Эфсӯсиён боби 3

Ваколати  сирри  Худо  ба  воситаи  Калисои  Масеҳ  маълум  мешавад.

  1. Барои ҳамин ҳам ман, Павлус, ба хотири шумо, халқҳо, бандии Исои Масеҳ ҳастам.
  2. Ҳамаи шумо дар бораи ваколати файзи Худо, ки ба ман барои шумо ато шудааст, шунидаед,
  3. Яъне чӣ тавр ба василаи ваҳй сире ба ман маълум шудааст, ки дар бораи он мухтасаран дар боло навиштаам,
  4. Ва шумо онро хонда, метавонед бифаҳмед, ки ман аз сирри Масеҳ чӣ қадар воқиф ҳастам.
  5. Он дар наслҳои пешина ба банӣ-одам маълум нашуда буд, чунон ки ҳоло ба ҳаввориёни муқаддаси Ў ва ба анбиё ба василаи Рўҳ ошкор шудааст,
  6. Ки халқҳо ҳамирси Исроил ва андоми ҳамон ҷисм ва шарикони ваъдаи онҳо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ҳастанд.
  7. Ман бар тибқи бахшоиши файзи Худо, ки ба ҳасби амали қуввати Ў ба ман ато шудааст, хизматгузори он гардидаам.
  8. Агарчи ман хурдтарини ҳамаи муқадасонам, ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам.
  9. Ва ба ҳама равшан намоям, ки чист ваколати сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард,
  10. То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад,
  11. Мувофиқи таъиноти азалӣ, ки онро Ў дар Худованди мо Исои Масеҳ ба амал овардааст,
  12. Ки ба василаи Ў ва ба воситаи имони мо ба Ў иҷозат дорем бо ҷасорату эътимод наздик шавем.
  13. Ба ин сабаб хоҳишмандам, ки аз боиси азобе ки ман аз барои шумо дорам, маъюс нашавед, ки он фахри шумост.

Дуои  ҳавворӣ  дар  бораи  калисо  ба хотири  файзи  фаровони  Худо.

  1. Биноабр ин ман зону мезанам назди Падари Худованди мо Исои Масеҳ,
  2. Ки аз Ў ҳар хонавода дар осмон ва бар замин ном мегирад,
  3. Ва илтимос мекунам, ки Худо бар тибқи сарвати ҷалоли Худ ато фармояд, ки шумо бо Рўҳи Ў дар одами ботин қавӣ ва мустаҳакам шавед,
  4. Ба тавре ки Масеҳ ба василаи имон дар дилҳои шумо сокин гардад,
  5. То ки шумо дар муҳаббат реша давонда ва устувор шуда, битавонед бо ҳамаи муқаддасон пай бурда дарк намоед, ки чист арзу тўл ва умқи баландии
  6. Муҳаббати Масеҳ, ки аз идрок болотар аст, то ки бо тамоми пурагии Худо пур шавед.
  7. Ўро, ки бо қуввате ки дар мо амал мекунад, қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад,
  8. Ўро дар Калисо ва дар Исои Масеҳ аз насл ба насл то абад ҷалол бод, омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s