Эфсӯсиён боби 6

  1. Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рўи инсоф аст.
  2. ‘‘Падар ва модари худро иззат намо’’, ин аст ҳукми аввалин бо чунин ваъда:
  3. ‘‘То ки некўаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинӣ’’.
  4. Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед.
  5. Эй ғуломон, ба оғоёни башарии худ бо тарсу ларз ва бо соддадилӣ, мисли он ки ба Масеҳ бошад, итоат намоед,
  6. На бо ҳозирхизматии зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки ҳамчун ғуломони Масеҳ, ки иродаи Худоро аз таҳти дил ба ҷо меоваранд.
  7. Ғайратмандона хизмат кунед, мисли он ки ба Масеҳ бошад, на ба одамон,
  8. Зеро медонед, ки ҳар кас, хоҳ ғулом бошад, хоҳ озод, ба андозаи кори неке ки кардааст, аз Худованд мукофот хоҳад гирифт.
  9. Ва шумо, эй оғоён, ба онҳо низ ҳамин тавр рафтор кунед, ва аз таҳдид даст кашед, ва бидонед, ки бар сари шумо ҳам дар осмон Оғое ҳаст, ва Ў рўйбинӣ надорад.

Зиреҳи  куллии рўҳонӣ.

  1. Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ў неруманд шавед.
  2. Зиреҳи куллии Худоро дар бар кунед, то ки битавонед ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед.
  3. Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рўҳии шарорат, ки дар афлок аст.
  4. Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рўзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед.
  5. Пас, бо ростӣ камар баста ва ҷавшани адолатро дар бар карда, биистед,
  6. Ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипўшед,
  7. Дар айни ҳол сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомўш карда метавонед;
  8. Ва хўди наҷотро бигиред, ба шамшери Рўҳро, ки каломи Худост;
  9. Дар ҳар вақт дар Рўҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гўед, ва ҳушьёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илтимос кунед,
  10. Барои ман низ дуо гўед, то ба ман калом ато шавад, ки даҳон кушода, сирри башоратро боҷуръат баён намоям,
  11. Ки барои он ман дар занҷирҳо вазифаи сафирро ба ҷо меоварам, то ки далерона ва ба таври бояду шояд сухан гўям.

Сухани  хотимавӣ.

  1. Ва барои он ки шумо низ аз вазъиятам ва корҳоям воқиф шавед, Тўхиқўс, ки бародари маҳбуб ва хизматгузори амин дар Худованд аст, шуморо аз ҳар хусус хабардор хоҳад кард,
  2. Ки ўро барои ҳамин назди шумо фиристодам, то ки аз вазъияти мо огоҳ бошед, ва ў дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад.
  3. Бародаронро осоиштагӣ ва муҳаббат бо имон аз ҷониби Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд бод.
  4. Бо ҳамаи онҳое ки ба Худованди мо Исои Масеҳ муҳаббати бефано доранд, файз бод, омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s