Якум Тимотиюс боби 4

Огоҳонидан  аз  парҳези  риёкорона.

  1. Аммо Рўҳ кушоду равшан мегўяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гўш хоҳанд андохт,
  2. Ба воситаи риёкории дурўғгўёне ки виҷдонашон гўё бо доғе беҳис шудааст,
  3. Никоҳро манъ мекунанд ва аз ҳар навъ хўрок парҳез мефармоянд, ки онро Худо офаридааст, то ки имондорон ва орифони ростӣ бо шукргузорӣ бихўранд.
  4. Зеро ки ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ бихўранд.
  5. Чунки он бо каломи Худо ва бо дуо тақдис мегардад.

Дар  бораи  диндорӣ  ва  баракоти  он.

  1. Агар инро ба бародарон талқин намоӣ, хизматгузори неки Исои Масеҳ хоҳӣ буд, ки аз суханони имон ва таълимоти неке ки пайравӣ кардаӣ, ғизо мегирӣ.
  2. Аммо аз қиссаҳои нолоиқи аҷузаҳо рўй гардон, балки худро дар диндорӣ машқ деҳ;
  3. Зеро ки машқи ҷисмони кам фоида дорад, вале диндорӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад.
  4. Дуруст аст ин сухан ва сазовори қабули куллӣ.
  5. Зеро барои ҳамин ҳам мо меҳнат мекунем ва заҳмат мекашем, ки ба Худои Ҳай умед бастаем, ки Ў Наҷотдиҳандаи ҳамаи одамон, алалхусус имондорон аст.
  6. Ҳаминро мавъиза намо ва таълим деҳ.
  7. Бигзор ҳеҷ кас ба ҷавонии ту беэътиноӣ накунад; балки барои имондорон дар сухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рўҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош.
  8. То вақти омаданам ба қироат, насиҳат ва таълим машғул шав.
  9. Ба бахшоиши Рўҳ, ки дар туст, беэътиноӣ накун, ки он ба ту ба василаи нубувват бо гузоштани дастҳои пирон дода шудааст.
  10. Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун, то ки мувофақияти ту ба ҳама намоён шавад.
  11. Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s