Якум Тимотиюс боби 6

3. Дар бораи ғуломон.

  1. Ғуломоне ки зери юғ мебошанд, бояд оғоёни худро сазовори ҳар иззату икром донанд, то ки исми Худо ва таълимоти мо гирифтори мазаммат нашавад.
  2. Вале онҳое ки оғоёни имондор доранд, набояд ба онҳо беэътиноӣ кунанд, чунки онҳо бародаронанд; балки бояд бо ҷидду ҷаҳд боз ҳам зиёдтар ба онҳо хизмат кунанд, зеро онҳое ки аз инҳо баҳрае мебинанд, имондор ва маҳбубанд. Инро таълим деҳ ва насиҳат намо.

Оқибатҳои  ҷудошавӣ  аз  таълимоти  солим. Насиҳат  барои  мўътадилӣ.

  1. Агар касе таълимоти дигарро паҳн кунад ва ба суханони солими Худованди мо Исои Масеҳ ва ба таълимоти диндорӣ пайравӣ накунад,
  2. Вай мағрур аст, ҳеҷ чизро намедонад, балки ба бемории муҷодилот ва мубоҳисот дучор шудааст, ки аз онҳо ҳасад, ҷанҷол, бадзабониҳо, гуноҳои шарирона
  3. Ва мунозираҳои бекора ба амал меояд дар миёни шахсони ақлрамида ва аз ҳақиқат бегонае ки мувофиқи пиндошташон диндорӣ манбаи фоида аст. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.
  4. Аммо диндорӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад.
  5. Зеро ки мо ба дуньё чизе наовардаем, ва равшан аст, ки наметавонем чизе аз он низ бибарем.
  6. Бинобар ин, модоме ки хўрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд.
  7. Лекин онҳое ки мехоҳанд сарватманд шаванд, гирифтори озмоиш ва дом ва бисьёр ҳавасҳои беақлона ва зарарнок мешаванд, ки онҳо мардумро дар хонавайронӣ ва ҳалокат меғўтонанд.
  8. Зеро ки решаи ҳамаи бадиҳо зарпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андўҳҳои зиёде кардаанд.

Павлус Тимотиюсро ба талош дар роҳи имон даъват манамояд.

  1. Аммо ту, эй одами Худо, аз ин ҳазар намо ва аз паи адолат, диндорӣ, имон, муҳаббат, сабр ва фурўтанӣ бирав;
  2. Дар роҳи имон ба таври нек талош намо, ҳаёти ҷовидониро аз они худ бисоз, ки барои он ту даъват гардидаӣ ва дар пеши шоҳидони бисьёр эътирофи нек кардаӣ.
  3. Ба ҳузури Худое ки ҳамаро ҷон мебахшад, ва ба ҳузури Исои Масеҳ, ки дар пеши Понтиюс Пилотиюс эътирофи нек кардааст, ба ту амр мефармоям,
  4. Ки ҳукмро то вақти зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ беайб ва бенуқсон риоя намоӣ,
  5. Ки онро Фармонгузори таборак ва ягона, Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон дар вақти худ нишон хоҳад дод.
  6. Ки танҳо Ў Ҳайй лоямут буда, дар нури дастнорас сокин аст, ва Ўро як нафар ҳам аз одамон надидааст ва дида наметавонад. Ўро то абад шавкат ва қудрат бод! Омин.
  7. Сарватдорони ин дуньёро амр фармой, ки ҳавобаландӣ накунанад ва ба сарвати бебақо умед набанданд, балки ба Худои Ҳай, ки ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад;
  8. Бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдўст бошанд
  9. Ва барои худ ганҷе ғун кунанд, ки барои оянда асоси нек гардад, то ки ҳаёти ҷовидониро аз они худ созанд.

Огоҳонии  хотимавӣ. Салом.

  1. Эй Тимотиюс! Он чиро, ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз ёвагўии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурўғ дониш номида мешавад, рўй гардон,
  2. Ки баъзе касон ба он часпида, аз имон баргаштаанд. Файз бо ту бод. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s