Титус боби 2

Вазифаҳои  унвонҳои  ҷудогона  дар  калисо:  пирамардон,  ҷавонон  ва  ғуломон.

  1. Валекин ту суханонеро, ки ба таълимоти солим муносиб аст, бигў.
  2. Ба пирамардон бигў, ки ҳушьёр, ботамкин ва боисмат буда, дар имон, муҳаббат ва тоқат солим бошанд;
  3. Ва пиразанон низ тавре рафтор кунанд, ки ба муқаддасон муносиб бошад, на ғайбаткунанда шаванд, на бандагони мастигарӣ, балки некиро таълим диҳанд,
  4. То ба ҷавонзанон ёд диҳанд, ки шавҳарон ва кўдакони худро дўст доранд.
  5. Боисмат, пок, ғамхори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳарон бошанд, мабодо каломи Худо хор дошта шавад.
  6. Ҷавононро низ насиҳат намо, ки боисмат бошанд.
  7. Дар ҳама чиз дар шахси худ намунаи аъмоли нек бош. Дар омўзгории худ покӣ, ботамкинӣ ва бенуқсониро зоҳир намо,
  8. Ва каломи солим ва беайбро кор фармо, то ки душман шарманда шуда, ҳеҷ чизи баде дар ҳаққи мо гуфта натавонад.
  9. Ғуломонро насиҳат намо, ки ба оғоёни худ мутеъ бошанд, дар ҳар хусус дили онҳоро ёбанд, эътироз накунанд,
  10. Ва дуздӣ накунанд, балки камоли вафои некро нишон диҳанд, то ки таълимоти Наҷотдиҳандаи мо Худоро аз ҳар ҷиҳат зебу оро диҳанд.

Қуввати  тарбиявии  файзи  Худо.

  1. Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст,
  2. Ва моро таълим медиҳад, ки маъсият ва шаҳвоти дуньёро рад намуда, дар ин дуньё бо исмат, адолат ва парҳезгорӣ зиндагӣ кунем,
  3. Ва мунтазири умеди муборак ва зуҳури ҷалоли Худои азим ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бошем,
  4. Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд.
  5. Инро бигў ва насиҳат бидеҳ ва бо тамоми қудрат мазаммат бикун, то ки ҳеҷ кас ба ту беэътиноӣ накунад.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s