Якум Таслӯникиён боби 4

Даъват  ба  қудсият.

  1. Ва боз, эй бародарон, аз шумо дар Исои Масеҳ хоҳиш ва илтимос мекунам, ки чӣ тарзе ки аз мо пазируфтаед, ки чӣ гуна бояд рафтор кунед ва дар назари Худо писанд оед, ба ҳамон тарз боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред;
  2. Зеро медонед, ки чӣ гуна аҳкоме аз ҷониби Исои Худованд ба шумо додаем.
  3. Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунед;
  4. Ва ҳар яке аз шумо битавонад бадани худро дар покӣ ва шараф нигоҳ дорад,
  5. На дар оташи шаҳват монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд;
  6. Ва касе дар ҳеҷ бобат ва бародари худ таҷовуз ё суиистифода накунад, чунки Худованд барои ҳамаи ин корҳо интиқом мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем.
  7. Зеро ки Худо моро на ба нопокӣ балки ба қудсият даъват кардааст.
  8. Бинобар ин, ҳар кӣ саркашӣ мекунад, на ба одамизод, балки ба Худо саркашӣ мекунад, ки Ў Рўҳулқудси Худро ба мо ато намудааст.
  9. Аммо дар хусуси бародардўстӣ ба шумо навиштан ҳоҷат надорад, зеро ки худи шумо аз Худо омўхтаед, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошед;
  10. Ва шумо бо ҳамаи бародарон дар ҳамаи Мақдуния ҳамин тавр рафтор мекунед. Лекин мо, эй бародарон, шуморо даъват мекунем, ки боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред
  11. Ва саъю кўшиш намоед, ки сокитона зиндагӣ кунед ва кори худро бо амали дастҳои худ ба ҷо оваред, чунон ки ба шумо дастур додаем,
  12. То назди онҳое ки дар берунанд, боодобона рафтор кунед ва ба ҳеҷ чиз мўҳтоҷ набошед.

Тасалло  дар  хусуси  қисмати  имондороне  ки  то  омадани  дуюми  Худованд  мемиранд.

  1. Лекин мо, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи мурдагон бехабар бошед, ки мабодо мисли дигарон, ки умед надоранд андўҳгин шавед.
  2. Зеро, агар мо имон дорем, ки Исои мурд ва эҳьё шуд, ба ҳамин тарз низ Худо онҳоеро ки дар Исои мурдаанд, бо Ў хоҳад овард,
  3. Зеро инро ба шумо бо каломи Худованд мегўем, ки мо, зиндаҳо, ки то омадани Худованд боқӣ мондаем, аз мурдагон пешдастӣ нахоҳем кард,
  4. Чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои фириштаи муқарраб ва карнаи Худо, аз осмон нузул хоҳад кард, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаанд, аввал эҳьё хоҳанд шуд.
  5. Баъд мо, зиндаҳо, ки боқӣ мондаем, бо якҷоягии онҳо бар абрҳо бурда хоҳем шуд, то ки Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем, ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд хоҳем буд.
  6. Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллӣ диҳед.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s