Ибриён боби 3

Бартарии  Исо  аз  Мусо.

  1. Пас, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонӣ шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо Исои Масеҳ назар дўзед,
  2. Ки Ў ба Он ки Ўро таъин намуд, амин буд, чунон ки Мусо низ дар тамоми хонаи Ў амин буд.
  3. Зеро Ў нисбат ба Мусо сазовори ҷалоли бештаре гардид, чунки меъмори хона, назар ба худи хона, эҳтироми бештаре дорад;
  4. Зеро ки ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост.
  5. Ва Мусо дар тамоми хонаи Ў мисли хизматгузор амин буд, то шаҳодат диҳад дар бораи чизҳое ки дар оянда бояд гуфта шавад.
  6. Аммо Масеҳ мисли Писар аст бар хонаи Ў; ва хонаи Ў мо ҳастем, ба шарте ки ҷуръат ва фахри умедро то ба охир боматонат нигоҳ дорем.

Мисоли  Исроили  замони  Мусо  аз  шахшудамондагӣ  ва  якравӣ  огоҳ  менамояд.

  1. Бинобар ин, чунон ки Рўҳулқудс мегўяд:’’имрўз агар овози Ўро бишнавед,
  2. Дилҳои худро сахт накунед, мисли замони ошўб, мисли рўзи озмоиш дар биёбон,
  3. Ки дар он ҷо падарони шумо Маро озмуданд; Маро имтиҳон крданд, агарчи аъмоли Маро чил сол дида буданд.
  4. Ба ин сабаб бар ин насл дарғазаб шудам ва гуфтам: ҳамеша дилашон гумроҳ мешвад, ва роҳҳои Маро нафаҳмидаанд;
  5. Ва Ман дар ғазаби Худ қасам хўрдам, ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд’’.
  6. Эй бародарон, бохабар бошед, ки касе аз шумо дили шарир ба беимоне ки аз Худои Ҳай рўй мегардонад, надошта бошад,
  7. Балки якдигарро ҳар рўз насиҳат диҳед, то даме ки’’имрўз’’ гуфта мешавад, ки касе аз шумо ба фиребҳои гуноҳ афтода, сахтдил нашавад.
  8. Зеро ки мо шарикони Масеҳ гардидаем, ба шарте ки асоси эътимоди худро то ба охир боматонат нигоҳ дорем,
  9. Чунон ки гуфта мешавад:’’Имрўз, агар овози Ўро бишнавед, дилҳои худро сахт накунед, мисли замони ошўб’’.
  10. Зеро киҳо буданд, ки шунида, ошўб бардоштанд? Оё на ҳамаи онҳое ки ба туфайли Мусо аз Миср берун омада буданд?
  11. Ва бар киҳо Ў чил сол дар ғазаб шуд? Оё на бар осиёне ки ҷасадҳошон дар биёбон фурў ғалтид?
  12. Ва дар ҳаққи киҳо Ў қасам хўрд, ки ба оромии Ў дохил нахоҳанд шуд? Оё на дар ҳаққИ онҳое ки беитоатӣ карданд?
  13. Ва мо мебинем, ки онҳо аз боиси беимонӣ натавонистанд дохил шаванд.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s