Якум Қӯринтиён боби 11

Тартиби  масеҳӣ  дар  ҷамъомадҳо.

  1. Ба ман тақлиб кунед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид мекунам.
  2. Шуморо, эй бародарон, барои он таҳсин менамоям, ки дар ҳар хусус маро дар хотир доред ва ривоятҳоро, ончунон ки ба шумо супурдаам, нигоҳ доштаед.
  3. Ҳамчунин мехоҳам бидонед, ки сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ўст, ва сардори Масеҳ Худост.
  4. Ҳар марде ки сари пўшида дуо гўяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунад;
  5. Ва ҳар зане ки сари луч дуо гўяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунад, зеро ин мисли он аст, ки мўйсараш тарошида шуда бошад;
  6. Зеро, агар зан нахоҳад, ки сари худро пўшонад, бигзор мўяшро қайчӣ кунад; ва агар зан аз қайчӣ кардан ё тарошидани мўяш шарм дошта бошад, бигзор сари худро пўшонад.
  7. Хуллас, мард набояд сари худро пўшонад, чунки ў сурат ва ҷалоли Худост; аммо зан ҷалоли мард аст.
  8. Зеро ки на мард аз зан аст, балки зан аз мард;
  9. Ва на мард барои зан офарида шудааст, балки зан барои мард.
  10. Бинобар ин зан бояд бар сараш нишонаи ихтиёрро ба хотири фариштагон дошта бошад.
  11. Лекин дар Худованд на мард бе зан аст, на зан бе мард аст:
  12. Зеро, чунон ки зан аз мард аст, ончунон мард низ ба воситаи зан аст; ва ҳамаи ин аз Худост.
  13. Худатон мулоҳиза кунед, ки оё аз рўи одоб аст, ки зан сари нопўшида пеши Худо дуо гўяд?
  14. Оё худи табиат шуморо таълим намедиҳад, ки агар мард мўяшро дароз кунад, ин барои ў нанг аст,
  15. Аммо агар зан мўяшро дароз кунад, ин барои вай шаъну шараф аст, чунки мўй ба вай ба ҷои ҳиҷоб дода шудааст?
  16. Ва агар касе мунозира карданӣ бошад, мо ва калисоҳои Худо чунин одат надорем.

Дар  бораи  бояду  шояд  ид  кардани  томи  шоми  Худованд.

  1. Лекин, ин дастурро дода, шуморо барои он таҳсин намекунам, ки на аз барои некӣ, балки аз барои бадӣ ҷамъ мешавед.
  2. Зеро, аввалан, шунидам, ки дар миёни шумо, вақте ки дар калисо ҷамъ мешавед, ихтилифот рўй медиҳад, ки ба ин ман як қадар бовар мекунам.
  3. Зеро ки дар миёни шумо гуногунии ақидаҳо низ бояд бошад, то ки корозмудагон дар миёни шумо зоҳир гарданд.
  4. Сонӣ, дар як ҷо ҷамъ шуданатон барои хўрдани таоми шоми Худованд нест;
  5. Зеро ҳар кас аз дигарон пештар хўроки худро гирифта мехўрад, ва яке гурусна мемонад, ва дигаре маст мешавад.
  6. Магар шумо хона надоред, ки дар он бихўред ва бинўшед? Ё ки ба калисои Худо беэътинои мекунед ва нодоронро хиҷолат медиҳед? Ба шумо чӣ гўям? Оё барои ин шуморо таҳсин кунам? Таҳсин намекунам.
  7. Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдаам, ки Исои Худованд дар он шабе ки Ўро таслим карданд, нонро гирифт
  8. Ва баракат дода, пора кард ва гуфт:“Бигиред, бихўред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред“.
  9. Ҳамчунин косаро пас аз таоми шом гирифта, гуфт:“Ин косаи аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман; инро, ҳар боре ки менўшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред“.
  10. Зеро ҳар боре ки ин нонро мехўред ва ин косаро менўшед, мамоти Худовандро эълон мекунед, то даме ки Ў биёяд.
  11. Бинобар ин ҳар кӣ ба таври ношоиста ин нонро бихўрад ё косаи Худовандро бинўшад, бар зидди Бадан ва Хуни Худованд айбдор хоҳад шуд.
  12. Пас, одамизод бояд худро имтиҳон кунад, ва ба ин тариқа аз он нон бихўрад ва аз он коса бинўшад.
  13. Зеро, кас агар дар бораи Бадани Худоанд мулоҳиза накарда, ба таври ношоиста бихўрад ва бинўшад, вай ба маҳкумияти худ махўрад ва манўшад.
  14. Ба ҳамин сабаб бисьёре аз шумо оҷиз ва бемор ҳастанд, ва бисьёре мурдаанд.
  15. Зеро, агар худамон худро доварӣ мекардем, ба доварӣ дучор намешудем.
  16. Модоме ки ба доварӣ дучор шудаем, аз ҷониби Худованд ҷазо мебинем, то ки бо аҳли ҷаҳон маҳкум нагардем.
  17. Бинобар ин, эй бародарон, вақте ки барои таоми шом ҷамъ мешавед, мунтазири якдигар бошед.
  18. Ва агр касе гурусна бошад, дар хонааш бихўрад, то ки ҷамъ шуданатон сабаби маҳкумияти шумо нагардад. Чизҳои дигарро пас аз омаданам дуруст хоҳам кард.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s