Эфсӯсиён боби 2

Худо  бар  ҳасби  муҳаббати  бузурги  Худ  имондоронро  ба  воситаи  Хуни  Масеҳ  наҷот  медиҳад.

  1. Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед.
  2. Дар онҳо шумо муофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рўҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед.
  3. Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рўи шаҳвати ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем.
  4. Аммо Худои пур аз марҳамат, бар тибқи муҳаббати бузурге ки ба мо дорад,
  5. Моро, агарчи аз рўи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, бо файз шумо наҷот ёфтаед,
  6. Ва бо Ў моро бархезонд ва дар афлок дар Исои Масеҳ шинонд,
  7. То ки дар асрҳои оянда сарвари беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд.
  8. Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост,
  9. Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад.
  10. Зеро ки мо офаридаи Ў ҳастем ва дар Исои масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем.
  11. Пас, дар хотир дошта бошед, ки як вақте ба ҳаби ҷисм шумо халқҳо будед, ва касоне ки махтун номида мешаванд, шуморо номахтун меномиданд, вале хатнаи онҳо ҷисмонист ва бо даси инсон ба амал оварда шудааст;
  12. Дар он замон шумо бе Масеҳ, аз ҷамоати Исроил ҷудо ва нисбат ва аҳдҳои ваъда бегона будед, дар олами бе умед ва бе Худо будед.
  13. Аммо акнун, дар Исои Масеҳ, шумо, ки як вақте дур будед, бо Хуни Масеҳ наздик шудаед.

Ба  воситаи  Исо  яҳудиён  ва  халқҳо  иҷозат  доранд,  ки  ба  Падаре  ки  дар  осмон  аст,  наздик  шаванд.

  1. Зеро ки Ў осоиштагии мост, ки ҳар дуро як гардонд ва девори ҷудогиро, яъне адоватро дар Бадани Худ хароб кард,
  2. Ва шариати аҳкомро, ки аз амрҳо иборат буд, ботил намуд, то ки дар Худ аз ҳар ду як одами навро ба вуҷуд оварда, осоиштагӣ барқарор намояд,
  3. Ва ба воситаи салиб дар як ҷисм ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад ва адоватро бикушад.
  4. Ў ба шумо, ки дур будед, ва ба онҳое ки наздик буданд, омад, ва осоиштагиро башорат дод,
  5. Зеро ба воситаи Ў ҳар дуи мо иҷозат дорем, ки дар як Рўҳ ба Падар наздик шавем.
  6. Пас, шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо,
  7. Ва бар асоси ҳаввориён ва анбиё барқарор гардидаед, ки Худи Исои Масеҳ санги зовия аст.
  8. Бар Ў тамоми иморат маҳкам пайваст шуда, ба маъбади муқаддасе дар Худованд табдил меёбад,
  9. Ва бар Ў шумо низ бино меёбед, то ки дар Рўҳ маскани Худо бошед.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s