Якум Тимотиюс боби 1

Файз,  марҳамат  ва  осоиштагӣ  аз  ҷониби  Худо.

  1. Павлус, ҳаввории Исои Масеҳ бо амри Худое ки Наҷотдиҳандаи мост, ва Исои Масеҳи Худованд, ки умеди мост,
  2. Ба Тимотиюс, ки фарзанди ҳақиқӣ дар имон аст: файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Падри мо Худо ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.

Насиҳат  дар  бораи  муқобилат  кардан  ба  воизони  козиби  шариат.

  1. Вақте ки ба Мақдуния равона шудам, аз ту хоҳиш кардам, ки дар Эфсўс бимонӣ, то баъзе касонро насиҳат диҳӣ, ки таълимоти дигарро паҳн накунанд
  2. Ва бо қиссаҳо на ба насабномаҳои бепоён машғул наашаванд, ки ин чизҳо на барои ободии хонаи Худо, ки дар имон аст, балки бетар ба мубоҳисот оварда мерасонад.
  3. Мақсади ин насиҳат муҳаббат аст, ки аз дили соф ва виҷдони нек ва имони бериё падид меояд,
  4. Ки баъзе ксон аз он баргашта, ба ёвагўӣ моил шудаанд,
  5. Дар ҳолате ки мехоҳанд муаллимони шариат бошанд, аммо намефаҳманд на он чиро, ки мегўянд, на он чиро, ки даъво мекунанд.
  6. Лекин мо медонем, ки шариат нек аст, кас агар онро ба таври шаръӣ ба кор барад,
  7. Ва инро бидонед, ки шариат на барои одил дар миён гузошта шудааст, балки барои шарирон ва беитоатон, осиён ва гуноҳкорон, фосиқон ва палидон, барои таҳқиркунандагони падар ва модар, барои одамкушон,
  8. Барои зинокорон, ливотагарон, одамдуздон, дурўғгўён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст,
  9. Ба ҳасби башорати пурҷалоли Худои таборак, ки ба ман супурда шудааст.

Сазовори  марҳамат  шудни  ҳавворӣ  мисоли  тасаллибахш  аст  барои  виҷдони  ғамгин.

  1. Исои Масеҳи Худованди моро шукргузорӣ мекунам, ки Ў ба ман қувват бахшид ва маро амин дониста, ба хизматгузорӣ таъин намуд,
  2. Маро, ки пештар куфргў таъқибкунанда ва озордеҳ будам, лекин сазовори марҳамат гардидам, чунки аз рўи нодонӣ, дар беимонӣ амал мекардам;
  3. Аммо файзи Худованди мо бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, дар ман ниҳоятдараҷа зоҳир шуд.
  4. Ин сухан дуруст аст ва сазовори қабули куллӣ, ки Исои Масеҳ ба дуньё омад, то гуноҳкоронро наҷот диҳад, ва ман бадтарини онҳо ҳастам.
  5. Лекин ман барои он сазовори марҳамат шудам, ки Исои Масеҳ тамоми пурсабриро аввал дар ман нишон диҳад, то ба онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ ба Ў имон хоҳанд овард, намунаи ибрат бошам.
  6. Ба Подшоҳи ҷовид, ба Худои ғайрифонӣ, нонамоён ва якто то абад шавкат ва ҷалол бод. Омин.
  7. Туро, эй фарзандам Тимотиюс, мувофиқи нубувватҳое ки пештар дар ҳаққи ту шуд, чунин насиҳат медиҳам, ки ту мутобиқИ онҳо амал намуда, ҳамчун сарбози нек ҷанг кунӣ,
  8. Ва имон ва виҷдони нек дошта бошӣ, ки баъзе касон онро рад карданд, ва киштии имонашон ғарқ шуд;
  9. Аз он ҷумла Ҳумниюс ва Искандар, ки онҳоро ба шайтон супурдам, то таълим диҳам, ки куфр нагўянд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s