Якум Тимотиюс боби 2

Дастурҳо  барои  ҷамъомадҳои  ибодати  Худо. 1. Дуо барои ҳамаи  одамон.

  1. Пас, дар навбати аввал хоҳишмандем, ки дуоҳо, илтимосҳо, тазаррўъҳо ва шукронаҳо ба ҷо оварем барои ҳамаи одамон,
  2. Барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон, то ки ором ва сокит, бо камоли парҳезгорӣ ва покӣ умр гузаронем;
  3. Зеро ин дар назари Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст,
  4. Ки Ў мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд.
  5. Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст,
  6. Ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод: ин шаҳодатест, ки дар замони муайян дода шудааст,
  7. Ва барои ин ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо дар имон ва ростӣ таъин шудаам, дар Масеҳ рост мегўям, дурўғ не.

2. Рафтори мардон ва  занон.

  1. Пас хоҳиш дорам, ки мардон дастҳои муқаддасро бе ғазаб ва шубҳа боло бардошта, дар ҳар ҷо дуо гўянд;
  2. Ва занон низ дар сару либоси шоиста маҳҷубона ва боисмат бошанд ва худро на бо мўйбофӣ, на бо тилло, на бо марворид ва на бо либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд,
  3. Балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст.
  4. Бигзор зан дар хомўшӣ бо камоли итоат таълим гирад;
  5. Ва ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ва бат мард ҳукмрон шавад, балки хомўш бошад.
  6. Зеро ки аввал Одам офарида шудааст, ва баъд аз ў Ҳавво;
  7. Ва Одам фирефта нашудааст, балки зан фиреб хўрда, ба гуноҳ дучор шудааст;
  8. Лекин вай ба воситаи бачазоӣ наҷот хоҳад ёфт, агар дар имон ва муҳаббат ва қудсият бо исмат қоим бошад.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s