Якум Қӯринтиён боби 13

3. Муҳаббат аҷоибтарин бахшоиши рўҳонист.

  1. Агар ба забонҳои одамон ва фариштагон сухан ронам, лекин муҳаббат надошта бошам, ман миси ҷарангосзанандае ё санҷи садодиҳандае гардидаам.
  2. Агар бахшоиши нубувват дошта бошам, ва тамоми асрорро донам, ва дорои ҳар гуна дониш ва тамоми имон бошам, ба тавре ки кўҳҳоро кўчонида тавонам, лекин муҳаббат надошта бошам, ман ҳеҷ ҳастам.
  3. Ва агар тамоми дороии худро тақсим кунам ва ҷисми худро ба сўхтан диҳам, лекин муҳаббат надошта бошам, ҳеҷ манфиате намебинам.
  4. Муҳаббат пуртоқат ва бошафақат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад.
  5. Бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад,
  6. Аз зулм шод намешвад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад;
  7. Ҳама чизро рўпўш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад.
  8. Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад, гарчанде ки нубувватҳо хотима хоҳад ёфт, забонҳо хомўш хоҳад шуд ва дониш ботил хоҳад гашт.
  9. Зеро ки мо ба таври ҷузъӣ медонем ва ба таври ҷузъӣ нубувват мекунем;
  10. Аммо вақте ки камол меояд, он чи ҷузъӣ буд, хотима меёбад.
  11. Вақте ки кўдак будам, кўдаквор гап мезадам, кўдаквор фикр мекардам, кўдаквор муҳокима мерондам; аммо вақте ки мард шудам, кўдакиро тарк кардам.
  12. Зеро ки мо ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебонем, лекин он вақт рў ба рў хоҳем, дид; ҳоло ман ба таври ҷузъӣ медонам, лекин он вақт хоҳам донист ба монанди он ки худам низ дониста шудаам.
  13. Аммо ҳоло ин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед, муҳаббат; вале муҳаббат калонтарини онҳост.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s