Якум Таслӯникиён боби 5

Имондорон  бояд  дар  интизори  рўзи  Худованд  бедор  бошанд.

  1. Аммо дар бораи замонаҳо ва мўҳлатҳо ба шумо, эй бародарон, навиштан ҳоҷат надорад,
  2. Зеро худи шумо хуб медонед, ки рўзи Худованд ончунон меояд, чуно ки дузд дар шаб.
  3. Чун бигўянд:’’Осоиштагӣ ва амният’’, он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ халос нахоҳанд шуд.
  4. Лекин шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед, ки он рўз бар шумо чун дузд ояд;
  5. Зеро ки ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рўз ҳастед. Мо на писарони шаб ҳастем ва на писарони зулмот.
  6. Пас, набояд мисли дигарон дар хоб бошем, балки бедор ва ҳушьёр бошем.
  7. Зеро ки хобидагон шабона мехобанд, ва мастон шабона маст мешаванд;
  8. Вале мо, ки писарони рўз ҳастем, бояд ҳушьёр бошем ва зиреҳи имон ва муҳаббат ва хўди умдеди наҷотро дар бар кунем,
  9. Чунки Худо моро на баро ғазаб таъин кардааст, балки барои ёфтани наҷот ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ,
  10. Ки барои мо мурд, то ки мо, хоҳ бедор бошем, хоҳ хобида, бо якҷоягии Ў зист кунем.
  11. Бинобар ин ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед.

Насиҳат. Саломҳо.

  1. Аммо аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки он касонро қадрдонӣ намоед, ки дар миёни шумо меҳнат мекунанд, ва саварони шумо дар Худованд буда, шуморо насиҳат медиҳанд,
  2. Ва онҳоро барои фаъолияташон бо камоли муҳаббат иззат кунед; бо якдигар дар сулҳ зист кунед.
  3. Инчунин аз шумо, эй бародарон, хоҳишмандем, ки танбалонро насиҳат кунед, беҷуръатонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед.
  4. Бохабар бошед, ки касе ба касе дар ивази бадӣ бадӣ накунад, балки ҳамеша барои якдигар ва барои ҳама дар паи некӣ бошед.
  5. Ҳамеша шод бошед.
  6. Пайваста дуо гўед.
  7. Барои ҳама чиз шукр гўед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ.
  8. Рўҳро хомўш накунед.
  9. Нубувватҳоро хор нашуморед.
  10. Ҳама чизро озмоиш кунед, чизи хубро нигоҳ доред.
  11. Аз ҳар гуна бадӣ худдорӣ кунед.
  12. Худи Худои осоиштагӣ бигзор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рўҳу ҷону ҷисми шуморо дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад.
  13. Даъваткунандаи шумо амин аст, ва инро низ ба амал меоварад.
  14. Эй бародарон, барои мо дуо гўед.
  15. Ба ҳамаи бародарон бо бўсаи муқаддас салом расонед.
  16. Шуморо ба исми Худованд вазифадор менамоям, ки ин номаро ба ҳамаи бародарони муқаддас бихонед.
  17. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s