Ибриён боби 13

Пандҳо  ва  баракоти  хотимавии ҳаворӣ  барои  имондорон.

  1. Бигзор бародардўстӣ барқарор бошад.
  2. Меҳмоннавозиро фаромўш накунед, зеро ки ба воситаи он баъзе касон, нодониста, фариштагонро меҳмоннавозӣ кардаанд.
  3. Бандиёнро ба ёд оваред, гўё ки шумо низ бо онҳо дар занҷирҳо бошед, ва ситамкашонро, мисли он ки худатон бо онҳо як ҷисм мебошед.
  4. Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойхоби он беайб; зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард.
  5. Хулқатон аз зарпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро ки Худи Ў гуфтааст:’’Туро тарк нахоҳам кард в туро нахоҳам партофт’’.
  6. Бинобар ин мо метавонем далерона бигўем:’’Худованд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?’’
  7. Сардорони худро, ки каломи Худоро ба шумо мавъиза кардаанд, ба ёд оваред: ба анҷоми рафтори онҳо назар карда, ба имонашон тақлид намоед.
  8. Исои Масеҳ дирўз ва имрўз ва то абад айни ҳамон аст.
  9. Ба таълимоти гуногун ва бегона моил нашавед; зеро хуб аст, ки дилҳо бо файз қавӣ гардад, на бо таомҳо, ки аз онҳо касони пурхўр манфиате надидаанд.
  10. Мо қурбонгоҳе дорем, ки хизматгузорони хайма ҳақ надоранд аз он чизе бихўранд.
  11. Ҷасади ҳайвоноте ки хунашонро саркоҳин барои кафорати гуноҳ ба қудс меоварад, берун аз бошишгоҳ сўзонда мешавад,
  12. Бинобар ин Исо низ, барои он ки одамонро бо Хуни Худ тақдис намояд, берун аз дарвоза уқубат кашид.
  13. Пас, хории Ўро бардошта, берун аз бошишгоҳ сўи Ў бароем;
  14. Зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷў менамоем.
  15. Бинобар ин ҳамеша ба василаи Ў қурбонии шукронаро ба Худо тақдим менамоем, яъне самараи лабҳоеро, ки ба исми Ў ҳамду сано мехонанд.
  16. Инчунин инсондўстӣ ва саховатро аз хотир набароред, зеро ки ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меояд.
  17. Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехўранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадор мебошанд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодӣ ба ҷо оварданд, на бо оҳу нола, зеро ки ин барои шумо фоиданок нест.
  18. Дар ҳаққи мо дуо гўед; зеро яқин медонем, ки виҷдони нек дорем, чунки дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем.
  19. Ва махсусан ба ҷо овардани инро илтимос менамоям, то ки ман зудтар назди шумо баргардонида шавам.
  20. Ва Худои осоиштагӣ, ки Чўпони бузурги гўсгфандон-Исои Худованди моро ба хуни аҳди абадӣ аз мурдагон ба по хезонд,
  21. Бигзор шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои иродаи Ў комил гардонад ва он чи ба Ў писандида бошад, дар шумо ба василаи Исои Масеҳ ба амал оварад, ки Ўро то абад ҷалол бод! Омин.
  22. Аз шумо, эй бародарон, илтимос менамоям, ки ин каломи насиҳатро қабул кунед, зеро ки ба шумо мухтасар низ навиштаам.
  23. Бидонед, ки бародари мо Тимотиюс озод шуд; ва агар ў зуд биёяд, ҳамроҳи ў ба дидани шумо хоҳам омад.
  24. Ба ҳамаи сардорони худ ва ба ҳамаи муқаддасон салом расонед. Итолиявиён ба шумо салом мерасонанд.
  25. Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.

© IBT 1992

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s