Титус боби 3

Онҳое  ки  ба  Исои  бар  ҳасби  файз  имон  доранд,  ворисони  ҳаёти  ҷовидонӣ   шудаанд.

  1. Ба онҳо хотиррасон бикун, ки ба сарварон ва ҳукуматдорон фармонбардорӣ ва итоат намоянд, барои ҳар амали нек тайёр бошанд,
  2. Дар ҳаққи ҳеҷ кас бадгўӣ накунанд, ҷангара набошанд, балки сокит буда, ба ҳамаи одамон бо камоли фурўтанӣ рафтор намоянд.
  3. Зеро ки мо низ як вақте бемулоҳиза, беитоат, гумроҳ ва бандагони ҳавасҳо ва ҳаволатҳои гуногун будем, бо кина ва ҳасад умр ба сар мебурдем ва мутанаффири дигарон буда, аз якдигар нафрат доштем.
  4. Аммо вақте ки файз ва одамдўстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд,
  5. Ў моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рўҳулқудс аст.
  6. Онро бар мо ба воситаи Исои Масеҳи Наҷотдиҳандаи мо ба фаровонӣ бирехт,
  7. То ки мо, бо файзи Ў сафед шуда, ба ҳасби умед ворисони ҳаёти ҷовидонӣ гардем.
  8. Дуруст аст ин сухан, ва ман мехоҳам, ки ту дар он қоим бошӣ, то онҳое ки ба Худо имон овардаанд, саъю кўшиш намоянд, ки дар аъмоли нек мевафақият ёбанд: ин барои одамон хуб ва фоиданок аст.

Муносибат  ба  муаллимони  козиб.

  1. Валекин аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва насабномаҳо ва мунозира ва ҷанҷолҳои оид ба шариат рўй гардон, зеро ки онҳо бефоида ва ҳеҷу пуч мебошанд.
  2. Аз шахси бидъаткор, баъд аз он ки як-ду бор насиҳат додаӣ, канорагирӣ намо,
  3. Чун медонӣ, ки чунин шахс гумроҳ шудааст ва гуноҳ карда, худро маҳкум менамояд.

Супоришҳо  ва  саломҳо.

  1. Вақте ки Артемос ё Тўхикўс назди ту равона кунам, саъю кўшиш намо, ки ба Никўпўлис назди ман биёӣ, зеро ки қарор додаам зимистонро дар он ҷо гузаронам.
  2. Зеноси қонундон ва Апўллўсро бо ғамхорӣ ба сафар тайёр намо, то ки аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошанд.
  3. Бигзор одамони мо низ таълим гиранд, ки машғули аъмоли нек бошанд, то ки эҳтиёҷоти заруриро қонеъ намоянд ва бесамар набошанд.
  4. Ҳамаи онҳое ки бо мананд, ба ту салом мерасонанд. Ба онҳое ки моро дар имон дўст медоранд, салом расон. Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s