Ибриён боби 5

Масеҳ  Саркоҳин  аст  ба  монанди  Малкисодақ.

  1. Зеро ҳар саркоҳине ки аз миёни одамон интихоб шудааст, барои одамон ба хизмати Худо гузошта мешавад, то ки барои гуноҳҳо ҳадия ва қурбониҳо тақдим кунад,
  2. Ки вай метавонад ба ҷоҳилон ва гумроҳон ғамхорӣ намояд, чунки худаш низ гирифтори заъф аст,
  3. Ва ба ин сабаб бояд ҳам барои қавм ва ҳам барои худаш қурбонии гуноҳҳоро тақдим кунад.
  4. Ва ҳеҷ кас худ аз худ ин мартабаро соҳиб намешавад, балки фақат вақте ки аз ҷониби Худо даъват шавад, чунон ки Ҳорун низ.
  5. Ҳамчунин Масеҳ низ ҷалоли Саркоҳинро Худаш аз они Худ накардааст, балки Он ки ба Ў гуфтааст:’’Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрўз Падари Ту шудаам’’;
  6. Чунон ки дар ҷои дигар низ мегўяд:’’Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ’’.
  7. Дар айёме ки Ў дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ўро аз мамот наҷот диҳад, бо фиғони пурзўр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррўъ намуд, ва ба хотири таъзиму такрими Худ иҷобат карда шуд,
  8. Ва агарчи Писар буд, ба василаи уқубатҳо ба итоат омўхта шуд,
  9. Ва камол ёфта, барои ҳамаи мутеони Худ сабабгори наҷоти ҷовидонӣ гардид,
  10. Ва Худо Ўро Саркоҳине ба монанди Малкисодақ ном ниҳод.

Дар  бораи  норасогии мийяи  шунавандагон.

  1. Дар ин хусус мебоист бисьёр сухан мерондем, лекин фаҳмондани он душвор аст, чунки гўшҳои шумо вазнин шудааст.
  2. Зеро, мувофиқи дарозии замон, мебоист шумо муаллим мешудед, лекин аз нав ба шумо асосҳои аввалини каломи Худоро таълим додан лозим меояд, ва барои шумо шир даркор аст, на ғизои сахт.
  3. Зеро ҳар кӣ ширхўр аст, аз каломи адолат бехабар аст, чунки кўдак аст;
  4. Вале ғизои сахт барои касонест, ки ба камол расидаанд, ки ҳиссиёташон ба василаи малака ба фарқ кардани неку бад омўхта шудааст.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s