Эфсӯсиён боби 1

Ҷалол  додани  Худо  барои  сирри  нақшаи  абади  наҷоти  Ў,  ки  дар  Масеҳ  ба  амал  омадааст.

  1. Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории Масеҳ аст, ба муқаддасоне ки дар Эфсўс мебошанд ва дар Исои Масеҳ аминанд:
  2. Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
  3. Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки моро бо ҳар баракати рўҳоние ки дар афлок аст, дар Масеҳ баракат додааст,
  4. Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ў баргузидааст, то ки ба ҳузури Ў дар муҳаббати муқаддас ва беайб бошем.
  5. Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ, ба фарзандӣ қабул кунад,
  6. Барои ҳамду санои ҷалоли файзи Худ, ки ба мо дар Маҳбуби Худ бо саховатмандӣ бахшидааст.
  7. Дар Ў мо бо Хуни Ў фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ў пайдо кардаем,
  8. Ки онро Ў ба мо ба фаровонӣ ато намуда, ҳамроҳи ҳар ҳикмат ва хирадӣ
  9. Сирри иродаи Худро ба мо маълум кардааст, бар тибқи салоҳдиди Худ, ки пештар дар Ў барқарор намуд.
  10. Вақте ки пурагии замонҳо муяссар гардад, Худо ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ дар зами, зери сардории Масеҳ, яъне дар Ў ҷамъ хоҳад кард.
  11. Мо низ дар Ў, ки ҳама чизро бар тибқи азми иродаи Худ ба амал меоварад, мувофиқи таъиноти Ў пешакӣ муайян шуда будем.
  12. То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду сано ҷалоли Ў вуҷуд дошта бошем.
  13. Дар Ў шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидаед ва ба Ў имон овардаед, бо Рўҳулқудси мавъуд мўҳр зада шудаед,
  14. Ва то замоне ки мулки Худо боз харида шавад, Он гарави мероси мост барои ҳамду санои ҷалоли Ў.

Сарвати  беҳадди  мероси  пур  аз  ҷалоли  Худо   барои  имондорон.

  1. Бинобар ин ман низ, вақте ки аз имони шумо ба Исои Масеҳ ва аз муҳаббати шумо ба ҳамаи муқаддасон хабардор шудам,
  2. Шукргузориро барои шумо бас намекунам ва шуморо дар дуоҳои худ ёд мекунам.
  3. То ки Худои Исои Масеҳи Худованди мо, Падари ҷалол рўҳи ҳикмат ва ваҳйро барои шинохтани Ў ба шумо ато намояд,
  4. Ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо бидонед, ки умеди даъвати Ў аз чӣ иборат аст, ва сарвари ҷалоли мероси Ў барои муқаддасон чӣ гуна аст,
  5. Ва бузургии қудрати Ў дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад барун аст. Он қудрат аз рўи амали қуввати азими Ўст,
  6. Ки дар Масеҳ амал кардааст, вақте ки Ўро аз мурдагон эҳьё намуд ва ба ямини Худ дар афлок шинонд.
  7. Болотар аз ҳар сарварӣ, ва ҳукуматдорӣ, ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар номе ки на танҳо дар ин олам балки дар олами оянда низ хонда мешавд,
  8. Ва ҳама чизро зери пойҳои Ў тобеъ намуд, ва Ўро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод,
  9. Ки он Бадани Ўст, пуррагии Ўст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s