Якум Қӯринтиён боби 14

4. Бахшоишҳои  нубувват  ва  забонҳо.

  1. Дар паи муҳаббат бошед; иштиёқманди бахшоишҳои рўҳонӣ, аллалхусус нубувват бошед.
  2. Зеро касе ки ба забоне сухан меронад, вай на ба одамон, балки ба Худо сухан меронад, чунки ҳеҷ кас намефаҳмад: вай бар тибқи рўҳ асрорро ба забон меоварад;
  3. Аммо касе ки нубувват мекунад, вай ба одамон барои обод кардан ва насиҳату тассаллӣ додан сухан меронад.
  4. Касе ки ба забоне сухан меронад, вай худашро обод мекунад; аммо касе ки нубувват мекунад, вай калисоро обод мекунад.
  5. Мехоҳам, ки ҳамаатон ба забонҳо сухан ронед; лекин беҳтар аст, ки нубуват кунед, зеро касе ки нубувват мекунад, бузургтар аст аз касе ки ба забонҳо сухан меронад, магар ки вай дар айни ҳол маънидод ҳам кунад, то калисо обод шавад.
  6. Ва акнун, эй бародарон, агар назди шумо биёям ва ба забонҳо сухан ронам, чӣ нафъе ба шумо мерасонам, магар ин ки бо ваҳйе, ё донише, ё нубуввате, ё таълиме ба шумо сухан ронам?
  7. Аммо агар асбоби беҷони садодиҳанда, най ё чанг, садоҳои аз ҳам ҷудо набарорад, кас чӣ тавр мефаҳмад, ки бо най ё чанг чӣ оҳанге менавозанд?
  8. Ва агар карнай садои номуайяне барорад, кӣ ба ҳарбу зарб омода мешавад?
  9. Ҳамчунин агар шумо суханони норавшане ба забон ронед, чӣ тавр мефаҳманд, ки шумо чӣ мегўед? Шумо ба ҳаво сухан хоҳед ронд.
  10. Масалан, дар дуньё чӣ қадар калимаҳои гуногун ҳаст, ва ҳеҷ яке аз онҳо бе маъно нест;
  11. Аммо, агар ман маънои калимаҳоро надонам, ман барои гўянда аҷнабӣ ҳастам, ва гўянда барои ман аҷнабист.
  12. Ҳамчунин шумо, ки иштиёқманди бахшоишҳои рўҳонӣ ҳастед, саъю кўшиш намоед, ки аз онҳо барои ободии калисо бой шавед.
  13. Бинобар ин касе ки ба забоне сухан меронад, бигзор дар бораи тафсири он тақозо кунад.
  14. Зеро, вақте ки ман ба забоне дуо мегўям, рўҳам дуо мегўяд, лекин ақлам бе самар мемонад.
  15. Пас чӣ бояд кард? Бо рўҳ дуо хоҳам гуфт, бо ақл низ дуо хоҳам гуфт; бо рўҳ суруд хоҳам хонд, бо ақл низ суруд хоҳан хонд.
  16. Зеро, агар ту бо рўҳ баракат диҳӣ, бехабаре ки дар он ҷо истода бошад, дар вақти шукргузории ту чӣ тавр ‘‘омин’’ гўяд? Зеро ў он чиро, ки ту мегўӣ, намефаҳмад.
  17. Ту нағз шукргузорӣ мекунӣ, лекин каси дигар обод намешавад.
  18. Худоямро шукр мегўям, ки ман бештар аз ҳамаи шумо бо забонҳо сухан меронам;
  19. Лекин дар калисо гуфтани панҷ калимаро бо ақли худ, то ки дигаронро насиҳат кунам, афзал медонам аз он ки як олам калимаро ба забон бигўям.
  20. Эй бародарон! Дар ақл мисли кўдакон набошед; нисбат ба шарорат чун навзодон рофтор кунед, лекин дар ақл болиғ бошед.
  21. Дар Таврот навишта шудааст:“Бо забонҳои дигар ва бо лабҳои дигар ба ин қавм сухан хоҳам ронд, лекин дар он вақт ҳам Маро нахоҳанд шунид, мегўяд Худованд“,
  22. Пас забонҳо аломат аст на барои имондорон, балки барои беимонон; аммо нубувват на барои беимонон, балки барои имндорон аст.

5. Дар ҷамъомадҳои имондорон  ҳама  чиз  бояд  шоиста  ва  боадабона  бошад.

  1. Агар тамоми аҳли калисо дар як ҷо ҷамъ шаванд, ва ҳама ба забонҳо сухан ронад, ва бехабарон ё беимонон дароянд, оё онҳо намегўянд, ки шумо девона шудаед?
  2. Аммо вақте ки ҳама нубувват мекунанд, ва каси беимоне ё бехабаре медарояд, вай ба воситаи ҳама маҳкум мешавад, ба воситаи ҳама доварӣ карда мешавад.
  3. Ва асрори дилаш ошкор мегардад; бинобар ин ў рўй ба замин ниҳода, ба Худо саҷда мекунаду мегўяд:“Ҳақиқатан Худо бо шумост“.
  4. Пас, эй бародарон, чӣ бояд кард? Вақте ки шумо ҷамъ мешавед, ва ҳар яке аз шумо таронае аз Забур, ё насиҳате, ё забоне, ё ваҳйе, ё тафсире дорад, бигзор ҳамааш барои обод кардан бошад.
  5. Агар касе ба забоне сухан меронда бошад, ду нафар, ё бисьёраш се нафар, он ҳам ҷудо-ҷудо, сухан ронед, ва касе тафсир кунад.
  6. Ва агар тафсиркунанда набошад, бигзор соҳиби сухан дар калисо хомўш монад, ё ба худаш ва ба Худо сухан гўяд.
  7. Ва аз анбиё бигзор ду ё се нафар сухан ронанд, ва дигарон муҳокима кунанд;
  8. Аммо агар ба каси дигаре аз нишастагон ваҳй ояд, бигзор аввалин хомўш шавад.
  9. Зеро ҳама паи ҳам метавонед нубувват кунед, то ки ҳама таълим гиранд ва ҳама тасаллӣ ёбанд.
  10. Ва арвоҳи анбиё ба фармони анбиё мебошад,
  11. Чунки Худо Худои харҷумарҷ нест, балки Худои осоиштагист. Дар ҳамаи калисоҳои муқаддасон ҳамин тавр аст.
  12. Бигзор занони шумо дар калисоҳо хомўш бошанд; зеро ҷоиз нест, ки сухан ронанд, балки бояд мутеъ бошанд, чунон ки Таврот низ мегўяд.
  13. Лекин агар онҳо хоҳанд чизе ёд гиранд, бигзор дар хона аз шавҳари худ бипурсанд; зеро ки дар калисо сухан рондани зан аз рўи одоб нест.
  14. Магар каломи Худо аз шумо баромадааст? Ё ки он танҳо ба шумо расидааст?
  15. Агар касе худро набӣ ё рўҳонӣ ҳисоб кунад, вай бигзор бифаҳмад, ки он чи ман ба шумо менависам, аҳкоми Худованд аст;
  16. Ва агар касе намефаҳмад, бигзор нафаҳмад.
  17. Худллас, эй бародарон, иштиёқманди он бошед, ки нубувват кунед, ва ба забонҳо сухан ронданро манъ макунед;
  18. Лекин ҳамааш бояд бо тартибу интизом ба амал ояд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s