Якум Қӯринтиён боби 10

Исроил  дар  биёбон  огоҳие  барои  имондорон  аст.

  1. Ман намехоҳам, эй бародарон, ки шумо бехабар бошед аз он ки падарони мо ҳама дар зери абр буданд, ва ҳама аз баҳр убур карданд;
  2. Ва ҳама дар абр ва дар баҳр ба Мусо таъмид ёфтанд;
  3. Ва ҳама айни як ғизои рўҳониро мехўрданд;
  4. Ва ҳама айни як нўшокии рўҳониро менўшиданд, зеро аз сахраи рўҳоние менўшиданд, ки аз ақибашон меомад; ва он сахра Масеҳ буд.
  5. Лекин бар аксари онҳо ҳусни таваҷҷўҳи Худо набуд; зеро ки онҳо дар биёбон ба ҳалокат расиданд.
  6. Ва инҳо барои мо тимсоле буданд, то ки мо бадиро орзу накунем, чунон ки онҳо орзу мекарданд.
  7. Ҳамчунин, монанди баъзеи онҳо, бутпараст набошед, чунон ки навишта шудааст:“Қавм ба хўрдану нўшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархостанд“.
  8. Зинокорӣ накунем, чунон ки баъзеи онҳо зинокорӣ карданд, ва дар як рўз бисту се ҳазор нафарашон нобуд шуданд.
  9. Масеҳро наозмоем, чунон ки баъзеи онҳо озмуданд ва аз неши морҳо ба ҳалокат расиданд.
  10. Шиква накунед, чунон ки баъзеи онҳо шиква карданд ва аз дасти қиркунанда нобуд шуданд.
  11. Ҳамаи ин ба онҳо чун тимсоле рўй дод, ва барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст.
  12. Бинобар ин ҳар ки гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад.
  13. Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи догаре нест; ва Худо амин аст, ва Ў намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед.
  14. Хуллас, эй маҳбубонам, аз бутпарастӣ бигрезед.
  15. Ба мулоҳизакорон сухан мегўям: дар бораи он чи мегўям, худатон мулоҳиза кунед;

Иштирок  дар  суфраи  Худованд  тарки  суфраи  девҳоро  талаб  мекунад.

  1. Оё косаи баракат, ки онро баракат медиҳем, шарик шудан ба Хуни Масеҳ нест? Оё ноне ки пора мекунем, шарик шудан ба Бадани Масеҳ нест?
  2. Чунон ки нон яктост, мо низ ки бисьёрем, як тан ҳастем, зеро ки ҳамаамон аз як нон ҳиссае мегирем.
  3. Ба Исроил ба ҳасби ҷисм нигоҳ кунед: оё онҳое ки қурбониҳоро мехўранд, шарики қурбонгоҳ нестанд?
  4. Пас ман чӣ бигўям? Оё ин ки дар қурбонии бут ё худи бут чизе ҳаст?
  5. Не, балки он чи онҳо қурбонӣ мекунанд, ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо; лекин ман намехоҳам, ки шумо бо девҳо шарик бошед.
  6. Шумо наметавонед ҳам косаи Худовандро бинўшед, ҳам косаи девҳоро; наметавонед ҳам дар суфраи Худованд иштирок кунед, ҳам дар суфраи девҳо.
  7. Наход ки мо Худовандро ба хашм меоварем? Магар мо аз Ў пурзўртарем?

Дигаронро бо хўрок ба васваса андохтан лозим нест.

  1. Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз обод мекунад.
  2. Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро.
  3. Ҳар он чи дар бозор фурўхта мешавад, бихўред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед;
  4. Зеро ки замин ва ҳар он чи дар он аст, аз они Худованд аст.
  5. Агар касе аз беимонон шуморо даъват намояд, ва шумо мехоҳед бираваед, аз ҳар чизе ки пешатон монданд, бихўред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед.
  6. Лекин агар касе ба шумо гўяд, ки’’ ин қурбонии бут аст’’, ба хотири касе ки хабар дод, ва ба хотири виҷдон нахўред; зеро ки замин ва ҳар чи дар он аст, аз они Худованд аст.
  7. Аммо на виҷдони худро, балки виҷдони он каси догарро дар назар дорам; зеро чаро виҷдони каси дигар бар озодии ман доварӣ кунад?
  8. Агар ман бо шукргузорӣ мехўрда бошам, чаро маро барои он чизе ки барояш шукргузорӣ мекунам, маззамат намоянд?
  9. Хуллас, хоҳ мехўред, хоҳ менўшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамааашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред.
  10. На яҳудиёнро ба васваса андозед, на юнониёнро, на калисои Худоро,
  11. Чунки ман низ дар ҳар бобат дили ҳамаро меёбам, ва толиби нафъи худ не, балки нафъи касони бисьёр ҳастам, то ки онҳо наҷот ёбанд.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s