Ибриён боби 4

Оромие  ки  дар  каломи  Худо  дар  Аҳди  Қадим  ваъда  карда  шуда  буд,  ҳоло  ба  воситаи  Масеҳ  ба  қавми  Худо  ошкор  шудааст.

  1. Пас, дар сурате ки ваъдаи дохилшавӣ ба оромии Ў ҳанўз боқист, мо хавотир хоҳем дошт, мабодо маълум гардад, ки касе аз шумо муваффақ нашудааст.
  2. Зеро ки башорат ба мо низ, чунон ки ба онҳо, мавъиза карда шуд; аммо ба онҳо каломе ки шуниданд, фоидае набахшид, чунки бо имони шунавандагон напайвастанд.
  3. Зеро мо, ки имон овардаем, ба он оромӣ дохил хоҳем шуд, чунон ки Ў гуфтааст:’’Ман дар ғазаби Худ қасам хўрдам, ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд’’, гарчанде ки корҳои Ў аз хилқати олам анҷом ёфта буд.
  4. Зеро ки дар ҷое дар бораи рўзи ҳафтум чунин гуфта шудааст:’’Ва Худо дар рўзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ ором гирифт’’.
  5. Ва боз дар ин ҷо:’’Онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд’’.
  6. Пас, дар сурате ки баъзе касон имконият доранд ба он дохил шаванд, вале онҳое ки башорат барояшон пештар мавъиза карда шуд буд, аз боиси беитоатӣ дохил нашуданд,
  7. Боз Ў рўзеро муайян намуда, баъд аз муддати дуру дарозе ба воситаи Довуд’’имрўз’’ мегўяд, чунон ки дар боло гуфта шудааст:’’Имрўз, агар овози Ўро бишнавед, дилҳои худро сахт накунед’’.
  8. Зеро, агар Еҳушаъ ба онҳо оромӣ медод, баъд аз ин дар бораи рўзи дигар сухан ронда намешуд.
  9. Пас, барои қавми Худо боз оромии шанбе боқӣ мемонад.
  10. Зеро, касе ки ба оромии Ў дохил шудааст, худаш низ аз корҳои худ ором гирифтааст, чунон ки Худо аз корҳои Худ.
  11. Пас, саъю кўшиш намоем, ки ба он оромӣ дохил шавем, мабодо касе гирифтори он беитоатии ибратомез шуда, фурў ғалтад.
  12. Зеро ки каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рўҳ, буғумҳо ва иликҳо рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад.
  13. Ва ҳеҷ махлуқе нест, ки аз Ў ниҳон бошад, балки ҳама чиз пеши чашмони Ў бараҳна ва ошкор аст: ба Ў ҳисобот хоҳем дод.

Масеҳ,  ҳамчун  Саркоҳини  ҳақиқӣ,  аз  ҷониби  Худо  таъин  шудааст; Ў  аз  Ҳорун  болотар  аст.

  1. Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ў Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем.
  2. Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсўзӣ намояд, балки Ў монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васаваса шуд, вале гуноҳ накард.
  3. Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем.

© IBT 1992

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s