ў дар ман бар абас набуд, лекин ман аз ҳамаи онҳо зиёдтар меҳнат кардам; аммо на ман, балки файзи Худо, ки бо ман аст.
  11. Хуллас, хоҳ ман ва хоҳ онҳо, ҳамин тавр мавъиза мекунем, ва шумо ҳамин тавр имон овардед.

2. Ба муқобили раддияи  эҳьё.

  1. Лекин агар дар бораи Масеҳ мавъиза карда мешаванд, ки Ў аз мурдагон эҳьё шуд, пас чӣ тавр баъзе аз шумо магўянд, ки эҳьёи мурдагон нест?
  2. Агар эҳьёи мурдагон нашуда бошад, Масеҳ низ эҳьё нашудааст.
  3. Ва агар Масеҳ эҳьё нашуда бошад, мавъиза мо низ бар абас аст, имони шумо низ барабас аст.
  4. Дар айни ҳол мо низ шоҳидони козибе дар ҳаққи Худо мебудем, чунки дар ҳаққи Худо шаҳодат медодем, ки Ў Масеҳро эҳьё кардааст, ва ҳол он ки, агар ҳақиқатан мурдагон эҳьё нашаванд, Ўро эҳьё накардааст;
  5. Зеро, агар мурдагон эҳьё нашаванд, Масеҳ низ эҳьё нашудааст;
  6. Ва агар Масеҳ эҳьё нашуда бошад, имони шумо бар абас аст; шумо ҳанўз дар гуноҳҳои худ мебошед;
  7. Бинобар ин онҳое ҳам, ки дар Масеҳ мурдаанд, нобуд шуданд.
  8. Ва агар мо фақат дар ҳамин ҳаёт ба Масеҳ умед мебаста бошем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарем.
  9. Аммо Масеҳ аз мурдагон эҳьё шуда, навбари мурдагон гардид.
  10. Зеро, чунон ки мамот ба воситаи инсон омад, эҳьёи мурдагон низ ба воситаи инсон омад.
  11. Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд.
  12. Ҳар яке бо навбати худ: аввал Масеҳ, баъд онҳое ки аз они Масеҳанд дар вақти омадани Ў.
  13. Баъд охират фаро мерасад, ки он вақт Ў Малакутро ба Худо ва Падар месупорад ва ҳар гуна раёсат ва ҳар гуна қудрат ва қувватро барҳам медиҳад;
  14. Зеро Ў бояд салтанат ронад то даме ки ҳамаи душманонро зери пойҳои Худ сарнагун созад.
  15. Душмани охирине ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст,
  16. Чунки ҳама чизро зери пойҳои Ў мутеъ кардааст; вақте ки мегўяд: ҳама чиз ба Ў мутеъ карда шуд, равшан аст, ки ин ба истиснои Он аст, ки ҳама чизро ба Ў мутеъ кардааст.
  17. Ҳангоме ки ҳама чиз ба Ў мутеъ карда шуд, он гоҳ Худо Писар ҳам ба Он ки ҳама чизро ба Ў мутеъ кард, мутеъ хоҳад шуд, то ки Худо кулл дар кулл бошад.
  18. Вагар на, онҳое ки барои мурдагон таъмид меёбанд, чӣ хоҳанд кард? Агар мурдагон мутлақо эҳьё намешуда бошанд, чаро барои мурдагон таъмид меёбанд?
  19. Чаро мо низ ҳар соат ба мусибатҳо дучор мешавем?
  20. Эй бародарон, қасам ёд мекунам, ки ман ҳар рўз бо марг рў ва рў мешавам ва дар Худованди мо Исои Масеҳ ба шумо фахр дорам.
  21. Вақте ки ман, ба таври инсонӣ, дар Эфсўс бо ҳайвоноти дарранда ҷанг кардам, ба ман чӣ нафъ, агар мурдагон эҳьё намешуда бошанд? Дар он сурат бихўрем ва бинўшем, зеро ки фардо хоҳем мурд!
  22. Фирефта нашавед: ‘‘Ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд’’.
  23. Ба таври бояду шояд ҳушьёр шавед ва гуноҳ накунед; зеро, барои хиҷил шуданатон мегўям, ки баъзеҳо Худоро намешиносанд.

3. Ҷисми эҳё.

  1. Лекин касе мегўяд:“Мурдагон чӣ гуна эҳьё мешаванд? Ва дар чӣ гуна ҷисм меоянд?“.
  2. Эй беақл! Он чи ту мекорӣ, агар намирад, зинда намешавад;
  3. Ва ҳангоме ки ту мекорӣ, на ҷисми ояндаро мекорӣ, балки донаи урьёни гандум ё ягон гиёҳи дигарро;
  4. Лекин Худо ба он, аз рўи хости Худ, ҷисм медиҳад, ва ба ҳар як тухм ҷисми ба он хосе.
  5. На ҳар гуна гўшт айни ҳамон гўшт аст, балки гўшти одамон дигар аст, гўшти чорпоён дигар, гўшти моҳиён дигар, гўшти мурғон дигар.
  6. Ҷисмҳои осмонӣ ва ҷисмҳои заминӣ ҳаст, лекин ҷалоли ҷисмҳои осмонӣ дигар аст, ҷалоли ҷисмҳои заминӣ дигар;
  7. Ҷалоли офтоб дигар, ҷалоли моҳ дигар, ҷалоли ситораҳо дигар; ва ситора аз ситора дар ҷалолаш фарқ дорад.
  8. Дар эҳьёи мурдагон низ ҳамин тавр аст: дар фано кошта мешавад, дар бефаноӣ бармехезад;
  9. Дар зиллат кошта мешавад, дар ҷалол бармехезад; дар заъф кошта мешавад, дар қувват бармехезад;
  10. Ҷисми нафсонӣ кошта мешавад, ҷисми рўҳонӣ бармехезад. Ҷисми нафсонӣ ҳаст, ҷисми рўҳонӣ низ ҳаст.
  11. Чунин навишта шудааст:’’Одами аввалин, яъне Одам, ҷони зинда гашт’’. Одами охирин рўҳи ҳаётбахш аст.
  12. Лекин рўҳонӣ пештар нест, балки нафсонӣ ва баъд рўҳонӣ.
  13. Одами якум аз замин аст. Яъне хокист; одами дуюм Худованд аст аз осмон.
  14. Хокӣ чӣ гунае ки бошад, хокиён ҳамон гунаанд; осмонӣ чӣ гунае ки бошад, осмониён ҳамон гунаанд;
  15. Ва чӣ гунае ки мо сурати одами хокиро ба худ гирифтаем, сурати одами осмониро низ ба худ хоҳем гирифт.

4. Дигаргун шудани имондорон. Ғалабаи  охирин.

  1. Лекин, эй бародарон, ҳаминро ба шумо мегўям, ки гўшт ва хун наметавонанд вориси Малакути Худо шаванд, ва фано вориси бефаноӣ намешавад.
  2. Ба шумо сирре мегўям: ҳамаи мо нахоҳем мурд, балки ҳама тағьир хоҳем ёфт,
  3. Баногоҳ, дар як мижа задан, баробари садои карнаи охирин; зеро карнай садо хоҳад дод, ва мурдагон ба таври бефано эҳьё хоҳанд шуд, ва мо тағьир хоҳе, ёфт.
  4. Зеро он чи фонист, бояд либоси бефаноӣ бипўшад, ва он чи миранда аст, либоси ҷовидонӣ бипўшад.

Ғалабаи  қатъӣ  бар  мамот.

  1. Ва ҳар гоҳ ин фонӣ либоси бефаноӣ бипўшад, ва ин миранда либоси ҷовидонӣ бипўшад, он гоҳ ин каломе ки навишта шудааст, ба амал хоҳад омад:’’Ғалаба маргро фурў бурд’’.
  2. Эй марг! Неши ту куҷост? Эй дўзах! Ғалабаи ту куҷост?
  3. Неши марг гуноҳ аст, ва қуввати гуноҳ шариат аст.
  4. Худоро шукр, ки ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст!
  5. Хуллас, эй бародарони маҳбуби ман, матину устувор бошед, ҳамеша дар кори Худованд ҷадал намоед, ва бидонед, ки меҳнати шумо пеши Худованд бар абас нест.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s