Якум Тимотиюс боби 3

Дар  бораи  мансабҳои  калисо. 1. Дар бораи усқуфҳо.

  1. Чунин сухан амин аст, ки агар касе усқуфиро орзу кунад, кори хубе орзу макунад.
  2. Аммо усқуф бояд беайб, соҳиби як зан, ҳушьёр, боисмат, боодоб, меҳмоннавоз ва омўзгор бошад;
  3. На моили шаробнўшӣ, на ҷангара, на тамаъкор, балки сокит ва сулҳҷў, на зарпараст;
  4. Хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунад, фарзандонашро бо камоли ҳалолкорӣ дар итоат нигоҳ дорад;
  5. Зеро агар кас хонаву ҷои худро идора карда натавонад, оё вай дар бораи Калисои Худо ғамхорӣ карда метавонад?
  6. Аз ҷумлаи навимонон набошад, мабодо мағрур шуда, зери ҳукми иблис афтад.
  7. Ва ҳамчунин аз ҷониби онҳое ки дар берунанд, ў бояд, шаҳодати нек дошта бошад, то ки ба мазаммат ва доми иблис гирифтор нашавад.

2. Дар бораи дяконҳо.

  1. Лозим аст, ки дьконҳо низ ҳалолкор бошанд, на дузабон, на шавқманди шаробнўшӣ, на тамаъкор,
  2. Балки сирри имонро дар виҷдони пок нигоҳ доранд.
  3. Валекин онҳо ҳам бигзор аввал озмуда шаванд ва баъд, агар беайб бошанд, хизмат кунанд,
  4. Ҳамчунин занонашон бояд ҳалолкор бошанд, на ғайбаткунанда, балки ҳушьёр ва аз ҳар ҷиҳат мўътамад.
  5. Дьяконҳо бояд соҳиби як зан бошанд, фарзандон ва хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунанд;
  6. Зеро онҳое ки нағз хизмат карда бошанд, барои худ мартабаи олӣ ва ҷуръати азим дар имоне ки дар Исои Масеҳ аст, муҳайё мекунанд.

3. Калисо буньёди ростист.

  1. Инро ба ту менависам ба умеди он ки ба қарибӣ назди ту биёям.
  2. Аммо агар даранг кунам, туро лозим аст бидонӣ, ки чӣ гуна дар хонаи Худо рафтор намоӣ, ки он Калисои Худои Ҳай, рукн ва буньёди ростист.
  3. Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, дар Рўҳ тасдиқ гардид, ба василаи фариштаҳо дида шуд, дар миёни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, дар ҷалол боло бароварда шуд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s