Филиппиён боби 3

Огоҳонидан  аз  баргаштан  ба  ақидаи  яҳудиён  дар  бораи  сафедшавӣ ба  воситаи  аъмол. Бузургии   беҳади  дониши  Исо.

  1. Пас, эй бародаронам, дар Худованд шод бошед. Айни ҳамон нуқтаро ба шумо навиштанам барои ман гарон нест, лекин барои шумо қувватбахш аст.
  2. Аз сагон эҳтиёт шавед, аз коркунони бад эҳтиёт шавед, аз хатна эҳтиёт шавед;
  3. Зеро аҳли хатна моем, ки Худоро дар Рўҳ ибодат менамоем, ва бо Исои Масеҳ фахр мекунем, ва ба ҷисм эътимод надорем,
  4. Гарчанде ки маро асосе ҳаст ба ҷисм ҳам эътимод дошта бошам. Агар каси дигар гумон кунад, ки метавонад ба ҷисм эътимод дошта бошад, ман бештар,
  5. Ки ман дар рўзи ҳаштум махтун шудам, аз насли Исроил ҳастам, аз сибти Биньёмин, ибронӣ аз иброниён, аз ҷиҳати шариат фарисӣ,
  6. Аз ҷиҳати ғайрат таъқибкунандаи Калисо, аз ҷиҳати адолати шаръӣ беайб.
  7. Лекин он чи барои ман бартарӣ буд, ба хотири Масеҳ нуқсон донистам.
  8. Ва ҳанўз ҳамаашро ба хотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ў ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам.
  9. Ва дар Ў пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки бо он чи ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате ки аз Худо бар ҳасби имон аст,
  10. То ки Ўро, ба қуввати эҳьёи Ўро, ва ширкати уқубатҳои Ўро дарк намоям ва дар мамоти Ў ба Ў монанд шавам,
  11. Ба умеди он ки ба эҳьёи мурдагон бирасам.
  12. На ин ки аллакай расида бошам, ё комил шуда бошам, балки саъю кўшиш менамоям, ки шояд ман ҳам бирасам, чунон ки Исои Масеҳ ба ман расидааст.
  13. Эй бародарон, гумон намекунам, ки ман аллакай расида бошам, балки фақат як чизро мегўям: он чиро, ки дар қафост, аз хотир бароварда ва ба пеш ҳаракат карда,
  14. Ман сўи мақсаде шитоб менамоям, ки фарҷоми ғолбонаи даъвати Худост аз арши аъло дар Исои Масеҳ.
  15. Пас, ҳар касе аз мо, ки комил бошад, бояд ҳамин тавр фикр ронад; вале агар шумо фикри дигаре дошта бошед, Худо инро ҳам ба шумо ошкор хоҳад сохт.
  16. Аммо ба ҳар чи мо расидаем, аз рўи он бояд рафтор кунем.

Онҳое  ки  ба  таври  дуньёвӣ  фикр  мекунанд  ва  табааи  осмон  мебошанд.

  1. Эй бародарон, ба ман тақлид намоед ва ба касоне нигоҳ кунед, ки онҳо мувофиқи намунае ки дар мо доред, рафтор мекунанд.
  2. Зеро бисьёр касон, ки дар бораи онҳо ба шумо борҳо гуфтаам, ва ҳоло низ бо гирья мегўям, ҳамчун душманони салиби Масеҳ рафтор мекунанд;
  3. Фарҷоми онҳо ҳалокат аст, худои онҳо шикам аст, ва ҷалоли онҳо дар нанг аст: онҳо дар бораи чизҳои заминӣ фикр мекунанд.
  4. Лекин иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз он ҷо Исои Масеҳи Худовандро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем,
  5. Ки Ў ҷисми залили моро ба шабоҳати ҷисми ҷалили Ў бо амали ҳамон қуввате дигаргун хоҳад кард, ки бо он Ў ҳама чизро ба Худ тобеъ намуда метавонад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s