Якум Таслӯникиён боби 3

Фиристодани  Тимотиюс.

  1. Бинобар ин мо дигар сабр карда натавонистем ва розӣ шудем дар Атино танҳо монем,
  2. Ва Тимотиюсро, ки бародари мо ва хизматгори Худованд ва ҳамкори мо дар башорати Масеҳ аст, фиристодем, то ки шуморо дар имонатон устувор гардонад ва асаллӣ диҳад.
  3. То ки ҳеҷ кас дар ин азобу уқубатҳо дудила нашавад, зеро худи шумо медонед, ки чунин аст насиби мо.
  4. Зеро ки мо ҳамон вақт ҳам, ки назди шумо будем, ба шумо пешгўӣ кардем, ки моро азобу уқубат дар пеш аст, чунон ки низ ба вуқўъ омад, ва шумо медонед.
  5. Аз ин рў ман ҳам дигар сабр карда натавонистам ва ўро фиристодам, ки имони шуморо бифаҳмам, ки мабодо озмоянда шуморо озмуда бошад ва меҳнати мо бенатиҷа шуда бошад.

Шодмонии  ҳавворӣ  дар  бобати  хабарҳои  хуш  ва  дуои  ў  барои  таслўникиён.

  1. Аммо акнун, ки Тимотиюс аз пеши шумо назди мо омад ва муждаи имон ва муҳаббати шуморо ба мо расонд, ва ин ки шумо ҳамеша моро ба некӣ ёд мекунед ва муштоқи дидори мо ҳастед, чунон ки мо низ муштоқи дидори шумо ҳастем,
  2. Пас мо, эй бародарон, бо вуҷуди тамоми андўҳ ва азобу уқбати худ, аз имони шумо тасаллӣ ёфтем,
  3. Чунки акнун мо зинда ҳастем, модоме ки шумо дар Худованд қоим мебошед.
  4. Зеро чӣ гуна мо метавонем ба Худо барои шуммо шукргузорӣ кунем, барои тамоми шодмоние ки дар бораи шумо ба ҳузури Худои мо дорем,
  5. Ки шабу рўз бо тамоми ҷидду ҷаҳд дуо мегўем, ки бо шумо рў ба рў шавем ва камии имони шуморо пур кунем?
  6. Худи Худо ва Падари мо ва Худованди мо Исои Масеҳ роҳи моро сўИ шумо рост овард.
  7. Ва Худованд муҳаббати шуморо ба якдигар ва ба ҳар кас афзун ва фаровон гардонад, чунон ки мо низ ба шумо муҳаббат дорем,
  8. Ва дилҳои шуморо устувор гардонад, то ки дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи муқаддасони Ў дар қудсият ба ҳузури Худо ва Падари мо беайб бошед. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s