Филиппиён боби 4

Машваратҳои  хотимавӣ.

  1. Пас, эй бародарони маҳбуб ва матлуби ман, эй шодмонӣ ва тоҷи сари ман, дар Худованд ҳамин тавр истодагӣ намоед, эй маҳбубон.
  2. Аз Авҳўдия илтимос мекунам ва аз Сунтихӣ илтимос мекунам, ки дар Худованд ҳамфикр бошанд.
  3. Аз ту низ, эй ҳамкори самимӣ, хоҳишмандам, ки ба ин занон кўмак бирасонӣ, ки онҳо дар роҳи башорат бо ман ва бо Қлимис ва бо ҳамроҳони дигарам, ки номашон дар дафтари ҳаёт аст, ҷидду ҷаҳд кардаанд.
  4. Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегўям: шод бошед.
  5. Бигзор фурўтании шумо ба ҳамаи одамон машҳур гардад; Худованд наздик аст.
  6. Ҳеҷ ғам нахўред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед,
  7. Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт.
  8. Хуллас, эй бародарон, ҳар он чи рост аст, ва ҳалол аст, ва боинсоф аст, ва пок аст, ва хушоянд аст, ва шоёни таҳсин аст, ва ҳар эҳсон ва ҳамде ки бошад, дар бораи онҳо фикр кунед.
  9. Он чи шумо дар ман омўхтаед, ва қабул кардаед, ва шунидаед, ва дидаед, онҳоро ба ҷо оваред, ва Худои осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.

Минатдории  ҳавворӣ   барои  саддақае  ки  ба  ў  фиристода  шудааст.

  1. Ва ман дар Худованд бағоят шод шудам, ки аҳлол шумо ғамхории худро дар ҳаққи ман аз нав ривоҷ додаед; пештар ҳам шумо ғамхорӣ менамудед, вале вазъият мусоидат намекард.
  2. На ин ки ба сабаби мўҳтоҷӣ мегуфта бошам; зеро ман ёд гирифтаам, ки бо он чи дорам, қаноат намоям:
  3. Дар камбағалӣ ҳам зиста метавонам, дар фаровонӣ ҳам; дар ҳар чиз ва дар ҳар ҷо аз сар гузаронидани серӣ ва гуруснагӣ, фаровонӣ ва камиро ёд гирифтаам;
  4. Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки моро қувват мебахшад.
  5. Лекин хуб кардед, ки дар андўҳи ман шарик шудед.
  6. Ва шумо, эй филиппиён, медонед, ки дар ибтидои башорат, вақте ки аз Мақдуния баромадам, ҳеҷ як калисо дар кори додану гирифтан бо ман шарикӣ накард, ба ғайр аз шумо;
  7. Ҳатто ба Таслўникӣ шумо як-ду карат барои эҳтиёҷоти ман фиристодед.
  8. На ин ки ман талабгори ҳадия бошам, балки толиби самаре ҳастам, ки ба фоидаи шумо биафзояд.
  9. Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бўи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрўдитус гирифтам.
  10. Ва Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо ба ҳасби сарвати ҷалоли Худ дар Исои Масеҳ пур хоҳад кард.
  11. Худо, Падари моро то абад ҷалол бод, омин.

Саломҳо.

  1. Ба ҳар як муқаддас дар Исои Масеҳ салом гўед. Бародароне ки бо ман мебошанд, ба шумо салом мегўянд.
  2. Ҳамаи муқаддасон, алалхусус аз хонаи қайсар ба шумо салом мегўянд.
  3. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод, омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s