Эфсӯсиён боби 5

  1. Пас, чу фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед,
  2. Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бўи муаттар таслим намуд.
  3. Лекин зино ва ҳар гуна нопокӣ ва тамаъкорӣ набояд дар байни шумо ҳатто зикр ёбад, чунон ки ба муқаддасон муносиб аст;
  4. Ҳамчунин алфози қабеҳ ва жожхоӣ ва масхарабозӣ, ки аз рўи одоб нест, набояд бошад, балки шукргузорӣ лозим аст;
  5. Зеро инро яқин бидонед, ки ҳеҷ як зинокор, ё нопок, ё тамаъкор ки вай бутпараст аст, дар Малакути Масеҳ ва Худо мерос надорад.
  6. Бигзор ҳеҷ кас шуморо бо суханони ботил фирефта накунад, зеро ки барои ин ғазаби Худо бар писарони исьён меояд.
  7. Пас, шарики онҳо нашавед.
  8. Зеро ки шумо як вақте зулмот будед, вале ҳоло нуре дар Худованд ҳастед: чун фарзандони нур рафтор кунед,
  9. Чунки самари нур аз ҳар меҳрубонӣ, адолат ва ростӣ иборат аст;
  10. Ва таҳқиқ кунед, то бидонед он чи, ки Худо меписандад, чист.
  11. Ва дар аъмоли бесамари зулмот иштирок накунед, балки онҳоро фош намоед.
  12. Зеро дар бораи корҳое ки онҳо пинҳонӣ мекунанд, сухан рондан ҳам нанговар аст.
  13. Аммо ҳамаи ин фош гардида, дар рўшноӣ зоҳир мешавад, зеро ҳар он чи зоҳир мешавад, нур аст;
  14. Бинобар ин гуфта шудааст:’’Эй ту, ки хоб рафтаӣ, бархез ва аз мурдагон эҳьё шав, ва Масеҳ бар ту нур хоҳад пошид’’.
  15. Пас, бодиққат назар кунед, ки чӣ гуна рафтор менамоед, на чун бехирадон, балки чун хирадмандон,
  16. Ва фурсатро ғанимат донед, чунки ин рўзҳо шарир аст.
  17. Бинобар ин нодон набошед, балки дарк кунед, ки иродаи Худо чист.
  18. Ва масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд; балки аз Рўҳ пур шуда,
  19. Ба якдигар бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рўҳонӣ сухан гўед ва дар дилҳои худ барои Худованд бисароед ва тараннум намоед,
  20. Ҳамеша барои ҳама чиз Худои Падарро ба исми Худованди мо Исои Масеҳ шукр гўед.
  21. Дар тарси Худо мутеи якдигар шавед.

Қоидаҳои  ҳаёти  оилавии  масеҳиён.

  1. Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад,
  2. Чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо ва Наҷотдиҳандаи бадан аст;
  3. Аммо, чӣ тавре ки Калисо ба Масеҳ тобеъ аст, ҳамон тавр зан низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ тобеъ бошанд.
  4. Эй шавҳарон, занони худро дўст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худоро аз барои он таслим намуд,
  5. То ки онро ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис намояд,
  6. Ва ба ҳузури Худ Калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беай бошад.
  7. Ҳамин тавр бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дўст доранд: он ки зани худро дўст медошта бошад, худро дўст медорад.
  8. Зеро ки ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад, чунон ки Худованд низ Калисоро;
  9. Чунки мо андоми Бадани Ў ҳастем, аз гўшти Ў ва аз устухонҳои Ў.
  10. Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст, ва ҳар ду як тан хоҳанд буд.
  11. Ин сир бузург аст вале ман нисбат ба Масеҳ ва Калисо сухан меронам.
  12. Пас, бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дўст дорад, ва зан аз шавҳари худ битарсад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s