Филиппиён боби 2

Даъват  ба  ягонагӣ  ва  фармонбардорӣ.

  1. Пас, агар тасаллое дар Масеҳ бошад, агар хушнўдии муҳаббат бошад, агар алоқаи рўҳ бошад, агар марҳамат ва дилсўзӣ бошад,
  2. Пас шодии маро пурра кунед, ба тавре ки дорои як фикр бошед, дорои як муҳаббат буда, якдил ва ҳамфикр бошед,
  3. Аз рўи рақобат ё шўҳратпарастӣ ҳеҷ коре накунед, балки бо фурўтани якдигарро аз худ авло донед,
  4. Ва ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд.
  5. Зеро дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд,
  6. Ки Ў, бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт,
  7. Балки Худро кам дониста, ба сурати ғуломи даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд,
  8. Ва Худро фурўтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд.
  9. Бонобар ин Худо низ Ўро сарфароз кард ва ба Ў номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст.
  10. То ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад,
  11. Ва ҳар забон эътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст барои ҷалоли Худои Падар.

Ғамхорӣ  дар  бораи  наҷоти  ҷон.

  1. Пас, эй маҳбубонам, модоме ки шумо ҳамеша фармонбардор будед, аз ин рў на танҳо дар ҳузури ман, балки боз ҳам зиёдтар алҳол дар вақти набудани ман, бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред,
  2. Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷўҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад.
  3. Ҳар корро бе шиква ва шубҳа ба ҷо оваред,
  4. То ки бенуқсон ва пок, фарзандони беайби Худо бошед, дар миёни насли саркаш ва фосид, ки дар он шумо мисли найирҳо дар ҷаҳон медурахшед,
  5. Ва каломи ҳаётро нигоҳ доред, то ки ман дар рўзи Масеҳ фахр намоям, ки ман бар абас надавидаам ва бар абас меҳнат накардаам.
  6. Лекин, агар ман қурбонии рехтание бар қурбонӣ ва ибодати имони шумо шавам ҳам, аз ин шодам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам;
  7. Шумо низ аз ин шод бошед ва бо ман шодӣ кунед.

 Ба  зуддӣ  фиристодани  Тимотиюс  ва  фавран  баргардонидани  Эпафрўдитус.

  1. Ва дар Масеҳи Худованд умедворам, ки Тимотиюсро ба зуддӣ назди шумо фиристонам, то ки ман низ аз аҳволатон хабар ёфта, рўҳбаланд шавам.
  2. Зеро каси дигаре мисли ў надорам, ки дар бораи шумо аз самими қалб ғамхорӣ мекарда бошад;
  3. Чунки ҳама нафъи худро толибанд, на он чиро, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ дорад.
  4. Вале шумо бовафоии ўро медонед, чунки ў ба ман, мисли писар ба падар, дар башорат хизмат кардааст.
  5. Пас, умедворам, ки ўро дарҳол равона кунам, чун бубинам, ки аҳволи ман чӣ мешавад;
  6. Вале дар Худованд боварӣ дорам, ки худам низ ба зудӣ биёям.
  7. Аммо лозим донистам, ки Эпафрўдитусро назди шумо баргардонам. Ў бародар ва ҳамкор ва ҳамсафари ман аст, ва шумо ўро чун элчӣ ва хизматгузор дар мўҳтоҷии ман фиристоад будед.
  8. Чунки ў иштиёқманди дидори ҳамаи шумо буд ва бисьёр андўҳгин шуд аз он ки овозаи бемории ў ба гўши шумо расидааст.
  9. Ҳақиқатан бемории ў марговар буд; лекин Худо ба ў марҳамат кард, ва нафақат ба ў, балки ба ман низ, то ки бар ғуссаи ман ғуссае зам нашавад.
  10. Бинобар ин ба фиристодани ў шитоб намудам, то ки шумо ўро аз нав дида, хурсанд шавед, ва ғуссаи ман низ сабук гардад.
  11. Пас ўро дар Худованд бо камоли хурсандӣ пазироӣ намоед, ва чунин одамонро қадрдонӣ кунед.
  12. Зеро ки ў барои кори Масеҳ ба мурдан наздик буд ва ҷонашро дар зери хатар монд, то ки камии хизмати шуморо барои ман пур кунад.

© IBT 1992

Оставьте комментарий