Филиппиён боби 1

Масеҳ  ҳаёти  имондор  аст.

  1. Павлус ва Тимотиюс, ғуломи Исои Масеҳ, ба ҳама муқаддасон дар Исои Масеҳ, ки дар Филиппӣ мебошанд, бо усқуфон ва ходимон:
  2. Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
  3. Дар ҳар боре ки шуморо ёд мекунам, Худои худро шукр мегўям,
  4. Ҳамеша дар ҳар дуои худ барои ҳамаи шумо бо шодӣ дуо мегўям,
  5. Барои иштироки шумо дар башорат аз рўзи аввал то алҳол,
  6. Ва яқин дорам, ки Ў, ки дар шумо ба кори хайр шурўъ намудааст, онро то рўзи Исои Масеҳ ба анҷом хоҳад расонд,
  7. Чунон ки маро лозим аст дар бораи ҳамаи шумо ҳамин тавр фикр кунам, чунки шумо дар дили ман ҷойгир шудаед, ки ҳам дар занҷирҳоям ва ҳам дар муҳофизат ва барқарор кардани башорат ҳамаатон шарики ман дар файз ҳастед.

Шодие  ки  уқубатро  мағлуб  мекунад,  ба  башорат  мадад  мерасонад.

  1. Зеро Худо маро шоҳид аст, ки ман бо муҳаббати Исои Масеҳ иштиёқманди ҳамаи шумо ҳастам;
  2. Ва дар он хусус дуо мегўям, ки муҳаббати шумо дар дониш ва мулоҳизакорӣ торафт афзунтар гардад,
  3. То шумо дарк намоед, ки чӣ беҳтар аст, барои он ки дар рўзи Масеҳ пок ва беайб бошед,
  4. Ва аз самари адолат пур шавед, ки он ба василаи Исои Масеҳ барои ҷалол ва ҳамду санои Худост.
  5. Эй бародарон, мехоҳам шумо бидонед, ки саргузашти ман боиси пешрафти зиёдтари башорат гардидааст,
  6. Ба тавре ки занҷирҳои ман дар Исо ба тамоми сарбозхона ва ба ҳамаи дигарон машҳур шудааст,
  7. Ва аксарияти бародарон аз занҷирҳои ман дар Худованд устувор гардида, ба андозаи бештар ҷасорат мекуананд, ки каломи Худоро нотарс мавъиза намоянд.
  8. Дуруст аст, ки баъзе касон аз рўи ҳасад ва рақобат, ва баъзеи дигарон аз рўи хайрхоҳӣ Масеҳро мавъиза менамоянд,
  9. Баъзеҳо аз рўи рақобат, на бо дили соф Масеҳро мавъиза менамоянд, ба гунони он ки гаронии занҷирҳои маро афзун мекунанд,
  10. Вале дигарон аз рўи муҳаббат, чун медонанд, ки ман барои муҳофизат кардани башорат дар ин ҷо гузошта шудаам.
  11. Хайр, чӣ мешавад? Масеҳро ба ҳар тарз, риёкорона ё самимона, мавъиза намоянд ҳам, ман аз ин шодам, ва шодӣ хоҳам кард,
  12. Зеро медонам, ки ин боиси наҷоти ман хоҳад шуд, мувофиқи дуои шумо ва бо мадади Рўҳи Исои Масеҳ,
  13. Ва ман яқин дорам ва умедворам, ки дар ҳеҷ хусус шарманда нахоҳам шуд, балки бо камоли ҷуръат ҳозир ҳам, чунон ки ҳамеша буд, Масеҳ дар ҷисми ман бузургӣ хоҳад ёфт, хоҳ дар ҳаёт бошад, хоҳ дар мамот.
  14. Зеро ки барои ман ҳаёт Масеҳ аст, ва мамот фоида аст.
  15. Аммо агар ба ҳасби ҷисм дар ҳаёт буданам ба кори ман самаре мебахшида бошад, пас намедонам, ки кадомашро интихоб намоям.
  16. Ҳар дуяш ҳам маро ҷазб мекунад: орзу дорам, ки баромада равам ва ҳамроҳи Масеҳ бошам, чунки ин беандоза беҳтар аст;
  17. Валекин дар ҷисм монднам барои шумо заруртар аст.
  18. Ва ман аниқ медонам, ки хоҳам монд ва барои пешрафт ва шодии имони шумо бо ҳамаи шумо хоҳам буд,
  19. То ки ҳамду санои шумо дар Исои Масеҳ ба воситаи ман афзунтар шавад, чун бори дигар назди шумо биёям.

Даъват  ба  ҷидду  ҷаҳди  якдилона  барои  имони  Инҷил.

  1. Фақат ин ки муносиби башорати Масеҳ умр гузаронед, то ки ман хоҳ омада шуморо бинам, хоҳ аз шумо дур ошам дар бораи шумо бишнавам, ки шумо дар як рўҳ қоим буда, якдилона барои имони Инҷил ҷидду ҷаҳд менамоед,
  2. Ва дар ҳеҷ хусус аз душманон наметарсам, ки ин барои онҳо аломати ҳалокат аст, вале барои шумо аломати наҷот аст, ва ин аз ҷониби Худост,
  3. Зеро ба шумо ба хотири Масеҳ ато шудааст, ки ба Ў на танҳо имон оваред, балки барои Ў уқубат ҳам кашед,
  4. Бо ҳамон корномае ки шумо дар ман дидаед ва ҳоло дар бораи ман мешунавед.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s