Якум Қӯринтиён боби 12

Дар  бораи  бахшоишҳои  рўҳонӣ. 1. Бахшоишҳои рўҳонӣ дар  шаклҳои  гуногуни  худ  бояд  фақат  ба  калисо  хизмат  кунад.

  1. Дар хусуси бахшоишҳои рўҳонӣ бошад, намехоҳам, ки шумо, эй бародарон, бехабар монед.
  2. Медонед, ки шумо, вақте ки бутпараст будед, назди бутҳои безабон тавре мерафтед, ки гўё шуморо кашида мебурданд.
  3. Бинобар ин шуморо огоҳ менамоям, ки ҳеҷ кас, ки бар тибқи Рўҳи Худо сухан меронад, наметавонад лаънат бар Исо бигўяд, ва ҳеҷ кас наметавонад Исоро Худованд бихонад, магар бар табқи Рўҳулқудс.
  4. Бахшоишҳо гунгун аст, лекин Рўҳ ҳамон як аст;
  5. Ва хизматҳо гуногун аст, аммо Худованд ҳамон як аст;
  6. Ва амалҳо гуногун аст, аммо Худо ҳамон як аст, ки ҳама чизро дар ҳама ба амал меоварад.
  7. Лекин ба ҳар кас зуҳуроти Рўҳ барои манфиати ҳамаҷониба бахшида мешвад:
  8. Зеро ки ба яке ба воситаи Рўҳ каломи ҳикмат бахшида мешавад, ба дигаре каломи дониш, бар тибқи ҳамон Рўҳ;
  9. Ба яке имон, бар тибқи ҳамон Рўҳ; ба дигаре бахшоиши шифо додан, бар тибқи ҳамон Рўҳ;
  10. Ба яке қудрати мўъҷизанамо, ба дигаре нубувват; ба яке ташхиси арвоҳ, ба дигаре забонҳои гуногун ва ба сеюмӣ тафсири забонҳо.
  11. Ҳамаи инро ҳамон як Рўҳ ба амал меоварад, ки ба ҳар кас махсусан, мувофиқи хости Худ, тақсим мекуанд.

2. Ҳар як имондор  узви  бадани  Масеҳ  аст,  ки  дорои  бахшоиши  муайяни  хизматгузорӣ  мебошад.

  1. Зеро, чунон ки бадан як аст, лекин узвҳои бисьёр дорад, ва ҳамаи узвҳои як бадан, агарчи бисьёранд, як баданро ташкил мекунанд, ончунон Масеҳ низ.
  2. Зеро ки ҳамаи мо хоҳ яҳудиён, хоҳ юнониён, хоҳ ғуломон, хоҳ озодон бар тибқи як Рўҳ дар як бадан таъмид ёфтаем, ва ҳама аз як Рўҳ нўшидаем.
  3. Лекин бадан на аз як увз, балки аз узвҳои бисьёр иборат аст.
  4. Агар по бигўяд:“Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман даст нестам“ наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад?
  5. Ва агар гўш бигўяд:“Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман чашм нестам“, наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад?
  6. Агар тамоми бадан чашм бошад, сомеа куҷост? Агар ҳамааш сомеа бошад, шомма куҷост?
  7. Аммо Худо ба узвҳо, ба ҳар яке аз онҳо, дар бадан, мувофиқи хости Худ, ҷой додааст.
  8. Ва агар ҳама як узв мебуданд, бадан куҷост?
  9. Ва инак узвҳо бисьёр аст, лекин бадан як аст.
  10. Чашм наметавонад ба даст бигўяд:“Ту ба ман даркор нестӣ“; ё ки сар низ ба пойҳо бигўяд:“Шумо ба ман даркор нестед“.
  11. Баръакс, он узвҳои бадан, ки ба назар заифтар менамоянд, заруртаранд,
  12. Ва дар бораи узвҳое ки наҷобаташон дар бадан ба назари мо камтар аст, бештар ғамхорӣ мекунем.
  13. Ва узвҳои бадсурати мо хушнамудтар пўшонда мешаванд, вале узвҳои хушсурати мо ба ин эҳтиёҷ надоранд. Лекин Худо баданро тавре ба соз овардааст, ки дар бораи узви номукаммалтар ғамхории бештар талқин намудааст,
  14. То ки дар бадан носозӣ пайдо нашавад, балки узвҳо ба якдигар як хел ғамхорӣ кунанд.
  15. Ва агар як узв дард кунад, бо он ҳамаи узвҳо дард мекунанд; ва агар як узв сазовори таҳсин гардад, бо он ҳамаи узвҳо хурсанд мешаванд.
  16. Шумо бадани Масеҳ ҳастед, вале ҷудо-ҷудо узвҳои Ў мебошед.
  17. Ва Худо баъзеро дар Калисо аввалан ҳавворӣ, сониян набӣ, солисан муаллим таъин кардааст; баъд қувватҳои мўъҷизакор, ҳамчунин бахшоишҳои шифо додан, мадад расондан, идора кардан ва забонҳои гуногунро бахшидааст.
  18. Оё ҳама ҳавворианд? Оё ҳама набианд? Оё ҳама муаллиманд? Оё ҳама мўъҷизакоранд?
  19. Оё ҳама бахшоиши шифодиҳӣ доранд? Оё ҳама ба забонҳо сухан меронанд? Оё ҳама тафсир мекунанд?
  20. Иштиёқманди бахшоишҳои бузургтар бошед, ва ман ба шумо роҳои боз ҳам хубтарро нишон хоҳам дод.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s