Ибриён боби 6

Имондорон  ба  воситаи  пурсабрӣ  вориси  ваъдаҳои  Худо  мегарданд.

  1. Бинобар ин, таълимоти ибтидоии Масеҳро монда, сўи камол шитоб кунем ва аз нав асос нагузорем ба тавба аз аъмоли беҷон ва ба имон ба Худо,
  2. Ба таълимоти оид ба таъмидҳо, оид ба гузоштани дастҳо, оид ба эҳьёи мурдагон ва оид ба доварии ҷовидонӣ.
  3. Ва инро ба амал хоҳем овард, ба шарте ки Худо изн диҳад.
  4. Зеро касоне ки боре фикрашон равшан шудааст, ва бахшоиши осмониро чашидаанд, ва шарикони Рўҳулқудс гардидаанд,
  5. Ва каломи неки Худо ва қувваҳои олами ояндаро чашидаанд,
  6. Ва ҷудо шуда афтодаанд, онҳоро аз нав ба роҳи тавба андохтан имконнопазир аст, зеро онҳо Писари Худоро ба зарари худашон боз маслуб мекунанд ва беобрў месозанд.
  7. Зеро замине ки борҳо борони бар он боридаро мехўрад ва барои онҳое ки онро кор мекунанд, набототи фоиданоке мерўёнад, аз Худо баракат меёбад;
  8. Вале замине ки хору хас мерўёнад, нобоб буда, ба лаънат наздик аст, ва фарҷоми он сўхтан аст.
  9. Аммо дар хусуси шумо, эй маҳбубон, мо яқин дорем, ки шумо дар ҳолати беҳтар ва ба наҷот наздике мебошед, гарчанде ки ин гуна сухан меронем.
  10. Зеро Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ў зоҳир намуда, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромўш кунад.
  11. Лекин орзумандем, ки ҳар яке аз шумо ҳамин ғайратро то ба охир нишон диҳед, то ки умедаатон комилан ҳосил шавад;
  12. То ки шумо танбал нашавед, балки ба касоне тақлид кунед, ки ба василаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо мегардад.
  13. Зеро, вақте ки Худо ба Иброҳим ваъда дод, азбаски ба каси бузургтаре наметавонист қасам ёд кунад, ба Зоти Худ қасам ёд кард
  14. Ва гуфт:’’Ҳақиқатан туро бисьёр баракат хоҳам дод ва туро бағоят афзун хоҳам кард’’.
  15. Ва Иброҳим бо пурсабрии худ ба он ваъда ноил гардид.
  16. Зеро ки одамон бо он чи бузургтар аст, қасам ёд мекунанд, ва қасам исботест, ки ба ҳама мунозираи онҳо хотима медиҳад.
  17. Бинобар ин Худо, ки мехост тағьирнопазирии иродаи Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд,
  18. То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурўғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзўре бошад.
  19. Он умед барои ҷон мисли лангари боэътимод ва мустаҳакам аст, ва андаруни парда дохил мешавад,
  20. Ки ба он ҷо пешгузаштаи мо Исо дохил шуда, то абад Саркоҳин гардид ба монанди Малкисодақ.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s