Эфсӯсиён боби 4

Онҳое  ки  ба  Исо  имон  доранд,  осоиштагӣ  ва  ягонагиро  нигоҳ  дошта,  Калисоро ташкил  мекунанд.

  1. Пас, ман, ки дар Худованд бандӣ ҳастам, аз шумо хоҳишмандам, ки муносиби мақоме ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед,
  2. Бо тамоми мулоимат ва фурўтанӣ ва пурсабрӣ якдигарро дар муҳаббат таҳаммул намоед,
  3. Ва саъю кўшиш кунед, ки ягонагии Рўҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доред:
  4. Як Бадан ҳаст ва як Рўҳ, чунон ки шумо низ ба як умеди муайян даъват шудаед;
  5. Як Худованд ҳаст, як имон, як таъмид,
  6. Як Худо ва Падари ҳама, ки Ўро бар болои ҳама, ва ба воситаи ҳама, ва дар ҳама мебошад.

Хизматгузории  гуногун  дар  калисо  барои  такмили  он  дар  таҳти  Сари  он,  ки  Масеҳ  аст,  мебошад.

  1. Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст.
  2. Бинобаар ин гуфта шудааст:’’Ба афроз сууд намуда, асиронро ба асирӣ бурд ва ба одамон бахшоишҳо дод’’
  3. Ва ‘‘сууд намуд’’ гуфтан чист, ҷуз ин ки Ў пештар ба асфали замин нузул ҳам карда буд?
  4. Он ки нузул карда буд, Ҳамон аст, ки болотар аз тамоми афлок сууд ҳам намуд, то ки ҳама чизро пур кунад.
  5. Ў баъзеро ҳавворӣ, баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд,
  6. Барои такмили муқаддасон ба кори ибодат, ба бинои Бадани Масеҳ,
  7. То даме ки ҳамаамон ба ягонагии имон ва шиносоии Писари Худо, ба дараҷаи шахси комил, ба андозаи бузургии пурраи Масеҳ бирасем,
  8. То ки мо дигар кўдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамон, ки бо талбис дар иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунанд,
  9. Балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумўъ ёбем.
  10. Аз Ў тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тавқияткунанда мустаҳакам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад.

Дар  бораи  ҳаёти  нави  онҳое  ки  ба  Масеҳ  тааллуқ  доранд.

  1. Пас, чунин мегўям ва дар Худованд шаҳодат медиҳам, ки шумо дигар он тавр рафтор накунед, ки бутпарастон аз рўи хаёлоти ҳеҷу пучи худ рафтор мекунанд.
  2. Ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаанд, ба сабаби ҷаҳолат ба дилсахтие ки ба онҳо хос аст.
  3. Онҳо то ба дараҷаи лоуболӣ расида, ба фисқи фуҷур моил шудаанд, ба тавре ки ҳар кори зиштро бо рағбати тамом ба ҷо меоваранд.
  4. Вале шумо Масеҳро ин тавр ёд нагирифтаед,
  5. Дар сурате ки дар бораи Ў шунидаед ва дар Ў таълим гирифтаед, ба ҳасби ростие ки дар Исост,
  6. Пас рафтори пештараи одами кўҳнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед.
  7. Ва хиради шумо бояд дар Рўҳ тоза шавад,
  8. Ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар асолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед.
  9. Бинбоар ин, кизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ёри худ рост гўед, чунки мо андоми якдигарем.
  10. Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад;
  11. Ва ба иблис ҷой надиҳед.
  12. Касе ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад, балки меҳнат карда, бо дастҳои худ кори фоиданоке ба ҷо оварад, то чизе дошта бошад, ки ба эҳтиёҷманде бибахшад.
  13. Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад.
  14. Ва Рўҳулқудси Худоро, ки бо Он ба интизори рўзи озодӣ мўҳр зада шудаед, андўҳгин накунед.
  15. Ҳар гуна қудрат ва қаҳр, ва ғазаб ба фарьёд, ва бадгўӣ бизгзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад;
  16. Балки ба якдигар меҳрубон ва дилсўз бошед ва якдигарро авф намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ авф намудааст.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s