Филемӯн боби 1

Таъсири  неки  Филемўн  ба  имондорон.

  1. Павлус, бандии Исои Масеҳ, ва Тимотиюси бародар, ба Филемўни маҳбуб ва ҳамкори мо,
  2. Ва ба Апияи маҳбуба, ва ба Архипуси ҳамсафари мо, ва ба калисое ки дар хонаи туст:
  3. Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
  4. Худои худро шукргузорӣ менамоям ва ҳамеша туро дар дуоҳои худ зикр мекунам,
  5. Чун дар бораи муҳаббати ту ба ҳамаи муқаддасон ва имоне ки ба Исои Худованд дорӣ, мешунавам,
  6. Дуои ман ин аст, ки муоширати имони ту чунон таъсирбахш бошад, ки беҳтар бидонӣ ҳар некие ки дар мо барои Исои Масеҳ мебошад, чист.
  7. Зеро ки мо аз муҳаббати ту шодӣ ва тасаллои бузурге пайдо кардаем, чунки ба туфайли ту, эй бародар, дилҳои муқаддасон осуда шудааст.

Шафоат  барои  Онисимуси  ғулом,  ки  аз  пеши  Филемўн  гурехта  буд,  вале  алҳол  ислоҳ  шудааст.

  1. Бинобар ин, агарчи дар Масеҳ ҷуръати зиёде дорам, ки вазифаатро ба ту амр фармоям,
  2. Аммо бештар аз рўи муҳаббат хоҳиш менамоям, гарчанде ки ман Павлуси пиронсол ва алҳол бандии Исои Масеҳ низ ҳастам,
  3. Аз ту дар хусуси фарзанди худ Онисимус хоҳиш менамоям, ки ўро дар вақте ки дар занҷирҳо буданам, ба дуньё овардаам,
  4. Ки як вақте ў барои ту муфид набуд, вале акнун ҳам барои ту муфид аст, ҳам барои ман; ўро назди ту бармегардонам,
  5. Ва ту ўро ҳамчун дили ман пазироӣ намо.
  6. Мехостам ўро назди худ нигоҳ дорам, то ки ба ҷои ту ба ман занҷирҳои башорат хизмат кунад.
  7. Лекин бе розигии ту нахостам коре бикунам, то ки амали неки ту на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ бошад.
  8. Зеро, шояд, ў барои он муваққатан аз ту ҷудо шуда бошад, ки ту ўро ба сурати абадӣ қабул кунӣ,
  9. Ва акнун на ҳамчун ғуломе, балки аз ғулом болотар, яъне ҳамчун бародари маҳбубе. Ў алалхусус барои ман, зиёдтар аз он ҳам барои ту, ҳам ба унвони ҷисм ва ҳам дар Худованд бояд маҳубу бошад.
  10. Пас, агар ту маро шарики худ бидонӣ, ўро мисли ман пазироӣ намо.
  11. Аммо агар ў осебе расонда бошад, ва ё чизе ба гарданаш дайн бошад, онро ба ман ҳисоб кун.
  12. Ман, ки Павлус ҳастам, бо дасти худ менависам: худам талофӣ хоҳам дод; ҳоло онро ба ту намегўям, ки ту барои вуҷудат низ мадьюни ман ҳастӣ.
  13. Бале, эй бародар, бигзор, ки аз ту дар Худованд хурсанд шавам: дили маро дар Худванд осуда намо.
  14. Ба умеди фармонбардории ту ман ба ту менависам, чун медонам, ки аз гуфати ман зиёдтар ҳам хоҳӣ кард.

Салом  ба  имондорон.

  1. Дар баробари ин барои ман хонае низ муҳайё бикун, зеро умедворам, ки ба ҳасби дуоҳоятон ба шумо ато хоҳам шуд.
  2. Эпафрос, ки бо ман ба хотири Исои Масеҳ бандӣ мебошад, ва Марқўс, ва Ористархус, ва Димос, ва Луқос, ки ҳамкорони мананд, ба ту салом мерасонанд.
  3. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рўҳи шумо бод. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s