Ибриён боби 8

Саркоҳини  абадӣ,  назар  ба  саркоҳинони  Аҳди  Қадим,  маснади  баландтаре  дорад;  Ў  Шафоатгари  Аҳди  Ҷадид  аст.

  1. Дар он чи гуфта шуд, чизи асосӣ ин аст: мо чунон Саркоҳине дорем, ки Ў ба ямини тахти Кибирё дар афлок нишастааст,
  2. Ва хизматгузори қудс ва хаймаи ҳақиқӣ мебошад, ки онро Худованд барпо кардааст, на одамизод.
  3. Зеро ки ҳар саркоҳин барои тақдим кардани ҳадия ва қурбониҳо таъин мешавад; бинобар ин лозим буд, ки Ў низ чизе барои тақдим кардан дошта бошад.
  4. Пас, агар Ў бар замин мемонд, коҳин ҳам намешуд, чунки дар ин ҷо коҳиноне ҳастанд, ки ба ҳасби шариат ҳадияҳо тақдим менамоянд,
  5. Ва онҳо ба сурат ва сояи чизҳои осмонӣ хизмат мекунанд, чунон ки ба Мусо гуфта шуда буд, вақте ки ў ба сохтмони хайма шурўъ менамуд:’’Бохабар бош’’, гуфта шудааст,’’ки ҳама чизро мувофиқи намунае ки дар болои кўҳ ба ту нишон дода шуд, ба амал оварӣ’’.
  6. Аммо алҳол Ў хизмати аълотаре пайдо кардааст ба андозае ки Ў миёнрави аҳди беҳтаре мебошад, ки он бар ваъдаҳои беҳтар барқарор гардидааст.
  7. Зеро, агар он аҳди якум бенуқсон мебуд, ҷое барои дигараш намеҷустанд.
  8. Зеро ки Худо онҳоро мазаммат намуда, мегўяд, ки Ман бо хонадони Исроил ва бо хонадони Яҳудо аҳди ҷадид хоҳам баст,
  9. ‘‘На чунон аҳде ки бо падарони онҳо баста будам дар рўзе ки дасташонро гирифтам, то онҳоро аз замини Миср берун оварам; чунки онҳо дар аҳди Ман қоим набуданд, ва Ман ба онҳо эътино накардам, мегўяд Худованд.
  10. Зеро ин аст аҳде ки бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, мегўяд Худованд: қонунҳои Худро дар афкори онҳо хоҳам гузошт ва дар дилҳои онҳо хоҳам навишт, ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.
  11. Ва касе ёри худро, ва касе бародари худро дигар таълим нахоҳад дод ва нахоҳад гуфт: Худовандро бишинос; чунки ҳама, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт;
  12. Чунки ба ноинсофиҳои онҳо шафаққат хоҳам кард ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард’’.
  13. Бо гуфтани’’аҳди ҷадид’’ Ў қадимагии аҳди якумро нишон дод; ва он чи қадима ва кўҳна аст, ба нестшавӣ наздик аст.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s