Якум Қӯринтиён боби 1

Имондор  файзи  Худоро  ба  воситаи  Исои  меёбад.

  1. Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории даъватшудаи Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Сўстинис,
  2. Ба калисои Худо, ки дар Қуринтўс воқеъ аст, ба муқаддасони даъватшуда, ки дар Исои Масеҳ тақдис гардидаанд, бо ҳамаи онҳое ки дар ҳар ҷо исми Худованди мо Исои Масеҳро мехонанд, ки Ў Худованди онҳо ва мост,
  3. Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.

Шукргузорӣ  барои  файзи  Худо,  ки  ато  шудааст.

  1. Худои худро ҳамеша барои шумо шукр мегўям, барои файзи Худо, ки ба шумо дар Исои Масеҳ ато шудааст,
  2. Чунки дар Ў шумо аз ҳар чиз: аз ҳар сухан ва аз ҳар дониш бой шудаед,
  3. Зеро шаҳодати Масеҳ дар шумо барқарор гардидааст,
  4. Ба тавре ки шумо аз ҳеҷ лаёқат норасогӣ надоред, модоме ки мунтазири зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ мебошед,
  5. Ки Ў низ шуморо то ба охир устувор хоҳад кард, то ки дар рўзи Худованди мо Исои Масеҳ беайб бошед.
  6. Амин аст Худое ки шуморо ба ширкати Писари Худ Исои Масеҳи Худованди мо даъват намудааст.

Ба  муқобили  низоъ  дар  Қўринтўс. 1. Ҷудогиҳо дар калисо.

  1. Аз шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ илтимос мекунам, ки ҳамаатон айни як суханро гўед, ва дар байни шумо ҷудогие набошад, балки шумо дар як рўҳ ва дар як фикр муттаҳид бошед.
  2. Зеро ки аз аҳли байти Хлўо ба ман дар бораи шумо эй бародарон, маълум шудааст, ки дар байнатон баҳсу мунозира вуҷуд дорад.
  3. Ман онро дар назар дорам, ки ҳар яке аз шумо мегўяд:“Ман аз они Павлус ҳастам“; „Ман аз он Апўллўс“; „Ман аз они Кифо“; „Ман аз они Масеҳ“.
  4. Оё Масеҳ аз ҳам ҷудо шудааст? Оё Павлус барои шумо маслуб гардидааст? Ё ки шумо ба исми Павлус таъмид ёфтаед?
  5. Худоро шукр мегўям, ки ман ҳеҷ яке аз шуморо, ба ғайр аз Криспус ва ўоюс, таъмид надодаам,
  6. То касе нагўяд, ки ман ўро ба исми худ таъмид додаам.
  7. Ман инчунин аҳли байти Истефанусро таъмид додаам; ҷуз инҳо дар хотир надорам, ки каси дигареро таъмид дода бошам.
  8. Зеро Масеҳ маро нафиристодааст, ки таъмид диҳам, балки башорат диҳам, на дар ҳикмати калом, то ки салиби Масеҳ ботил нашавад.

2. Ҳикмати ҷаҳон ҷаҳолат  аст  ба  ҳузури  Худо.

  1. Зеро паёми салиб барои гирифторони ҳалокат ҷаҳолат аст, вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, қуввати Худост.
  2. Зеро навишта шудааст:“Ҳикмати ҳакимонро ба ҳалокат хоҳам расонд ва ақли оқилонро нопадид хоҳам кард“.
  3. Куҷост ҳаким? Куҷост китобдон? Куҷост воизи ин ҷаҳон? Оё Худо ҳикмати ин ҷаҳонро ба ҷаҳолат табдил надодааст?
  4. Зеро, дар ҳикмати Худо, модоме ки ҷаҳон бо ҳикмати худ Худоро нашинохт, Худо салоҳ донист, ки ба воситаи ҷаҳолати мавъиза имондоронро наҷот диҳад,
  5. Зеро ки яҳудиён мўъҷизот металабанд, ва юнониён ҳикмат меҷўянд;
  6. Лекин мо Масеҳи маслубшударо мавъиза мекунем, ки барои яҳудиён васваса ва барои юнониён ҷаҳолат аст.
  7. Аммо барои худи даъватшудагон, чи яҳудиён, чи юнониён, Масеҳро мавъиза мекунем, ки Ў қуввати Худост ва ҳикмати Худост;
  8. Чунки ҷаҳолати Худо аз ҳикмати одамон пурҳикматтар аст, ва нотавонони Худо аз қуввати одамон тавонотар аст.
  9. Зеро, эй бародарон, бингаред, ки шумо, вақте ки даъват шудед, чӣ будед: бисьёр ба ҳасби ҷисм ҳаким нестед, бисьёр тавоно нестед, бисьёр наҷиб нестед;
  10. Лекин Худо ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро баргузид, то ки тавонгаронро шарманда кунад;
  11. Ва Худо бекасони ҷаҳон ва ҳақиронро, ва он чиро, ки номавҷуд аст, баргузид, то ки мавҷудро ботил кунад,
  12. Барои он ки ҳеҷ ҷисме дар пеши Худо фахр накунад.
  13. Ва аз Ў шумо дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне адолат ва қудсият ва кафорат шудааст,
  14. То, чунон ки навишта шудааст,’’фахркунанда бигзор ба Худованд фахр кунад’’.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s